ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМИ ҶАВОНӢ-2023

ҶОМИ ҶАВОНӢ-2023

26 июл 2023, Чоршанбе
17
0
КМВА – ғолиби мусобиқа
Ҳайати ҷавонони КМВА дар финали мусобиқаи Ҷоми ҷавонӣ-2023 тими “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, барандаи ҷом гардид.
Тибқи иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, тӯби ғалабаоварро дар дақиқаи 12-ум Қурбоналӣ Муродов ба самар расонд. 
Муаллифи гол беҳтарин бозигари рақобати ниҳоӣ эътироф гашт.
Барои ишғоли зинаи сеюм ҳайати ҷавонони “Эсхата” бар “Хатлон” (3:2) пирӯз омад. 
Ба ғолиб 30 ҳазор сомонӣ ва барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 20 ва 10 ҳазор сомонии мукофоти пулӣ тақдим шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Ҷоми ҷавониро дастаи “Истиқлол” ба даст оварда буд.
 
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
“Эсхата” барои марҳилаи дуюм ҳайаташро пурқувват мекунад
 
Фатҳулло Фатҳуллоев, бозигари маъруфи кишвар, бо клуби футболи «Эсхата» қарор – дод ба имзо расонд.
Бар асоси ин шартнома, футболбоз то охири ин мавсим дар ҳайати “бонкдорон” ҳунарнамоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ба ҳайати “Эсхата” Сиёвуш Асроров, Сайёди Ковусшоҳ ва Далер Имомназаров низ, шартнома ба имзо расонда буданд. 
 
 
 
XIX БОЗИҲОИ ОСИЁ
Ширкати рекордии варзишгарон
 
Дар XIX Бозиҳои Осиё (23 сентябр-8 октябр, Ҳангжоу) шумораи рекордии варзишгарон сабт гардидааст. 
Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукот, 12500 варзишгар аз 45 Кумитаи миллии олимпии узви Шурои олимпии Осиё номнавис шудааст. 
Ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии кишвар, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Ба барномаи бозиҳои имсола 40 намуди варзиш (61 ришта) шомил гаштааст.
Бояд гуфт, ки дар XVIII Бозиҳои Осиё (2018, Ҷакарта, Палембанг) ҳам, шумораи рекордии варзишгарон (11300 нафар) ба қайд гирифта шуда буд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив