ФУТБОЛ
Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Ӯзбекистон
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 (1-18 март, Ӯзбекистон) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии санҷишии ниҳоиро бо тими Ӯзбекистон (U-20) анҷом дод, ки бидуни гол хотима ёфт.
Барои шогирдони Олег Кубарев ин шашумин рақобати дӯстона дар доираи тамриноти Анталия буд. Қаблан, ҷавонони мо бо Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Лаҳистон (1:2) шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Корея (8 март) зӯрозмоӣ мекунанд.
ОСИЁ
Бори аввал варзишгарони тоҷик дар иншооти пӯшида медал гирифтанд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида (10-12 феврал, Остона, Қазоқистон) дар риштаи эстафетаи 4х400 метр мақоми сеюмро касб карданд. Ба чоргонаи тими Тоҷикистон Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирсаид Мирзозода шомил буданд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, кишвари моро дар ин Чемпионат 7 нафар – Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода, Мирсаид Мирзозода намояндагӣ карданд.
Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, ҳафтҳарба ноком шуданд.
Дар масофаи 60м Фаворис Музрапов дар даври интихобӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 6.81 сония сеюм шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт. Фаворис бо ин натиҷа рекорди Тоҷикистонро дигар кард. Вале ӯ дар нимфинал натиҷаи 6.85-ро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Илдар Аҳмадиев бо сабаби лат бардоштан натавонист сабқат кунад.
Дар масофаи 400м низ, бародарон Леонид ва Александр Пронженко то нимфинал рафтанд. Леонид, инчунин, дар ҳафтҳарба ва Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 800м сабқат карданд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида маҳсуб меёбад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 15.02.2023 №: 36
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)