ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. БАРДОШТ АЗ ФОРУМИ ДУВОЗДАҲУМИ МИЛЛӢ

04 ноябр 2026, Чоршанбе
0


30-юми октябр дар Вазорати адлия Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он вазири адлия Музаффар Ашуриён, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Анвар Сафарзода, раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода, муовини раиси Суди конститутсионӣ Дилором Абдураҳимзода ва дигар шахсони баландпоя ширкат варзиданд.
Музаффар Ашуриён зимни ифтитоҳи Форум зикр кард, ки баргузории он ба санаҳои муҳиме чун 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи кишвар рост меояд. Ин бозгӯйи эҳтироми хосса ба арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани мақоми қонун дар ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ мебошад.
“Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумимиллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад. Конститутсия барои муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, таҳкими истиқлолият, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, ташаккули низоми муосири ҳуқуқии мамлакат заминаи устувор гузошт. Маҳз Конститутсия принсипҳои асосии ташкили ҳокимияти давлатӣ, тақсимоти он ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ, муносибатҳои байни давлат ва шаҳрванд, инчунин, кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян менамояд. Воқеан, Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз мебошад”, – гуфт М. Ашуриён.
Анвар Сафарзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳифзи самараноки ҳуқуқи инсон, такмили низоми ёрии ҳуқуқии давлатӣ, танзими ҳуқуқии рақамикунонӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами ҷомеа ба шумор мераванд. Баррасии ин масъалаҳо дар Форуми имрӯза барои таҳкими волоияти қонун ва рушди минбаъдаи низоми ҳуқуқии кишвар замина ва такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ӯ дар идома афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши барҷаста дорад. Имрӯз таъмини волоияти қонун ба яке аз масъалаҳои мубрам ва асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва вақте сухан дар бораи волоияти қонун меравад, бояд ба Конститутсия ва меъёрҳои он диққати асосӣ дода шавад, зеро ин санади олии ҳуқуқӣ ифодагари орзуву омоли мардуми шарафманди мо ва таҳкурсии низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.


М. ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.11.2026 №: 218