ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АЗ РОЗҲОЕ, КИ ГОҲЕ БИГӮЯНД ВА ГОҲЕ НАГӮЯНД»

«АЗ РОЗҲОЕ, КИ ГОҲЕ БИГӮЯНД ВА ГОҲЕ НАГӮЯНД»

06 июн 2023, Сешанбе
16
0

Китоби навбатии нависандаи номвари тоҷик Шераки Ориён доир ба розҳои ошкору ниҳони зиндагиву зиндагон аст. Розҳое, ки онҳоро гоҳе бигӯянд ва гоҳе нагӯянд. Асар даричаи басо асрору муъҷизаҳоро ба рӯи шумо боз мекунад.

Китоб бо сарпарастии ихлосманди эҷодиёти муаллиф Муборак, ки шаҳрванди кишвари Дания мебошад, ба табъ расидааст. Баъди чанде бо ҳуруфи арабиасоси форсии ниёгон низ баргардон ва нашр хоҳад шуд. Аз ин китоб чанд пора пешкаши ташнагони каломи бадеъ мегардад, зеро мушк он ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд.
Мурдан чизи аз ҳама осон. Душвортарин чиз зистан бошад. Зистан миёни маргҳои ҳаррӯза. Ҳар рӯзе, ки орзую нияту умедҳоятро мекушад ва мекушанд. Интизорию интизориҳоятро низ.
Мурдан чизи душвор нест! Он ҳамагӣ дар чанд лаҳза фаро мерасад. Душвортарин чиз ин зистан бошад. Зистани шоиста миёни маргҳо ва маргрезиҳо ва маргхезии ҳамарӯзаю ҳамасола.

Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.06.2023 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив