ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

21 феврал 2023, Сешанбе
23
0
 
ТАСС. Идораи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Туркия хабар дод, ки теъдоди фавтидагони заминларзаи харобиовар дар  кишвар ба 41156 нафар расид.
 
Газета.ру. Рӯзномаи “Ҳашти субҳ” бо истинод аз манбаъҳои  музофоти Нангарҳори Афғонистон  менависад, ки дар сарҳади байни Афғонистону Покистон дар наздикии гузаргоҳи “Торхам” миёни “Толибон” ва сарҳадбонони покистонӣ задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад.  Гуфта мешавад, ки даргириҳо баъд аз он ки “Толибон” шаби пеш гузаргоҳро барои ҳаракат бастанд, оғоз шуд.
 
Мир24. Сардори Агентии сайёҳии Приморе Арсений Крепский иттилоъ дод, ки Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 29 феврали соли 2000 дар бораи сафарҳои гурӯҳии сайёҳии бидуни раводид фаъолияташро барқарор кард.
 
Газет.ру. Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо агар ба ҳар ҳол мубориза кардан хоҳад, пас, бояд бо таваррум мубориза барад ва таҳримҳои наверо, ки ба Аврупо зарар мерасонанд, ҷорӣ нанамояд.
 
BBC NEWS. Расонаҳои давлатии Сурия бо истинод ба як манбаи низомӣ хабар доданд, ки баъд аз нимашаб Изроил ба якчанд минтақаҳои пойтахт ҳамлаҳои ҳавоӣ кард, ки дар натиҷа 5 нафар ба шаҳодат расид ва 15 кас ҷароҳат бардошт.
 
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив