ҶАҲОНИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК КИТОБ
(Бардоште аз “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов)
Китоби дуҷилдаи “Ёддоштҳо”-и профессор Саймумин Ятимов ба Бадахшон низ расид. Он бо теъдоди 10 адад аз ҳар ҷилд, бо саҳми хайрхоҳонаи худи муаллиф ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ворид гардид. Имрӯзҳо сермутолаатарин китоб дар байни донишҷӯёну устодони ин даргоҳи маърифат ба ҳисоб меравад. Аз номи китоб пайдост, ки аз рӯйи мазмуну мундариҷа асари ёддоштӣ мебошад. Ин қавлро хулосаи зерини муаллифи асар низ таъкид мекунад: “Вақти он расидааст, ки ба ҳамватанон дар бораи он чи аз сар гузашт, ибрози назар дошта бошам” («Ёддоштҳо», қисми 1, Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 3).
Мусаллам аст, ки ёддошт ба жанрҳои мушкилэҷоди адабиёт маҳсуб буда, навишти он диди хос, дарки амиқи матлаб ва маҳорати фавқулодаро дар таҳлили масоили доғи рӯз тақозо мекунад. Омӯхтаву андӯхтаҳо ва шинохту бардоштҳо аз ҳар як лаҳзаи зиндагӣ дар шакли ёддоштҳои ҷолибу хотирнишин ва кӯтоҳу ҳикматангез рӯйи коғаз омада, дар ҳамин китоби пурмуҳтаво манзури хонандаи ҳушманд, хоссатан аҳли зиё гардидааст. Дар нигориши ёддоштҳои хеш, муаллиф ҳеҷ майлу кӯшиш ва тақлид бар касе накарда ва нусхабардориро низ хуш надорад. Шак дар ин нукта низ нест, ки аҳли зиёи кишвар профессор С. Ятимовро чун ходими намоёни давлатӣ ва олими тавоно хуб мешиносанд ва барояш эҳтиром мегузоранд. Мавсуф дар ҳар кору вазифа, ки фаъолият доштаасту дорад, расолати равшангарию раҳнамоии хешро бидуни чашмдошти чизе баҳри рафоҳияти ҳамватанону ободонии кишвари азизамон содиқонаву сарбаландона иҷро кардааст.
Ман бо камоли завқ “Ёддоштҳо”-и профессор С. Ятимовро мутолаа намудам. Нигоҳи гиро, ақли нозукбин, фаросати баланди одамшиносӣ ва зиёда аз ин хислатҳои ҳамидаву пандомӯз ва инсонии ашхосе, ки зикри номашон дар асар меравад, муаллифро водор месозад, ки равиши зиндагиву кору пайкори минбаъдаи ононро пайгирона сабт намояд, то шавад рӯзе, ки ба ояндагон ба кор ояд. Имрӯз, хушбахтона, он таҷриба ва андӯхтаҳои С. Ятимов дар шакли ёддоштҳои ҷолибу хотирнишин ва омӯзандаву ҳикматомез, ки метавонанд барои наслҳои минбаъда дарси ибрату хештаншиносӣ шаванд, рӯйи коғаз омадаву дар китоби “Ёддоштҳо” гирдоварӣ шудаанд. Банда ҷасорати ёддоштнигории муаллифро дар радифи устоди ин жанр – Садриддин Айнӣ аҳсант мехонам ва саҳми арзишманди ӯро дар ин самт қадр мекунам.
Ин сатрҳо дар асар аз забони персонажҳо ва муаллифи он хонандаро ба андеша водор мекунанд. Махсусан, андешаи ӯ дар бораи тақдирпарастӣ қобили қабул ва писанди ақлу идрок аст. Таваҷҷуҳ шавад: “Инсон набояд тақдирпараст бошад. Ба ризқу рӯзӣ умед бандад. Марди ҳақиқӣ ба ақлу фаросат, имконияти ҷисмонӣ ва руҳиву равонии худаш такя мекунад” (ҳамон ҷо, саҳ. 106).
Аз ҷумла, дар бораи вазифа ва уҳдадориҳои омӯзгори асил профессор С. Ятимов чунин ақидаи хеле омӯзанда ва писандида дорад: “Тарбияи инсон душвортарин, ҳамзамон бузургтарин масъулият аст, ки ба дӯши муаллим вогузор шудааст (ҳамон ҷо, саҳ. 174). Нодонтарин шогирд ҳам, ба лаёқати касбӣ, тахассусмандӣ, хислатҳои инфиродӣ, маънавиёт, рафтор, кирдор, иродатмандӣ, тарзи корбарӣ, шеваи ҳаракот ва либоспӯшии муаллимон ҷиддан таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ӯро меомӯзанд. Арзёбӣ, баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ менамоянд (ҳамон ҷо, саҳ. 175). Аммо ин ҷабри ӯ барои мо беҳтар аз меҳри устодоне буд, ки дар бораашон ягон хотироте боқӣ намондааст” (ҳамон ҷо саҳ.182).
Дар хусуси даврони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ муаллиф чунин хулосаи мантиқӣ мебарорад: “Бидуни шак, синну соли мактабӣ ва донишҷӯйӣ – замони сохтмони бузурги одамиятанд. Ва ин раванд ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати руҳиву равонӣ табиист (ҳамон ҷо саҳ.176).
Ба нақши падар дар оила ҳамчун пояи устувори ин ниҳоди хурди иҷтимоӣ чунин баҳо медиҳад: “Падари сахтгир хушбахтии оила аст” (ҳамон ҷо саҳ.193).
Умуман, “Ёддоштҳо”-и донишманд Саймумин Ятимов саршор аз зарбулмасалу мақолҳо, андарзҳо, суханҳои пурҳикмат ва хулосаҳои фалсафиву мантиқӣ мебошад. Аммо ҷиҳати ба дарозо накашидани сухан мо бо ҳамин сатрҳои оварда иктифо кардем.
Майрам ИМРОНШОЕВА,
мудири китобхонаи илмии
Донишгоҳи давлатии
Хоруғ ба номи М. Назаршоев
