СУҒД. ҲАМОИШИ АДИБОНИ ҶАВОН – ИҚДОМЕ БАРОИ ИБРАТ
Дар вилояти Суғд машварати омӯзишии адибони ҷавони Тоҷикистон бо иштироки намояндагони аҳли адаб, олимону муҳаққиқон ва қаламкашони ҷавон аз ҳама минтақаҳои кишвар баргузор шуд. Ин чорабинӣ дар ҳар панҷ сол як бор баргузор гашта, хомакашони боистеъдодро аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ҳам меорад. Баъди санҷиш ва муҳокимаҳои касбии эҷодгарони ҷавон беҳтаринҳо ба узвияти ИНТ пешниҳод мешаванд.
Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод иштирок намуданд.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ ба масъалаи дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди неруи эҷодии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кард. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ба фарҳангу адабиёт ва дастгирии эҷодкорон барои ташаккули насли нави адибон заминаи муҳим фароҳам меорад.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим низ дар суханронии худ нақши машваратҳои омӯзиширо дар ошкор ва парвариши истеъдодҳои ҷавон муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ барои дастгирии аҳли адаб ва фароҳам овардани шароити муносиб барои баргузории чорабинӣ ба роҳбарияти вилояти Суғд изҳори сипос намуд.
Дар доираи маросими ифтитоҳӣ як гурӯҳ адибон, олимон ва намояндагони аҳли фарҳанг барои саҳми арзанда дар рушди адабиёти муосири тоҷик, тарғиби арзишҳои миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа бо сипоснома ва туҳфаҳои МИҲД вилояти Суғд қадр шуданд. Ҳамчунин, бо қарорҳои раёсати ИНТ профессор Матлубаи Мирзоюнус дар бахши адабиёт ва ҳунарпеша Сурайё Хоҷаева дар бахши санъат бо Ҷоизаи ба номи Маҳастии Хуҷандӣ ва адиб Сайиднабӣ Наҷимӣ бо Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил сарфароз гардиданд.
Барномаи машварат аз 21 то 24-уми октябр идома ёфт, ки дар доираи он чорабиниҳои адабӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ баргузор шуданд. Яке аз бахшҳои муҳими машварат кори бахшҳои назм, наср ва адабиёт барои кӯдакон буд. Дар ин нишастҳо эҷодиёти адибони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муҳокимаҳои касбӣ барои муайян намудани ҷиҳатҳои қавии асарҳо, бартараф кардани камбудиҳои эҷодӣ ва баланд бардоштани маҳорати қаламкашӣ мусоидат намуданд. Иштирокдорон аз Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд боздид намуда, бо таъриху фарҳанги бостонии шаҳр бештар шинос шуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
