СУҒД. ҶАШНИ САДА ХОТИРМОН ГУЗАШТ

02 феврал 2026, Душанбе
11

Дар майдони чойхонаи миллии Муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷашни Сада бо риояи анъанаю русуми аҷдодӣ ва намоиши техникаи кишоварзӣ, ниҳолҳои ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан, тухмии сабзавоту полизиҳо, асбобу анҷоми соҳаи токпарварӣ, таомҳои миллӣ, тухмии ғалладона, хӯшаҳо, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, хушкмева, тухмии зироатҳои кишоварзӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва шириниҳои миллӣ таҷлил шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва дигар меҳмонон аз растаҳои идона дидан карданд. 
Раҷаб Аҳмадзода сокинони сарбаланди вилоятро ба муносибати фарорасии Ҷашни Cада, ки аз ҷумлаи оинҳои бузурги ниёгони шарафманди мо маҳсуб меёбад, табрик гуфт. Зикр шуд, ки Ҷашни Сада дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, бо пешниҳоди кишвари азизамон 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Таъкид гардид, ки Ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузъи фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тули қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму оинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст. Ҷашни Сада аз оинҳои мубораку хуҷастаи гузаштагони мо ба ҳисоб рафта, дар вуҷуди худ муҳимтарин падидаҳои ахлоқиву иҷтимоӣ, рӯйдодҳои марбут ба табиат, пирӯз гардидани нур бар торикӣ ва оғози гармию равшаниро инъикос намудааст.

 
Изҳори боварӣ гардид, ки дар арафаи омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинон якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани Ватани маҳбубамон– Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯйи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош менамоянд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.02.2026 №: 20