ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023»

29 декабр 2023, Ҷумъа
83
0


Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» аз 7 декабри соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №12, қ. 2, мод. 758; с. 2023, №4-6, мод. 150; №7-10, мод. 311) қисми 15 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«15. Воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ (трап, лифтҳои махсус барои мусофирон, эскалаторҳо, автокран, таҷҳизоти барқдиҳандаи ҳавопаймо) барои азнавсозии аэровокзали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023, № 2013
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 26 декабри соли 2023, № 1189

Санаи нашр: 28.12.2023 №: 250
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив