ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ ОСИЁ. СОМОН ДАР ТАЪРИХИ ҶУДОИ ТОҶИК САҲИФАИ НАВРО РАҚАМ ЗАД

БОЗИҲОИ ОСИЁ. СОМОН ДАР ТАЪРИХИ ҶУДОИ ТОҶИК САҲИФАИ НАВРО РАҚАМ ЗАД

26 сентябр 2023, Сешанбе
19
0


Гӯштигири номвари тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар XIX Бозиҳои Осиё (23-юми сентябр - 8-уми октябр, Ҳангжоу) қаҳрамон гардид. Зимнан, ин аввалин медали тиллои Бозиҳо аз риштаи ҷудо дар таърихи  соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
 
Сомонпаҳлавон, то роҳ ёфтан ба финал, бар Муаяд Зуайби (Фаластин), Асад Масабиров (Қирғизистон) ва Абулайҳон Жубаназар (Қазоқистон) зафар ёфт. 
Дар набарди ниҳоӣ Сомон бо ҷудочии Корея Ли Ҷу Хван ба рӯйи татами баромад. Паҳлавони мо маҳорати воло нишон дода, бо як партофти зебо имтиёзи “вазарӣ” кор кард ва бар рақибаш дастболо гардида, барандаи медали тилло гашт ва дар рӯзи сеюми Бозиҳо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин садо дод.
Паҳлавони тоҷик медалро ба амакҳояш Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо, ки мураббиҳояш мебошанд ва то ба ин қуллаҳо расидани ӯ саҳми мунир гузоштаанд, бахшид. 
– Имрӯз рӯзи таърихист. Сомон Маҳмадбеков аввалин қаҳрамони Бозиҳои Осиё дар риштаи ҷудо дар таърихи Тоҷикистон мебошад. Дар зӯрозмоии ҳалкунанда Сомон паҳлавони ботаҷрибаи Кореяро шикаст дод ва номи худро дар таърихи варзиши кишвар сабт намуд. Сокинон ва ҳаводорони риштаи ҷудои Тоҷикистонро бо ин ғалаба табрик намуда, ба мураббиён ва, махсусан ба президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир барои дар сатҳи баланд омода намудани варзишгарон ба ин мусобиқа ,изҳори сипос менамоем, – иброз дошт Эргаш Маҳмадбеков, ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон. 
Фотеҳ Маҳмадбеков, мураббии Сомон, дар саҳифаи фейсбукиаш Сомон ва мухлисонро бо ин дастовард табрик намуда, навишт, ки «президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир тавонист дар як муддати кӯтоҳ сатҳи варзиши ҷудоро дар кишвар хеле баланд бардорад».
Пас аз қаҳрамонии Сомон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум ӯро бо ин музаффарият табрик менамуданд. Аз ҷумла, Давлат Сафар, шоири тоҷик, дар васфи Сомон чунин шеъре навишт:
Ӯ дигар болотар аз сад медали 
тиллост,
Обрӯи медали тилло аз ӯ пайдост.
Эй хушо аз пушти Сомониву 
Сомонҳо,
Парчами тоҷик дар боми фалак 
барҷост!
Дар ин рӯз ҷудочии дигари мо Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) барандаи нишони биринҷӣ шуд. Паҳлавони тоҷик дар мубориза барои мақоми сеюм бар Кингдаги чинӣ пирӯз шуд.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар марҳилаи аввали мубориза бар ҷудокори филиппинӣ Кейси Накано пирӯз шуда, баъдан Данияр Шамшаеви қазоқро шикаст дод. Дар мубориза барои медали биринҷӣ ӯ бояд ду рақиб – аввал Соиши Ҳосимотои ҷопонӣ, баъдан Кингдаги чиниро мағлуб мекард.
Ёдовар мешавем, ки ҷудочиёни Тоҷикистон то ин вақт аз Бозиҳои Осиё 5 медали биринҷӣ (Хайрулло Назриев (2004), Расул Боқиев (2006, 2010),  Комроншоҳ Устопириён ва Шакармамад Мирмамадов (2018)) ба даст оварада буданд. 
Маврид ба зикри хос аст, ки ба Сомон Маҳмадбеков барои медали тилло Ҷоизаи президентӣ (150 ҳазор сомонӣ) ва як манзили сеҳуҷрагӣ аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мешавад.
Беҳрӯзи Хоҷазода бошад, бо 50 ҳазор сомонӣ ва хонаи якҳуҷрагӣ қадр мегардад. 
Дар XIX Бозиҳои Осиё ҳудуди 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора ширкат доранд. Тоҷикистонро наздики 100 варзишгар, аз рӯйи 18 намуди варзиш (тибқи барномаи бозиҳо 40 намуд) намояндагӣ мекунад. 
Бояд гуфт, ки варзишгарони Тоҷикистон аз соли 1994 дар ҳафт Бозиҳои Осиё ширкат карда, 28 медал, аз ҷумла 4 тилло, ба даст овардаанд. Унвонҳои қаҳрамониро гурзпартои маъруф Дилшод Назаров (2006, 2010 ва 2014) ва боксчӣ Ҷаҳон Қурбонов (2006) соҳиб шуда буданд. 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.09.2023 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив