ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

11 июл 2023, Сешанбе
2
0
10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  
 
Дар рафти суҳбат натиҷаҳои интихоботи президентии дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузоргардида мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои нави беназир дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Шавкат Мирзиёевро бо натиҷаҳои муваффақонаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфтанд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Ҷараёни устувори рушду таъмиқи тамоми маҷмуи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлат зикр шуд.
Дар ин зимн, президентҳо алоқамандии тарафайнро ҷиҳати идомаи амалҳои муштарак дар маҷрои таҳкими минбаъдаи   муносиботи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид карданд.
Президентҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷоми суҳбат Сарвари  давлати  мо  ба  Ӯзбекистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу амонӣ, некрӯзӣ ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.
 
 
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив