ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ХЭ ЛИФЭН
22 август дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, ноиби Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва имконияти баррасии масоили ҳамкории байнидавлатӣ изҳори сипоси самимӣ намуданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад ва Тоҷикистону Чин дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сатҳи муносибатҳо аз робитаҳои муқаррарии дуҷониба то ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки байни ду давлат муносибатҳои дӯстии самимӣ, ҳамсоягии нек, эътимоди амиқ ва дастгирии тарафайн фароҳам буда, дар заминаи ҳуқуқии мусоид пайваста рушд меёбанд. Дар ҷанбаи сиёсӣ низ муносибатҳои байниҳамдигарӣ муштаракот ва наздикии мавқеи ду давлатро дар масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаро мегирад. Ҷонибҳо ба муколамаи доимии байнидавлатии созанда дар сатҳи олӣ ва баланд, саҳми бузурги роҳбарони ду давлат дар таъмини рушди устувори ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи майи соли равон, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун мусоидат хоҳанд намуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тавсеаи мунтазами робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Чин низ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин аз дастгирии ҳукумати ин давлат ҷиҳати татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва кумакҳои башардӯстона изҳори сипос намуданд. Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар самтҳои мавриди назари тарафайн, аз ҷумла тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Мусоҳибон масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, савдо, ҷалби сармояи бахши соҳибкории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, коркарди захираҳои маъдан, кишоварзӣ, дорусозиро, ки ба ташаккули занҷираи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои кори нав дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, муҳокима намуданд.
Дар доираи рушди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, тавсеаи иқтидори долонҳои транзитӣ ва дар ин робита навсозии нуқтаи назоратию гузаргоҳии «Кулма – Қаросу», амалисозии марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе – Кулма, афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба афзалияти рушди ҳамкории илмию техникӣ, инноватсия ва технологияҳои баланд, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси заминаҳои истеҳсолӣ дар асоси «технологияи сабз», аз ҷумла ба роҳ мондани истеҳсоли нақлиёти барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии «ҳушманд» дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Чин, ноиби Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд. Даъват бо камоли сипосу миннатдорӣ ва хушнудӣ пазируфта шуд.
Санаи нашр: 23.08.2023 №: 170
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)