МОШИНҲОИ БАРҚӢ. ЧӢ ТАВР СУДИ БЕШТАР БАРДОРЕМ?

02 феврал 2026, Душанбе
6


Бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон ба нақша гирифтаанд, ки дар панҷсолаҳои наздик истифодаи нақлиёти бо муҳаррикҳои дарунсӯз ҳаракаткунандаро комилан кам карда, пурра ба нақлиёти барқӣ гузаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасмим гирифтааст, ки рӯ ба нақлиёти барқӣ орад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2021 ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дастур доданд, ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату ниҳодҳои дахлдори кишвар дар ин бобат чораандешӣ кунанд. Дар доираи иҷрои ин супориши Сарвари давлат Ҳукумати кишвар Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2028-ро тасдиқ намуд, ки айни ҳол мавриди амал қарор дорад. Фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди нақлиёти барқӣ ҳамчун нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза, бунёди инфрасохтор ҷиҳати таъмини барқ ва хидматрасонии техникӣ, коркарди технологияи безараргардонии аккумуляторҳо, инчунин, таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои ташкили заминаи моддию техникӣ ҷиҳати истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва қисмҳои алоҳидаи он аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур маънидод мегарданд.


МОШИНҲОИ БАРҚӢ ЧӢ БАРТАРИЯТ ДОРАНД?
Чунонки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи сӯхт барои нақлиёт бо муҳаррики дарунсӯзро аз хориҷи мамлакат, асосан, Федератсияи Россия ворид мекунад. Бинобар ин, нархи маводи сӯхт хоҳ барои мошинҳои дизелӣ бошад ва хоҳ бо бензин ҳаракаткунанда, дар ниҳоят ба нархи молу амвол ва роҳкиро таъсири амиқ мерасонад. Ба замми ин, нархи сӯзишвории воридотӣ доимо тағйир меёбад ва, мутаассифона, бештар рӯ ба афзоиш дорад. Аз ҷониби дигар, мошинҳои бо муҳаррики дарунсӯз ҳаракаткунанда боиси афзоиши газҳои гулхонаӣ, партовҳои зараровар, ифлосшавии ҳавои муҳит мегарданд. Самаранокии иқтисодӣ, оромии садои нақлиёт, коҳиши газҳои гулхонаӣ, партовҳои зараровар, ифлосшавии ҳаво дар шароити глобалии тағйирёбии иқлим, беҳтар шудани муҳити шаҳр аз ҷумлаи афзалиятҳои нақлиёти барқӣ мебошанд. Гузариш ба истифодаи мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон аз он ҷиҳат бартарият дорад, ки кишварамон, аз як тараф, дорои захираҳои бойи энергетикӣ мебошад ва, аз ҷониби дигар, аз маҳсулоти нафтии воридотӣ вобастагӣ дорад. Яъне, афзоиши истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар ба истифодаи самараноки маҳсулоти худӣ – барқ ва даст кашидан ё хеле коҳиш додани хариди маҳсулоти нафтӣ аз хориҷи кишвар мусоидат мекунад, ки ин аҳамияти калони иқтисодӣ дорад.


СОЛИ 2025 ТАРИҚИ ГУЗАРГОҲИ “КУЛМА” БА ВМКБ 6293 НАҚЛИЁТИ САБУКРАВ ВОРИД ГАРДИД
Ҳамагӣ ду сол пеш дар роҳҳои кишвар ҳатто дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ҳам нақлиёти барқӣ кам ба назар мерасид. Вале имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ ҳам ҳазорҳо мошинҳои барқӣ ба роҳ баромада, рӯ ба афзоиш доранд. Бинобар иттилои нозири шуъбаи таҳлил ва омори раёсати минтақавии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Мадина Танибекова, танҳо соли 2025 тариқи гузаргоҳи байнисарҳадии гумрукии “Кулма” ба вилоят 6293 нақлиёти сабукрав ворид гардидааст, ки аксарияташон мошинҳои барқӣ мебошанд.
Имрӯз қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мошинҳои барқӣ мавҷуданд ва барои пуркунии нақлиёт бо барқ дар аксарияти минтақаҳо пойгоҳҳои махсус таъсис дода шудаанд. Табиист, ки бо афзоиши шумораи мошинҳои барқӣ талабот ба пойгоҳҳои барқпуркунӣ низ меафзояд. Назар ба иттилои Исрор Исрорзода, сардори раёсати иқтисод ва ояндабинии ВМКБ, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ба ҳол 14 пойгоҳи барқпуркунии иқтидорашон гуногун амал мекунад. Дар шаҳри Хоруғ 5, Дарвоз 2, Ванҷ 2, Рӯшон 1, Шуғнон 2 ва Мурғоб 2 пойгоҳи пуркунии барқ барои нақлиёти барқӣ фаъолият дорад.
Дар машварати назоратии қарибулвуқуъ раиси вилоят Алишер Мирзонабот ташкили пойгоҳҳои барқпуркуниро дар ноҳияҳои вилоят нокифоя арзёбӣ карда, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дод, ки ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкили чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ афзалият дода, ҳуҷҷатҳои расмии ба ин самт дахлдорро бетаъхир ба расмият дароранд.


НАРХИ НЕРУИ БАРҚ БАРОИ ПУРКУНИИ МОШИНҲОИ БАРҚӢ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?
Дар баробари вусъати таъсиси пойгоҳҳои барқпуркунӣ дар вилоят масъалаи аз рӯйи адолат дар ин нуқтаҳо муқаррар кардани нархи барқ низ ҳалли фаврӣ металабад, зеро имрӯз дар пойгоҳҳои фурӯши барқи ҳудуди вилоят барои мошинҳои барқӣ ду намуди нарх ҷорӣ аст: дар нуқтаҳои барқпуркунии шаҳри Хоруғ барои як фоизи ҳаҷми умумии барқи мошин 1 сомонӣ муқаррар шудааст, дар баъзе пойгоҳҳои ноҳияҳо бошад, як кВт барқ 2,5 сомонӣ ба фурӯш меравад, дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳои кишвар нархи 1 кВт барқ дар пойгоҳҳои пуркунии барқ аз 1,5 сомонӣ зиёд нест. Дар ҳар ду ҳолат нархгузорӣ дар пойгоҳҳо баҳсбарангез аст, зеро бо фоизи иқтидори барқғунҷоиши нақлиёт гирифтани ҳаққи барқ ҳам беадолатист. Чунки дар муайян кардани нархи барқ бояд сарфи ҳар кВт барқ ба инобат гирифта шавад, на иқтидори ғунҷоиши нақлиёт. Ин ҳолатро бояд шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ВМКБ мавриди омӯзиш қарор дода, дар қиёс бо дигар манотиқи кишвар дар пойгоҳҳои вилоят нархгузориро танзим намояд. Дар нархгузорӣ бояд дар назар дошт, ки нархи неруи барқ дар ВМКБ барои корхонаҳои тиҷоратӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ арзонтар аст. Масалан, агар дар миқёси ҷумҳурӣ барои пойгоҳҳои барқпуркунӣ ҳар кВт-соат барқ бештар аз 94 дирам бошад, дар ВМКБ нархи як кВт-соат барқ барои корхонаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои барқпуркунӣ, 50 дирам муқаррар шудааст ва он бо паст шудани қурби доллар нисбати пули тоҷикӣ коҳиш меёбад.


ДАР ОЯНДА
Дар назар аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 шумораи нақлиёти барқӣ тақрибан ба 120 ҳазор мерасад. Дар ин раванд шумораи мошинҳои барқии боркаш ва дигар механизмҳо низ афзоиш меёбад. Истеҳсол ва истифодаи нақлиёти барқӣ падидаи навест, ки ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои худӣ, мисли ашёи хоми зарурӣ барои истеҳсоли аккумулятору дигар қисмҳои эҳтиётии нақлиёти барқӣ ва ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ бехатар равона гардидааст. Дар оянда, ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ истеҳсоли нақлиёти барқӣ дар кишварамон дар назар аст.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.02.2026 №: 20