ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

БАРҚИЯҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

10 январ 2024, Чоршанбе
9
0


3-юми январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония муҳтарам Нарухито барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Хабари заминларзаи шадид дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ гардидааст, муҷиби андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин мусибати гарон, ба Шумо, мардуми дӯсти Япония ва пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардиву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
3-юми январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония муҳтарам Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари заминларза дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки талафоти инсонӣ ва хисороти зиёди молӣ бар ҷой гузоштааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин мусибати гарон, ба Шумо, мардуми дӯсти Япония ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам».
4-уми январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷиабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ҳамдардӣ ва таслияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони ҷонбохтагон иброз менамоям.
Аз Худованди мутаол барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша терроризмро дар ҳама гуна зуҳуроташ шадидан маҳкум намуда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид мекунад».

Санаи нашр: 05.01.2024 №: 4
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив