АЗ ТАЪМИНИ ШУҒЛ ТО ДАРОМАДИ ИҚТИСОДӢ. САМАРАИ ДАСТГИРИИ ҲУКУМАТ ДАР ҶОДАИ ЗАРШӮЙӢ
Дар Тоҷикистон ба таъмини шуғл ва даромади иқтисодии аҳолӣ аз ҳама ҷониб ҷораҷӯйӣ зоҳир мегардад, ки соҳаи заршӯйӣ яке аз онҳост. Ҳукумати кишвар ба хотири дастгирии сокинон тартиби гирифтани иҷозатномаро дар ин ҷода бо қарори махсус сабуку содатар намуд, ки туфайли он ҳамасола ҳазорҳо шаҳрванд аз фоидаи тиллошӯйӣ баҳраманд мегарданд.
Шукрулло Икромов, сокини Лахш, бо шукргузорӣ аз дастгирии Ҳукумати кишвар барои осон гирифтани иҷозатномаи тиллошӯйӣ мегӯяд, ӯ аз ин ҳисоб дар вақти даркорӣ хароҷоти зиндагиашро мепӯшонад.
– Хусусан, вақти мавсими киштукор барои пардохти ҳаққи хизмати механизаторону хариди нуриҳо маблағ лозим меояд. Мо ин хароҷотро аз ҳисоби тиллокоркунӣ анҷом медиҳем ва киштукорҳои агротехникӣ сари вақт анҷом мегиранд. Бо осон шудани иҷозатномагирӣ шаҳрвандони зиёди мо дар маҳали зисти худ як шуғли муносибу даромаднокро пайдо карданд, – гуфт номбурда.
Ба ҳамин монанд, бино ба маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солона тақрибан 5 – 6 ҳазор сокини кишвар ба заршӯйӣ машғул шуда, даромади иқтисодӣ ба даст меорад.
Маврид ба таъкид аст, ки дар ин соҳа имкониятҳои Тоҷикистон фаровон ва барои дарозмуддат басандаанд. Сарзамини мо саршор аз захираҳои табиист. Дар соҳили дарёҳо, бахусус Вахш, Панҷ, Зарафшон, Ваҷанг (Муксуи ноҳияи Лахш), ба масофаи садҳо километр қабатҳои тиллодор мавҷуданд. Истифодаи сарфакоронаю оқилонаи онҳо аҳолии мамлакатро бо зиндагии шоиста таъмин намуда, дар айни замон метавонад ба иқтисоди миллӣ даромад оварад. Иҷозатномае, ки аз Вазорати молияи кишвар дода мешавад, ҳамагӣ: 234 сомонист, вале на танҳо барои як маҳал, балки дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ эътибор дорад. Ин имконияти васеъ далели возеҳи дастгирии шаҳрвандон барои пайдо кардани шуғли сердаромад мебошад. Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорат 69 нуқтаи хариди сангу металлҳои қимматбаҳо таъсис дода шуда, сокинон бемамониат тилло ё ашёи дигари гаронбаҳои ҷамъовардаашонро мефурӯшанд.
Ҳоло дар доираи дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тиллошӯйӣ ба як шуғли фоидаовари сокинон табдил ёфта, рӯ ба пешрафт овардааст. Шумораи ҳавасмандон ба ин кор сол ба сол зиёд мешавад. Дар ин маврид андешидани баъзе тадбирҳо зарур мебошад, ки ба пешрафти соҳа мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорат ва ҳам Саридораи геология дар бораи маконҳои дастнохӯрдаи тиллодор, усулҳои беҳтару самараноки тиллошӯйӣ, тартиби фурӯш, иҷозатномагирӣ ва ҳам қоидаҳои машғул шудан ба ин кор дар байни аҳолӣ, зеро бо вуҷуди имкониятҳои фаровон чи аз лиҳози табиӣ ва чи сабукиҳои қонунгузорӣ ҳанӯз ҳам дар ин бора тасаввуроти дуруст надоранд. Бовар аст, ки дар ҳолати беҳтар донистани ин шуғл онҳо фоидаи бештар меоранд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
