КӮЛОБ Шаҳре дар ҳоли шукуфоӣ
КӮЛОБ
Шаҳре дар ҳоли шукуфоӣ
Дар шаҳри Кӯлоб ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ, бунёдкорӣ ва навсозии иншооти гуногун бомаром идома доранд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ин рӯзи муҳими таърихӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳр иқдомҳои созанда роҳандозӣ гардида, барои боз ҳам ободу зебо намудани муҳити шаҳр ва беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.
– Дар шаҳр ба муносибати Ҷашни миллӣ бунёду навсозии 494 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Қисми зиёди иншооти пешбинишуда, аллакай, мавриди истифода қарор гирифтаанд ва бо назардошти иқдомҳои нав ва ташаббусҳои созандаи сокинону соҳибкорон боз 30 иншооти дигар ба нақша ворид гардидааст, – гуфт мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки омодагӣ ба Ҷашни таърихӣ дар шаҳр ба як маъракаи фарогири бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Ҳоло дар як қатор иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, масъулон талош доранд, ки онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонда шаванд.
Яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ дар шаҳр беҳтар намудани вазъи роҳҳои маҳаллӣ мебошад. Дар деҳаи Пахтакор корҳои асфалтпӯшкунии роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ ба масофаи зиёда аз 6 километр идома доранд. Ин иқдом бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, намунаи равшани саҳми ҷомеа дар ободии маҳал мебошад.
Чунин ташаббусҳо муҳиманд, зеро ободии шаҳр танҳо тавассути фаъолияти сохторҳои давлатӣ таъмин намегардад. Маҳз иштироки фаъоли ҷомеа, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан метавонад корҳои созандагиро вусъати бештар бахшад.
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»
