Баррасии масъалаҳо оид ба омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар

18 сентябр 2026, Ҷумъа
13


16-уми сентябр дар Вазорати маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Ҷаласаро муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки омодасозии мутахассисони баландихтисос яке аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда зарур мебошад.
Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба имкониятҳои муассисаҳо, самтҳои омодасозии кадрҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои марбут ба рушди таҳсилоти касбӣ маълумот пешниҳод намуданд.


ТОҶИКИСТОН – ОЛМОН
Байни ду кишвар 42 санад ба имзо расидааст
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳамадулло Шерализода бо вакили Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон Штефан Майер мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 28-уми феврали соли 1992 барқарор гардида, то имрӯз 42 санади дуҷониба, аз ҷумла 31 созишномаи байниҳукуматӣ, 10 созишномаи байниидоравӣ ва як изҳороти муштарак, ба имзо расидааст.
Ҳаҷми савдои дуҷониба миёни Тоҷикистону Олмон соли 2025-ум 134 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.


ХАТЛОН
77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
То 10-уми сентябри соли равон аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 50,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки 77 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре хадамоти матбуоти МИМҲД вилояти Хатлон иттилоъ дод, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, барои таъсиси ҷойҳои нави кор, ҷалби сармоя ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мегузорад.


ҶАББОР РАСУЛОВ
Раҷаб Аҳмадзода аз қисмҳои ҳарбии ноҳия дидан намуд
Зимни боздид раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияту субот ва иҷрои рисолати пурмасъули ҳарбӣ саломатӣ, сарбаландӣ ва барору комёбӣ орзу намуд.
Таъкид гардид, ки истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург ва дастоварди таърихию сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ кишвари мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кард. Дар қисмҳои ҳарбӣ иншооти муосири хизматӣ ва маишӣ бунёд гардида, заминаи моддию техникии онҳо мунтазам таҳким меёбад.


Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Тула
Бахшида ба 880-солагии шаҳри Тулаи Федератсияи Русия чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин замина, бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Маркази фарҳанги тоҷикон дар ҷашнвораи «Фанфары Тульского кремля» ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакан, имконоти сайёҳӣ ва ашёи сангину чӯбии миллии тоҷикон, муаррифӣ гардиданд.


МУЪМИНОБОД
Санҷиши ҳолати омодабошии захираҳои сафарбарӣ
Дар ҷамъомад вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода ширкат намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими иқтидори мудофиавии ҳудудӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор баррасӣ гаштанд.
Ҳамчунин, ҳолати омодагии афсарону сарбозони дар эҳтиётбуда ва захираҳои сафарбарӣ санҷида шуда, ҷараёни иҷрои вазифаҳои муайянгардида аз ҷониби сохторҳои масъул мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Санаи нашр: 18.09.2026 №: 182