СОДИРОТ. АЗ СУДИ ИҚТИСОДӢ ТО МУАРРИФИИ ИҚТИДОРИ КИШВАР
Бо дарназардошти ин, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси сиёсати давлатӣ дар соҳаи содирот ва ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 ба роҳ монда, дар нимсолаи аввал як қатор корҳои муҳимро анҷом додааст.
Федератсияи Россия низ яке аз самтҳои муҳими содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Ҳайати кории Агентии содирот ба Россия сафар намуда, бо шабакаҳои бузурги тиҷоратии ин кишвар оид ба содироти ангури ватанӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баст. Ҳамзамон, масъалаи таъсиси корхонаҳои агрологистикии муштараки Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷаи ҳамкориҳои роҳандозишуда корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия – ҶДММ «Тоҷ-Рус-Экспорт» таъсис дода шуд.
Мувофиқи маълумоти Баҳриддин Сироҷиддинзода, моҳҳои май – июни соли равон тавассути корхонаи мазкур ба Россия 19 тонна гелос, 58 тонна зардолу ва 10,5 тонна олуи ватанӣ содирот гардид. Илова бар ин, аз тарафи КВД «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот, тибқи дархости ҷониби Россия, 1438,4 тонна ангур ба маблағи 8,1 миллион сомонӣ фурӯхта шуд.
Барои ворид намудани маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои нав танҳо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир кофӣ нест. Муаррифии дурусти он, пайдо кардани харидорони боэътимод ва барқарор намудани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ низ аҳамияти калон доранд. Бо ҳамин мақсад, Агентӣ дар як қатор намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ иштироки истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони ватаниро таъмин намуд.
Натиҷаҳои нимсолаи якуми соли равон нишон медиҳанд, ки тадбирҳои андешидашуда дар самти рушди содирот натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Нишондиҳандаҳои содироти молу маҳсулот ба 1,6 миллиард доллари ИМА баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 623,7 миллион доллар бештар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ин давра гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо 127 давлат 6,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 2,1 миллиард доллар зиёд аст.
Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки дар баробари афзоиши ҳаҷми содирот, ҷуғрофияи бозорҳои фурӯш низ густариш меёбанд. Тайи шаш моҳи соли 2026 аз Тоҷикистон ба 44 давлати хориҷӣ молу маҳсулоти ватанӣ содирот шуда, Швейтсария, Чин, Туркия, Ӯзбекистон ва Белгия дар панҷгонаи аввал қарор доранд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.09.2026 №: 182