ИФРОТГАРОӢ. ИТТИҲОД ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ РОҲИ МУАССИРИ МУҚОВИМАТ БО ХАТАРҲОСТ
Дар ҷаҳони муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз мавзуъҳои муҳими мавриди омӯзиш дар илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобиҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, дохилидавлатӣ, байналмилалӣ, миллию анархистиро муайян намудаанд.
То имрӯз собит шудааст, ки мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ бо зури силоҳ ва таҳдид ба даст овардани ҳокимият буда, барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳеҷ даҳшатафкание рӯй наметобанд. Барои террорист зан, мард, пиру ҷавон, ҳамдин, ҳаммиллат, ҳатто хешованд ҳеҷ арзише надорад. Дар таърих даҳҳо мисол рақам зада шудааст, ки террористон ба сари модари худ мушт бардоштаву бародару хоҳари хешро низ қатл кардаанд, ки мавриди накуҳиш, тааҷҷуб ва таассуфи ҷомеа аст.
Дар либоси дигар ҷилва додани ҳадафҳои худ яке аз амалҳои пасипардагии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ буда, дар асл корашон бо истифода аз дин тахрибкорӣ аст. Айни ҳол, чунин амалкард, яъне терроризми динӣ дар Шарқ домани густурда пайдо кардааст, ки паёмадҳои фоҷеабори онро тамоми аҳли олам шоҳиданд.
Мутаассифона, миллати тоҷик низ, дар солҳои 90 - уми асри гузашта ба ин ҳолати ногувор гирифтор шуд. Дар оғози Истиқлоли давлатӣ бо дасисаи душманони дохилу хориҷ ва гурӯҳҳои манфиатдори ифротӣ, таасубгароии динӣ дар мамлакат ривоҷ ёфт. Мардуми ноогоҳ ба сангарҳо тақсим шуда, оқибат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд, ки беш аз 150 ҳазор кушта бар ҷой гузошт. Ва ҳоло мо, бояд аз гузаштаи худ сабақ гирем ва ба доми фиреби гурӯҳҳои тундраву тахрибкор гирифтор нашавем, зеро агарчи пайдоишу ташаккули ин гурӯҳҳо аз як тараф натиҷаи сармоягузории хориҷиён бошад, аз тарафи дигар сатҳи пасти маърифати сиёсиву динӣ ба шумор меравад.
Хушбахтона, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ақсои олам ҳамчун кишвари ташаббускору пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шинохта мешавад. Дар ҳамин ҳол, набояд таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ба амнияту суботи сиёсиро сарфи назар намуд, зеро он то ҳанӯз ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид менамояд, ки мамлакати мо низ истисно буда наметавонад.
Тавре маълум аст, дар замони муосир гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ бо истифода аз технологияҳои муосири интернетӣ фаъолияти худро тавсеа мебахшанд. Бо роҳҳои гуногуни мағзшӯӣ шаҳрвандонро ба сафи худ ҷалб месозанд, ки дар ин миён бештар мардуми ноогоҳу камсавод ба доми фиреб меафтанд. Аз ин рӯ, мо бояд дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат амал намуда, дар ҳеҷ маврид зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ватандӯсту худшинос бошем, ба арзишҳои миллии худ арҷ гузошта, дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифзу таҳким бахшем, аз дасисаи душманони дохилу хориҷ, бахусус, хоинони миллати тоҷик, ки дар Аврупо паноҳ бурдаву дар пайи ноором кардани вазъи осудаи кишваранд, ғофил намонем.
Маҳмуд ШАРИФЗОДА,
донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)