ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДОКТОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ КОРЕЯ
17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд.
“Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони дар шароити муосир рақобатпазир пояҳои устувор мегузорад.
Дар саҳни Донишгоҳи Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ ҷавонони хуштолеи даврони истиқлол, ки дар донишгоҳҳои Корея таҳсили илм доранд, суҳбати самимӣ доир намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи самараноки имконияти илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва риояи одобу интизоми баланд ҳидоят намуданд.
БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАНИ ФАХРИИ 9-УМИ ТАЭКВОНДО СУПУРДАНД
17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии таэквондо (WT) маросими супурдани дани фахрии 9-уми таэквондо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар қароргоҳи Федератсия меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро президенти Федератсияи таэквондо Юн Унг Сок самимона истиқбол гирифтанд.
Қабл аз оғози чорабинӣ ба меҳмони олимақом – Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санъати муҳорибаи таэквондо намоиш дода шуд.
Сипас, президенти Федератсияи таэквондо Юн Унг Сок қарори Шуроро оид ба тақдими дараҷаи фахрии 9-уми таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.
Дар маросими тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсия барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки таэквондо, дар баробари як намуди машҳури варзиши олимпӣ буданаш, дар ҷавҳари худ фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсияи ҷаҳонии таэквондо дар рушди минбаъдаи Федератсия ва ҳадафҳои наҷиби он хоҳони комёбиҳои рӯзафзун шуданд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЧО ҶОН СИК
17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Корея Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ карданд.
Дар зимн, фаъол намудани кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҳамчун абзори мусоидаткунанда зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, фаъолияти платформаи нишасти раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди муштараки мо ва таъмини суботи минтақавӣ равона шудаанд, муҳим арзёбӣ мекунад.
Ҷонибҳо аз сатҳу ҳолати кунунии робитаҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба вусъати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Изҳори итминон шуд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея, ки 16-уми сентябр дар шаҳри Сеул баргузор гардид, барои густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Гуфта шуд, ки мусоидати парлумонҳо дар такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ аҳамияти калон дорад.
Масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин, робитаи кишварҳо дар чорчӯби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.
