ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТУҲФАИ ТАҚДИР

ТУҲФАИ ТАҚДИР

17 сентябр 2024, Сешанбе
4
0
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан ҳамчун  Хуршеди дурахшон ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва, аз ҳама муҳим, сулҳу суботи сартосарӣ ва  осоиштагиро ҳадия кард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз қадамҳои файзбори истиқлолият буд, ки Ватани азизамонро ба як макони беназир, ҷолибу дилфиреб ва сайру саёҳат табдил дод. 
Мусаллам аст, дар таърихи халқҳои олам поягузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ  падидаи камтакрору беназир аст, ки дар рӯзгори наслҳои олам хеле кам муяссар шудааст. Хушбахтона, бахт ба рӯи мардуми тоҷик дигарбора хандид, ҳақиқат ғалаба кард, орзуи бисёрсолаи халқ гашт, сулҳу сафо тантана намуд. Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) “Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул намуд. Тибқи ин қарор, рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 чун санаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гашт. Месазад, ки ин туҳфаи гаронарзиши тақдирро бо ҳодисаи таърихии дигар – Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақдири миллатро ҳал намуд, тавъам номид. Зеро фарзонафарзанди баори миллат, поягузори давлати навин, ҳомии бахту саодат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии ин давлати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаро ба зимма гирифтанд. Ин шахсияти барҷаста, сиёсатмадори варзида, роҳбари оқилу дурандеш тавонистанд, давлати навбунёдро то ба ин ҳадде, ки имрӯз ҳаст, бирасонанд. Чунки ҳадафи ягонаи ин Роҳбари нексиришт дар зери парчами саодату субот муттаҳид намудани мардум ва ободиву пешрафти Ватан буд.
 Ҳамаи дастовардҳо, рушду нумӯи ҷумҳурӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногун ба фаъолият, заҳмати шабонарӯзӣ ва кӯшишу талошҳои пайвастаи ин фарзанди фарзонаи миллат вобастагии зиёд дорад. Бешак, имрӯз ба шарофати истиқлоли кишвар ва саъю талошҳои Сарвари давлат мамлакати моро дар арсаи байналмилалӣ хуб мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни аҷдоди мо арҷ мегузоранд. Муаррифии халқу миллату давлат дар сатҳи ҷаҳониву башарӣ низ кори саҳл нест.
33-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн гирифтем. Тавре ҳамагон шоҳидем, ҳамасола истиқболи ин Ҷашни накуву фархундапай бо як қатор навгониҳои чашмрас, корҳои ободонию созандагӣ ба анҷом мерасад. Боиси сарфарозист, ки мардуми заҳматқарину ватандӯсти кишвар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дастаҷамъона пайи ободии Ватани хеш қарор доранд. Ин аст, ки ҳар сол таҳти шиори “Истиқбол аз Истиқлол” кӯшиш мекунанд, то як гӯшаи ноободи диёри хешро обод намоянд, иншооти наве созанд, роҳҳои валангору касногузареро таҷдиду барқарор созанд, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияеро гулпӯшу сабзазор гардонанд, боғу токзоре бунёд созанд. Албатта, ин ҳама ба шарофат ва файзи қадами истиқлол, ҳамзамон, бо иқдомҳои хирадмандонаи Роҳбари дилсӯзу ғамхор, наҷотбахши миллат  Эмомалӣ Раҳмон амалӣ  мешавад. 
Ин аст, ки Пешвои миллат дар ҳар як вохӯрӣ ва суханрониҳои пурмуҳтавои худ аз гиромидошт ва ҳифзи сулҳу истиқлол сухан гуфта, таъкид мекунанд, ки  рушди кишвари мо аз баракати муқаддастарин неъмат – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст. Бо назардошти ин, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, обу хоки муқаддаси ин сарзамини ба ҷон баробар, ҳифзи ин марзу бум ва табиати дилрабою нотакрори Тоҷикистони муқаддасу азиз вазифаи ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад. Ба таъкиди Пешвои миллат: “Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон бехиёнат ҳимоя кунед!”.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.09.2024 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив