ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ
Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон доир гашт
Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон доир гашт.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Федератсияи тенниси рӯйи миз Нуралӣ Арабзода иштирок намуда, зимни суханронӣ ба таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарон ва дастгирии онҳо таъкид намуданд.
Дар мусобиқа зиёда аз 200 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар иштирок намуда, дар рақобатҳои инфиродӣ ва даставӣ байни ҳам рақобат карданд. Ғолибон бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
ФУТЗАЛ
Ҷоми Осиё-2026: Тоҷикистон аз гурӯҳ набаромад
Дастаи миллии футзали Тоҷикистон бозии охирини худро дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия ҷараён дорад, доир намуд.
Дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳӣ тими Тоҷикистон бо Австралия мусовӣ – 1:1 бозӣ кард. Голи дастаи моро Идрис Ёров зад.
Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “С” тими миллии Тоҷикистон ду хол ба даст оварда, ҷойи сеюмро гирифт ва ҳунарнамоиро дар Ҷоми футзали-Осиё 2026 ба анҷом расонд. Аз гурӯҳ Ҷопон (9 хол) ва Ӯзбекистон (4 хол) ба чорякфинал роҳ ёфтанд. Дар чорякфинал дастаҳои Тайланд, Ветнам, Ироқ, Индонезия, Эрону Афғонистон низ муборизаро барои унвони чемпионӣ идома медиҳанд.
ФУТБОЛ
Шериддин Бобоев фаъолиятро дар бошгоҳи «ПСМ Макассар» идома медиҳад
Ҳамлагари дастаи миллии футболи Тоҷикистон Шериддин Бобоев фаъолияти худро дар чемпионати Индонезия идома медиҳад.
Ш. Бобоев бо бошгоҳи «ПСМ Макассар», ки дар Суперлигаи Индонезия баромад мекунад, шартнома баст. Айни замон «ПСМ Макассар» дар ҷойи 13-уми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
Ш. Бобоев дар тимҳои «Истиқлол», «Ҳосилот», «Равшан», инчунин дар чемпионатҳои Малайзия, Қазоқистон ва Эрон ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ аз соли 2017 дар дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат дар 26 вохӯрӣ муаллифи се гол гардидааст.
БОКС
Аввалин пирӯзии Миҷгона Самадова дар бокси касбӣ
Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова дар мусобиқаи бокси касбии “IBA Pro 14” дар шаҳри Москва бар намояндаи Россия Дария Абрамова пирӯз шуд. Ин аввалин пирӯзӣ барои Миҷгона Самадова дар бокси касбӣ ба ҳисоб меравад.
Муҳориба аз 6 раунд иборат буд ва дар ҷараёни он ҳар ду муштзан маҳорати хуб нишон дод.
Ин натиҷа оғози муваффақонаи фаъолияти касбии Миҷгона Самадова арзёбӣ шуда, метавонад қадами муҳиме дар идомаи корномаи варзишии ӯ гардад.
ГӮШТИИ ТАРЗИ ОЗОД
Медали нуқраи Виктор Рассадин дар Ҷоми Иван Яригин
Паҳлавони Тоҷикистон Виктор Рассадин дар Ҷоми Иван Яригин дар Красноярск медали нуқра ба даст овард.
Ҷоми Иван Яригин Мусобиқаи байналмилалии гӯштии тарзи озод буда, миёни мардон ва занон доир мешавад. Соли 2026 мусобиқа аз 29-уми январ то 1-уми феврал баргузор шуд.
Дар финали вазни 70 кг, Рассадин бо чемпиони ҷаҳон ва Аврупо, барандаи медали тиллои ҳамин мусобиқа дар соли гузашта Давид Боев рӯ ба рӯ шуд.
Ҳар ду бо суръати баланд мубориза бурд. Зӯрозмоӣ бо ҳисоби 8:6 ба фоидаи Боев анҷом ёфт.
Виктор Рассадин дар ин Мусобиқа соли 2017 медали биринҷӣ, соли 2021 медали нуқра ва соли 2022 медали тилло ба даст оварда буд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
