ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶОМИ РУШД-2023» 

«ҶОМИ РУШД-2023» 

13 феврал 2023, Душанбе
36
0
Наврасони тоҷик бидуни бохт мусобиқаро ҷамъбаст намуданд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» (Минск, Беларус) гардид.
Тибқи иттилои ФФТ, футболбозони мо дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм ба дарвозаи тими наврасони Россия се голи беҷавоб заданд. Тӯбҳоро Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров ба самар расонданд. 
Наврасони тоҷик дар даври гурӯҳӣ бо мунтахабҳои Россия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар Эрон (3:1) ғолиб омаданд. Ҳамин тавр, мусобиқаро бидуни бохт ҷамъбаст намуданд. 
Дар ҷамъбаст футболбози тоҷик Раббонӣ Камолов (4 гол) “беҳтарин нишонзан” ва Абубакр Сулаймонов “беҳтарин бозигар”-и мусобиқа эътироф шуданд.
 
 
 
ҶОМИ ҶАҲОН
“Реал” бори панҷум ғолиб омад
Тими “Реал” (Мадрид, Испания) дар финали Ҷоми ҷаҳони футбол миёни бошгоҳҳо (Марокаш) бар дастаи “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуда, бори панҷум барандаи ҷом шуд. 
Ҳамин тавр, Тонии олмонӣ аввалин футболбоз дар таърих гардид, ки шаш маротиба (панҷ бор бо «Реал» ва як бор бо «Бавария») ин ҷоизаро ба даст овард. 
Ҳамчунин, ҷоми қаҳрамонӣ  барои “Реал” ҷоизаи 100-ум дар таърихи бошгоҳ  ба шумор меравад. 
 
 
ДЗЮДО
Киҳо чемпионҳои Тоҷикистон дар соли 2023 шуданд
11-12 феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ (Душанбе) Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо аз рӯи 9 вазн миёни 250  варзишгар доир гашт. 
Бар пояи маълумоти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Шоҳида Қаландарова (-57 кг), Ҷонона Назарова (-63 кг),  Ҳақдод Гулов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг),  Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Ҳақназар Назаров (-90 кг), Исроил Раҳимов (-100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) қаҳрамонони Тоҷикистон дар соли 2023 гардиданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив