ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СҲШ»

«НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СҲШ»

14 ноябр 2023, Сешанбе
44
0
Таҳти ҳамин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд. 
Академияи идоракунии давлатӣ иттилоъ додааст, ки дар ҷамъомад саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси СҲШ, ташаббусҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи ӯ дар доираи Созмон, нақши Пешвои миллат дар рушди он ва ҳалли масъалаҳои сулҳу амният дар минтақа баррасӣ гаштанд. 
 
 
 
ҶАЛАСАИ ЯКҶОЯИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ  НАМОЯНДАГОН ВА ДУМАИ ДАВЛАТИИ РОССИЯ
Ҷаласаи васеи якҷояи вакилони кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооту кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон баргузор гашт. 
Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҳолат, дурнамо ва таъмини қонунгузории тиҷоратию иқтисодии ду давлат, фаъолияти пурсамари гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
 
НАМОЯНДАГОНИ КИШВАРИ МО ДАР КОНФРОНСИ ЮНЕСКО
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии мамлакат, раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 42-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО иштирок дошт. 
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа зимни баррасии масоили дигар аз вазъи мураккаб ва фалокатбор дар Афғонистону Фаластин изҳори нигаронӣ шуда, бори дигар муроҷиати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳарчи зудтар расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи ин ду давлат ва даъват ба оташбаси фаврӣ дар Фаластин ёдрас шуд. 
 
 
 
ИШТИРОКИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР ҶАЛАСАИ КОНФЕДЕРАТСИЯ 
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил Маликшо Неъматзода дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи ҳамҷояи иттифоқҳои касабаи ИДМ, ки дар шаҳри Тошкент баргузор гашт, иштирок намуд. 
Аз Федератсия ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
 
ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА 
Дар шаҳри Алмаато Форуми минтақавӣ – ҷаласаи роҳбарони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода намояндагӣ кард. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни мулоқот якчанд лоиҳа ҷиҳати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид. 
 
 
 
ШАБАКАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ АКАДЕМИЯҲОИ МАЪМУРИИ ЧИН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ
«Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар Пекин фаъол гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ додааст.
Ташаббускори он Академияи давлатии маъмурии Чин буда, дар натиҷаи нишасти «Чин – Осиёи Марказӣ» ба миён омадааст. Шабака ба рушди ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурӣ дар самтҳои фаъолсозии мубодилаи афкор, таҳкими ҳамкорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои умумӣ барои мақсадҳо замина мегузорад. 
 
 
 
ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ДУРНАМОИ ҲАМКОРӢ БО ФАРОНСА БАРРАСӢ ШУД
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинёл мулоқот намуд.
Хадамоти матбуоти МИҲД вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо тарҳҳои муфидро ҷиҳати ҷалби сармоя ва коркарду содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон баррасӣ карданд. Ҳамчунин, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, металлургия, саноати сабук, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва сайёҳӣ муҳим шумурда шуданд.
 
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив