«БЕШАИ ПАЛАНГОН». НАЗАРИ ТОЗАЕ БА МЕРОСИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО
Боиси хушнудист, ки дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид. Бешубҳа, кишвари мо дорои захираҳои бои табиӣ, обҳои шифобахшу канданиҳои фоиданок буда, дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда маҳз дар он мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ташкил шудаанд, зеро кишвари офтобии моро олами нотакрори наботот, ҳайвонот ва шароити мусоид фаро гирифтааст ва он ба инкишофи бемайлону рушди соҳа мусоидат намудааст. Қобили зикр мебошад, ки водии Вахш чун дигар гӯшаҳои нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бой ва рангин дошта, бо иқлими гуногун ва замини ҳосилхезаш кайҳост, ки диққати олимону муҳаққиқонро ба худ кашидааст.
Азхудкунӣ ва киштукори заминҳои водии Вахш ҳанӯз аввалҳои солҳои 30-юми асри XX оғоз ёфтаанд. Дар ин даврон дар қатори дигар сокинони маҳаллӣ аз кӯҳистони дурдаст аҳолиро ба ин водӣ мухоҷир намуданд ва дар натиҷа ба ҷои қамишзору гӯшаҳои табиӣ бунёд ёфтани колхозу совхозҳо шуруъ гардид. Дар натиҷаи ташкилшавии хоҷагиҳо ҷонварону парандаҳои нодир ин ҷоро тарк намуданд ва ба муҳити зист зарари калони манфӣ расид. Ҳаводиси рухдода зарурати созмон додани мамнуъгоҳро дар ин водӣ ба вучуд оварду 4-уми ноябри соли 1938 бо қарори Комиссариати халқии зироати Тоҷикистон мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» таъсис ёфт. Бояд зикр кард, ки замони шуравӣ дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда чун мамнуъгоҳ маҳз «Бешаи палангон» арзи ҳастӣ намудааст.
Дар он айём масоҳати умумии мамнуъгоҳ 50 ҳазор гектар буд ва аз соли 1941 он ба ихтиёри филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР ва баъдтар ба ихтиёри Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон вогузошта шудааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ҳамагӣ: 7-8 ҳазор гектарро ташкил медоду халос.
Танҳо соли 1957 масоҳати мамнуъгоҳ аз нав то ба 27 ҳазор гектар расонда шуд. Бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 9-уми майи соли 1959 масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» боз 41 ҳазор гектар васеъ гардида, аз ихтиёри филиали тоҷикистонии Академияи фанҳои СССР бозпас гирифта шуда, ба Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали РСС Тоҷикистон шомил гардидааст.
Феълан мамнуъгоҳ дар ихтиёри Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мақсад аз таъсиси ин мамнуъгоҳ нигоҳдошти муҳити табиии поёноби дарёҳои Осиёи Миёна, бахусус дарёи Вахшу Панҷ, барои гузарондани корҳои илмию тадқиқотӣ ва мушоҳидаҳои мониторингӣ буд. Ҳалли ин масоил гуногунҷабҳа буда, вазифаи муҳиму рӯзмарраи он омӯзиши равиши инкишофи табиӣ дар экосистемаҳои минтақаи муайян аст. Олими шинохта Г. А. Коженников нисбати мамнуъгоҳҳо чунин иброз намудааст: «Мақсади ниҳоии мамнуъгоҳ дарки қонунҳои эволютсияи олами органикӣ мебошад» Агар возеҳтар ин масоилро ташреҳ диҳем: «Мақсади асосии тадқиқоти илмии мамнуъгоҳ омӯзиши қонунҳои инкишофи табиат баҳри нигоҳдошти тавозуни экологӣ, мадад намудани мувозинати табиии минтақавӣ ва умуман, биосфера барои дар равиши фаъолияти хоҷагидории бошуурона муносибат намудан ба он мебошад». Аз тарафи дигар, ҳадафи тадқиқоти илмӣ ошкор намудани вазъи воқеии мамнуъгоҳ аст.
Омӯзиш ва тахқиқи мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ва, умуман, ин минтақа ҳанӯз солҳои нахустини азхудкунии водии Вахш оғоз ёфтааст. Чуноне ки қайд кардем, маҳз бо пешниҳоди олимон, мутахассисон соли 1932 иштирокчиёни экспедитсияи комплекси дар поёноби дарёи Вахш аввалин натиҷаҳои илмии худро бобати таъсиси мамнуъгоҳ пешниҳод доштанд. Комиссариати шурои халқии РСС Тоҷикистон соли 1936 ба Комиссариати халқии замини ҷумҳурӣ дар бораи гузарондани тадқиқоти иловагӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва “Тошработ” чун маҳали ташкил кардани аввалин мамнуъгоҳ супориш медиҳад. Экспедитсияи бозрасии давлатии шикори РСС Тоҷикистон дар асоси тадқиқоти илмии худ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дар барои ташкил кардани мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» таклиф пешниҳод кард.
Шуруъ аз ҳамон давра аз ҷониби олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пайваста сафарҳои илмӣ анҷом ёфтанд. Робитаи муҳаққиқон ва онҳое, ки корҳои илмӣ- пажӯҳишӣ мекарданд, бо маъмурияти пажӯҳишгоҳ беҳтар гардид. Муддати 70 сол аз ҷониби олимон тамоми релефи мамнуъгоҳ, обу хок, ҷангал, рустаниҳо, ва олами хайвоноту парандагони мамнуъгоҳ ҳамаҷониба таҳқиқ шуданд. Муқаррар гардид, ки «Бешаи палангон» дар ҳақиқат дар Осиёи Марказӣ ягона мавзеест, ки дар он комплекси биёбонии туғай, минтақаи субтропикии хушк боқӣ мондааст.
Дар ҳудуди «Бешаи палангон» дар қатори ҳайвоноти нодир ва мурғи даштӣ тазавр, 33 намуди ширхӯрон, шағолу гурбаи ёбоӣ боз 26 намуди гуногуни хазандаҳо мавҷуд мебошанд, ки ҳоло ба намудҳои камшумори онҳо диққат медиҳем. Дар мамнуъгоҳ морҳои куброи осиёимиёнагӣ, гурза, мори афъии регзор, тирмор дучор мешаванд, ки хеле хавфноканд. Морҳои куброи осиёимиёнагӣ ва гурза дар туғайзори мамнуъгоҳ ва мори афъи бошад, дар чӯлу регзор зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳудуди «Бешаи палангон» аз хазандаҳои калон тимсоҳи биёбонӣ, сусмор вомехӯранд. Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз гӯшаҳои нотакрори Тоҷикистон ва макони пурасрори табиӣ буда, робитаи доимии олами наботот ва ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ инъикос менамояд. Шомил гардидани “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО боиси он мегардад,ки дар оянда низ, мамнуъгоҳ ба маъвои писандидаи табиатдӯстону сайёҳон табдил ёфта, қалби ҳазорон меҳмононро тасхир хоҳад кард.
Маҷид Салим, адиби табиатшинос
Санаи нашр: 11.10.2023 №: 202