ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ.  СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА НИЗОМИ  ЭЛЕКТРОНИИ ҚАБУЛ БА СИНФИ ЯК

ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ.  СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА НИЗОМИ  ЭЛЕКТРОНИИ ҚАБУЛ БА СИНФИ ЯК

01 август 2024, Панҷшанбе
33
0
30-юми июли соли равон дар Литсейи №4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба қабули хонандагон ба синфи як тавассути барномаи электронии “eDonish” баргузор шуд, ки дар он сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди сарраёсати маорифи шаҳр Зафар Муродзода, маъмурони барномаи электронии “eDonish”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуданд.
Чорабиниро Баҳром Исмоилзода ифтитоҳ карда, доир ба дастовардҳои барномаи электронии “eDonish” ва имкониятҳои нави он изҳори назар намуд. Таъкид шуд, ки бо ҳидоят ва дастури бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таълимӣ тавассути барномаи электронии “eDonish” амалӣ мешавад. Ин иқдом дар доираи тадбирҳо ҷиҳати гузариш ба таҳсилоти рақамӣ амалӣ шуда, барои гузаштан ба низоми электронии таҳсилоти қадамӣ муҳим ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе давоми фаъолияти худ натиҷаҳои хуб нишон дод. Барнома имкониятҳои васеъ дошта, барои гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ заминаи мувофиқ фароҳам сохтааст.
Дар идома аз ҷониби мутахассисон имконияти нави барнома - қабули хонандагони синфҳои 1 муаррифӣ гашт. Дар семинар ба маъмурон ва масъулон тарзи кор бо низоми электронӣ, тартиби амалисозии он қадам ба қадам омӯзонда шуд.
Дар фарҷом мутасаддиён муваззаф гардиданд, ки раванди қабули хонандагони синфи якро зери назорати доимии худ қарор диҳанд.
 
Басона САТТОРЗОДА, «Ҷумҳурият» 
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив