ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ 

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ 

12 март 2024, Сешанбе
21
0


11-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро расонам. Мо сатҳи имрӯзаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баланд арзёбӣ менамоем.
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши минбаъдаи онҳо бар пояи арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ, руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар бори дигар таъкид намоям. Дар ин зимн, муколамаи фаъоли байнидавлатии сатҳи олӣ ва баландро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст медонем. 
Бовар дорам, ки мо тавассути саъю талошҳои якҷоя мазмуну муҳтавои муносибатҳои кишварҳоямонро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн боз ҳам ғанӣ гардонда, рушд хоҳем дод. 
Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комилу беҳрӯзӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон дастовардҳои навин, ба мардуми бародари Покистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзумандам».

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив