ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

27 май 2024, Душанбе
16
0
 
Ифтитоҳи МТМУ №85 дар деҳоти ба номи Исмат Шариф
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳу оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти нав ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шариф бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро ба истифода доданд. Бинои нави Муассисаи таълимӣ, ки  барои 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дуошёна буда, масоҳати умумии қитъаи замини он наздики 1, 64 гектарро дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар он дегхона, анбори сӯзишворӣ, ҳавзи оташхомӯшкунӣ ва таҷҳизоти барқтаъминкунӣ ҷойгиранд.  Мактаби нав дорои синфхонаҳои гуногун мебошад, ки онҳо бо компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузарондани озмоишҳо таъмин аст.
Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳниву ҷисмонии хонандагон, Муассиса дорои китобхона, синфхонаҳои шоҳмот, майдончаи варзиши замонавӣ  барои обутоби бадан, бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.
Дар гузашта хонандагон аз муассисаи таълимӣ танқисӣ ва барои таҳсил аз деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шариф ба дигар деҳа мерафтанд. Ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон дар деҳаи Шаҳбур ва бештар шудани талабот ба омӯзиши илмҳои замонавӣ заруратро барои бунёди чунин як муассисаи таълимӣ дучанд менамуд. Ҳаминро ба инобат гирифта, соли 2023 бунёди бинои нави МТМУ №85 бо ҷалби сармоя оғоз гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бунёди бино баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон ва  дар роҳи  худшиносиву  ватандӯстӣ ҳидоят намудани онҳо дастуру супоришҳо доданд. Бинои нави МТМУ №85 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ва дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд. Ифтитоҳи бинои нав дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифт. Фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки ҳавасмандии насли наврас дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои аз худ кардани илмҳои дақиқ бештар шавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Муассисаро барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд.
 
Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар деҳоти Корез
24-уми  май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15-уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд ёфт, ифтитоҳ намуданд.
Бино ба маблағи 35 миллион сомонӣ сохта шуда, дар масоҳати беш аз як гектар доман густардааст. Шароити муҳайёгардида имкон медиҳад, ки таълим дар як баст барои то 150 нафар сурат гирад ва дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шавад. Марказ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардид. Он аз бинои таълимии 4-ошёна ва хобгоҳи 4-ошёна иборат аст.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз ёфта, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расид. Баъди ба истифода додани Марказ 70 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки  дар Марказ, дар баробари омӯзиши касбҳои “Мутахассиси  коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбоби рӯзгор”, ҳамчунин, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.
Дар заминаи Марказ барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занон бунёди 3 маркази нави рушди малакаҳо дар назар аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мешаванд. Дар Маркази рушди малакаҳои касбӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Шароити фароҳамгардида дар Марказ имкон медиҳад, ки хоҳишмандон, қатъи назар аз синну сол, метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
Иншооти навбунёд бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дар он камераҳои назоратӣ насб мебошанд. Ҳамзамон, дар он маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 130 ҷойи хоб иборат аз 57 ҳуҷра ташкил шуд. Масоҳати қитъаи замини Марказ зиёда аз як гектарро дар бар мегирад. Дар Марказ омӯзиши малакаҳои касбӣ дар мувофиқа бо ассотсиатсияҳои соҳавӣ муайян шудаанд. Барномаҳои нави таълимӣ барои давраи кӯтоҳтар нисбат ба таълими муқаррарӣ барои гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ки имкони пардохти таълим ё сарфи вақти барои барномаи ТИКТО дар шакли рӯзона муқарраргардидаро надоранд, пешбинӣ мешавад. Барои ҳавасманд кардани бонувон ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст. Маоши омӯзгорон дар Марказ то 5500 сомониро ташкил медиҳад.
Машваратҳо оид ба таъминшавӣ бо кор бо истифодаи таҷҳизоти таҷдидшудаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) ва нармафзор барои санҷиши қобилият пешниҳод гаштааст. Инчунин, дар саҳни бинои муосир майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд гардида, атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтаанд. Синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои ёрирасони он ба системаи гармидиҳӣ пайвастанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд, ба масъулон барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки чунин марказҳои муҷаҳҳази касбомӯзӣ дар саросари кишвар бояд бунёд шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби шарикони рушд хуб пазируфта шуд.
 
Муаррифии лоиҳаи бунёди филиали ДБССТ 
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди  филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) санги асос гузоштанд.
 Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нақшаи  бунёди филиали ДБССТ:  як  бинои  9-ошёна,  ду бинои  7-ошёна  ва  ду  бинои  4-ошёна  муаррифӣ шуд. Зимни  муаррифии  лоиҳаи  сохтмон, иттилоъ доданд, ки бунёди иншоот талаботи замон мебошад. Ин иншооти нави соҳаи маориф барои 3500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шуда, баробари ба истифода додани он, дар марҳалаи аввал 400 нафар бо кор таъмин мегардад. Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро дода мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ, филиал аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ-электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзиш, ошхона ва иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар хобгоҳи филиали ДБССТ барои 2500 донишҷӯ шароити муосир фароҳам оварда мешавад. Маҷмааи нави соҳаи илму маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бо истифода аз технологияи “сабз” сохта мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншоот ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди бунёди он супоришҳои мушаххас доданд.
 
Маркази саломатии бисёрсоҳа 
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Маркази саломатии бисёрсоҳаро ифтитоҳ намуданд.
Маркази саломатии бисёрсоҳа дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя аз маблағҳои Бонки исломии рушд ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти соҳаи тандурустӣ дар масоҳати наздики як гектар бунёд ёфта, аз 153 ҳуҷраи корӣ, 3 дорухона, 5 ҳуҷраи ҷарроҳӣ, нуқтаи дандонпизишкӣ бо технологияи нав, 40 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ иборат аст. Толори маҷлис дар ошёнаи шашум ҷойгир буда, дорои 114 ҷойи нишаст мебошад.
Айни замон дар Маркази саломатии бисёрсоҳа 475 корманд фаъолият дошта, аз нисф зиёди онро занон ташкил медиҳанд, ки ин самараи татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии бонувон ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад. Иншоот ба низоми мустақили гармидиҳӣ пайваст аст. Саҳни беморхонаро дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва намудҳои гуногуни гулҳои мавсимию ороишӣ зебу зинат мебахшанд. Маркази саломатӣ аз се қисм иборат буда, биноҳои канорӣ 6-ошёнагӣ ва бинои марказӣ ҳафтошёна мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорону муҳандисон барои бо сифати баланд бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос намуданд. Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ба сокинони ноҳияи Данғара ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он сохта шуда, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалист. Маркази саломатӣ дорои имкониятҳои маҷмуии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 700 эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ мерасонад. Марказ дорои таҷҳизоти тиббиест, ки бо ташхиси хун бештар аз 30 намуди бемориро муайян мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 26-уми апрели соли 2023 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Марказ шинос шуда, ба коргарону мутахассисон ҷиҳати анҷоми сифатноки корҳо супоришҳои мушаххас доданд. Шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ дар Маркази саломатии бисёрсоҳа муҳайё шудааст.
Ҷиҳати ташхиси дақиқи беморӣ дар беморхона дастгоҳҳои рақамии томографиву рентгенӣ насб гардидаанд. Барои расондани кумаки фаврии тиббӣ ба беморон воситаҳои нақлиёти махсуси муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ фаъолият мекунад. Ғайр аз ин, беморхона бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин буда, бақайдгирии электронии нишондоди беморон ва хулосаҳои ташхису машварати табибон тавассути шабакаи дохилӣ интиқол меёбад. Дар баробари ин, Марказ иқтидор дорад, ки минбаъд чун пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони тиббии вилоят ва кишвар хизмат намояд. Дар заминаи беморхона кафедраи фанҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ва татбиқи назария дар амалия ба роҳ монда шудааст.
Тибқи нақша, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, ошёнаи дуюм маъмурият ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ошёнаи сеюм ва чорум табибони соҳавӣ, ошёнаи панҷум маркази тавонбахшӣ ва синфхонаҳои таълимӣ ва ошёнаи шашум маҷлисгоҳ ҷойгиранд.   
Дар бино мутухассисони Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази иммунопрофилактика, Маркази бемориҳои сил, Маркази тропикӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, Маркази экспертизаи судӣ ва ғайра фаъолият дошта, бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъминанд. Дар Марказ барои ташхису табобати бемориҳои гӯшу бинӣ, чашм, гулу, қанд, дилу рагҳо, саратон, узвҳои даруна, гурда, руҳӣ, асаб, сироятӣ ва ғайра шароити муосир муҳайёст.
Мавриди тазаккур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтар гардид. Чунин дастовардҳоро кормандони соҳа аз шарофати сулҳу субот, ваҳдату истиқлоли давлатӣ ва сиёсати муваффақу боровари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунанд.
 
Мактаб-интернат дар деҳаи Ғарғара
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ карданд.
Иншооти муосир дуошёна буда, барои зиёда аз 600 таълимгиранда пешбинӣ шудааст ва аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониш иборат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи ятимон натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ояндаи ин қишри ояндасози Ватан арзёбӣ карданд.
Мактаб-интернат бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз муассисаҳои мададрасони арабӣ ва саҳмгузории фаъолонаи гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуд. Иншооти иҷтимоӣ дорои маҷлисгоҳ бо 266 ҷойи нишаст, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва толори варзиши барҳаво мебошад. Хонандагон метавонанд, дар баробари омӯзиши дарс, дар синфхонаҳои таълими меҳнат ҳунарҳои гуногунро аз худ намоянд. Татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки шароит барои таълиму тарбияи насли наврас ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад. Ҳамчунин, муассиса дорои хобгоҳи замонавӣ барои 200 нафар мебошад. Дар ҳар ҳуҷра барои зисти наврасон ва омода кардани дарсҳо имконияти замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, таълимгирандагон метавонанд дар хобгоҳ аз китобхона ва толори барҳаво барои мутолаа истифода намоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону наврасонро барои истифодаи муфид аз шароити муосири фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои дақиқ, донистани забонҳои хориҷӣ ва оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманди хештаншинос хизмат кардан ба нафъи давлату миллат вазифадор намуданд. Майдончаи футбол, боғи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, майсазор, роҳравҳои сафолакпӯш ва чароғҳои равшанидиҳанда атрофи муассисаро зебою назаррабо гардондаанд.
 
Ба истифода додани коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар» 
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғара коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ин ҷо   ба  Сарвари  давлат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони коргоҳи  «Мушки Модар» дар масоҳати 30 садяк моҳи марти соли 2023 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ оғоз гардида, моҳи майи соли равон ба анҷом расид. Дар коргоҳи истеҳсолӣ таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, раванди истеҳсолот бо навтарин технология иҷро мешавад.
Коргоҳи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар фазои мусоиди соҳибкорӣ  бунёд ёфт. Дар коргоҳи мазкур зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт. Коргоҳи мазкур дар як рӯз имкон дорад, ки беш аз 2 тонна маҳсулоти гуногун, аз ҷумла собун ва намудҳои гуногуни моеи зарфшӯӣ, истеҳсол намояд. Маҳсулоти коргоҳ ивазкунандаи воридот буда, дар шароити деҳот иқдоми наҷибу созанда ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти коргоҳи навбунёд баҳои баланд дода, ба соҳибкорону кормандон ҷиҳати зиёд гардондани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти ватанӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
 
Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Усто Файзалӣ» 
24-уми май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усто Файзалӣ”-ро ба истифода доданд.
Фаъолияти коргоҳи саноатӣ дар асоси технологияи нав ба коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли мебел равона шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд. Технологияи корхона аз Туркия ва Чин ворид гашта, минбаъд мизу курсӣ ва ҷевони китоб бо андозаҳои гуногун истеҳсолу ба харидорон пешниҳод мешавад. Ҳамзамон, намудҳои гуногуни маҳсулоти тайёр барои истифода дар шароити хона ва ҳуҷраҳои корӣ сохта мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти истеҳсолиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар деҳот муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва мутахассисонро ба истифодаи муфид аз технологияи муосир ва истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир ҷалб намуданд.
Технологияи муосири ҶДММ “Усто Файзалӣ” имкон медиҳад, ки дару тиреза ва дигар намуди маҳсулот мувофиқ ба дархости мизоҷон бо андоза ва нақшу нигори гуногун истеҳсол шавад. Таҷрибаи кандакорӣ дар чӯб бо истифода аз технологияи муосир дар такя ба таҷрибаи устоҳои мардумӣ мутобиқ ба талабот  равнақ дода мешавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи маҳсулоти корхона шинос шуданд. Маҳсулоти чӯбӣ ва пластикии корхона бо ба инобат гирифтани талабот дар асоси тарҳи муосир пешниҳод мегардад.
Иҷрои намунавии супоришҳои Роҳбари давлат аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба бунёду барқароршавии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, афзоиши маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот, васеъшавии имкониятҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар ноҳияи Данғара мусоидат намудааст.  Минбаъд сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар манотиқи кишвар метавонанд намудҳои гуногуни маҳсулоти босифатро аз ҶДММ “Усто Файзалӣ” дастрас намоянд.
 
Майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Ғарғара
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар мавзеи зебоманзари маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯсту ташаббускор бунёд шуд. Дар ин ҷо дар фазои тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр қомат афрохта, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш 7 метр мебошад. Дар майдони гулгашти Парчами давлатӣ фаввораи замонавӣ сохта шуд, ки ба он ҳусну зинат мебахшад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар замири шаҳрвандони кишвар, махсусан наврасону ҷавонон, дар марказ ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатӣ парафшон мешавад. Муқаддасоти миллӣ мояи ифтихору сарбаландӣ ва шарафмандии сокинони кишвар буда, ҳамагонро ба дӯст доштани Ватан ва ҳимояи ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба тамаддуну фарҳанги ниёгон, корҳои бунёдкориву созандагӣ баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як сокини ватандӯст мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатиро дар деҳаи Ғарғара рамзи муаррификунандаи давлату миллати сарбаланди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ  арзёбӣ карда,  дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, хусусан наврасону ҷавонон, туҳфаи арзишманд хонданд.
Маркази ташхис ва табобат
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Ғарғара, баъди ба истифода додани гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ, бинои нави Маркази ташхис ва табобатро мавриди истифода қарор доданд. 
Маркази ташхис ва табобат яке аз иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шумор рафта, аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ бунёд гардид. Марказ дар масоҳати 0,33 гектар доман паҳн карда, бинои асосӣ ва шуъбаи бистарикунонии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино дорои 37 кат мебошад ва барои қабулу табобати беморон имконияти мусоид дорад. Дар Марказ 20 мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин шуд. Бинои асосии Марказ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, 25 ҳуҷраи корӣ дорад. Дар қабати якуми бино ҳуҷраҳои табибон, ташхиси фаросавтӣ (УЗИ), дорухона ва дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории роҳбарият, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои дигар табибон ҷойгиранд. Таҳхонаи биноро барои озмоишгоҳ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пешбинӣ намудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд таъкид сохт, ки иншооти мазкур бо техникаю технологияи насли нав муҷаҳҳаз буда, барои сокинони деҳоти Ғарғара ва атрофи он туҳфаи арзанда маҳсуб меёбад. Зеро то ин дам набудани чунин ташхисгоҳ ва маркази табобатӣ боиси мушкилоти зиёди сокинони ин минтақа буд. Акнун, бо фароҳам омадани шароит, мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда мешавад.
Ҷиҳати сабзазор гардондани саҳни муассиса тадбирҳои ободонӣ амалӣ гашта, дарахтони ороишию сояафкан ва гулҳои мавсимию бисёрсола ба ҳусни Марказ зебоии нав зам менамоянд. Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро шоистаи таҳсин хонданд.
Дар навбати худ, кормандони Марказ ба Сарвару роҳнамои миллат ҷиҳати фароҳам овардани чунин имконоти мусоид изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки барои беҳтар сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва рушди он дар ҷомеа минбаъд низ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт. 
 
Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Насими диёр”
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Яккатут ба фаъолияти маҷмааи фарҳангию фароғатии “Насими диёр” расман оғоз бахшиданд.
Иншоот ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт. Дар ҳудуди маҷмаа майдони бозиҳои кӯдакона, варзишгоҳ барои футбол бо 840 ҷойи нишаст ва тарабхона бо 150 ҷой сохта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид, ба инфрасохтору шароити фароҳамгардида ва сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро дар самти дастгириву татбиқи барномаву стратегияҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат хонданд. Варзишгоҳи маҷмаа дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2022-2026 бунёд гардида, макони хуб барои баргузории мусобиқаҳои футбол мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кардани иншоотро ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар самти рушди деҳот неку муассир арзёбӣ намуданд.
 
Гузоштани санги асос барои бунёди корхонаи 
истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ 
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” барои бунёди аввалин корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншооти сохташаванда шинос шуданд.
Мувофиқи лоиҳа, корхонаи саноатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби ширкати «Ашёҳои глобалии офтобӣ»-и Ҷумҳурии Корея (Global Solar Wafer) дар чор марҳала бунёд гардида, баъди татбиқи лоиҳа беш аз 8 ҳазор нафар бо кор таъмин мешавад, ки 95 фоизашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳаҷми сармоягузории он дар чор марҳала 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ, дар қисми ғарбии Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” барои бунёди ин корхонаи бузург 22 гектар замин ҷудо гардида, оғози корҳои сохтмонӣ дар марҳалаи аввал моҳи июли соли равон пешбинӣ шудааст.
Зимни муаррифии ин тарҳи муосир, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар марҳалаи аввал моҳи марти соли 2025 ба анҷом расида, истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ бо иқтидори 5 ҳазор мегаватт ба роҳ монда мешавад. Ба роҳ мондани истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар корхонаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” тавассути бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расондани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз” заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ баҳои баланд дода, иншооти бунёдшавандаро намунаи олии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва рушди истеҳсолот арзёбӣ намуданд. Бояд гуфт, ки соли 2023 гардиши савдо байни Тоҷикистону Корея 116,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, айни ҳол беш аз 13 ширкати хизматрасониву истеҳсолии Корея дар Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Дар кишвари мо барои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ беш аз 100 намуди имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст, ки ин барои пешбурди кори савдою тиҷорат ва дигар намуди хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Дар замони истиқлоли давлатӣ бо дастгирӣ ва иқдомҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфт, ки имрӯз фаъолияти назаррас доранд. Айни ҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 34 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки ҳашттои он фаъолият намуда, соли 2023 дар ҳаҷми 73 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Дар чор моҳи аввали соли 2024 теъдоди субъектҳои Минтақа ба 35-то расид, ки аз ин 8 субъекти саноатӣ, 3 муассисаи хизматрасон, 13-то машғули корҳои ташкилӣ ва амалишавии лоиҳа ва 11 корхона дар марҳалаи ҳуҷҷатгузорӣ қарор доранд. 
Шиносоии Сарвари давлат бо сохтмони меҳмонхона 
Бегоҳии рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо рафти корҳои аввалия барои бунёди ин иншоот, ки аз 16 ошёна иборат хоҳад буд, шинос шуданд.
Тавре аён гардид, зербинои меҳмонхона бунёд ёфта, омодагӣ ба идомаи сохтмон ҷараён дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки суръати сохтмон тезонда шуда, ба сифати корҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад. Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин меҳмонхона иқдоми соҳибкорони маҳаллист. Онҳо азм доранд, ки дар ободонии ноҳия, гузоштани замина ҷиҳати ҷалби сайёҳон ва муҳайёсозии ҷойҳои нави кор саҳм гузоранд.
 
Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон
25-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, роҳбарони вилоятҳои дигар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. 
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таъмини фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин, захираву имкониятҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа баррасӣ гардида, барои амалисозии ҳадафҳои созанда ва ислоҳи баъзе камбудиҳо дар назди мақомоти давлатии ҷумҳуриявию маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар фароварди суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба ҳамаи сокинони вилоят ва ба роҳбарону фаъолон барори кор орзу намуданд.
Дар қисмати дуюми мулоқот раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Хатлон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд ва ба онҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат доир ба ҷоннок намудани корҳо дар самтҳои гуногуни фаъолият супоришҳои дахлдор дода шуд.
Зимни ҳисоботи раисони вилоятҳо ва суолу ҷавобҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии саривақтии ҳосили ғалладона ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, аз ҳисоби гандум ва дигар ғалладонаҳои худӣ, ки имсол ҳосили фаровони он ба чашм мерасад, зиёд намудани захираҳои давлатӣ ва содироти меваю сабзавоти барвақтӣ ба хориҷи кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Ба масъулони дахлдори сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ оид ба ин ва дигар масоил, аз ҷумла барои дарёфти роҳҳои паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар заминҳои кишоварзии ноҳияи Данғара, баланд бардоштани сифати сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва нигоҳубини дурусти зербинои нақлиётӣ, супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, зарурати иҷрои босифати супоришҳои дар вохӯрӣ бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла доир ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва пешгирӣ аз фирефта шудани ҷавонону наврасон бо афкори таассубу тундравии динӣ, таъкид гардид.
 
Санаи нашр: 27.05.2024 №: 98
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив