ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

14 ноябр 2023, Сешанбе
24
0
ФУТБОЛ
Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол аввалин бозиашро дар даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо мунтахаби Урдун анҷом медиҳад. Ин бозӣ 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки дар марҳалаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Урдун, Арабистони Саудӣ ва Покистон бозӣ мекунад. Бар асоси натиҷаҳои даври дуюми интихобӣ, ки то 11-уми июни соли 2024 идома меёбад, аз ҳар 9 гурӯҳ дудастаӣ ҳаққи идомаи бозиҳоро дар даври сеюми марҳалаи интихобӣ пайдо мекунад ва, ҳамзамон, соҳиби роҳхат ба марҳалаи финалии Ҷоми Осиё-2027 мегардад.
Дар марҳалаи сеюм 18 даста ба се гурӯҳи иборат аз шашдастаӣ тақсим хоҳад шуд ва ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон -2026 роҳ пайдо мекунад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои сеюму чорумро мегиранд, дар марҳалаи чорум ба ду гурӯҳи седастаӣ тақсим мешавад ва ғолиби ин гурӯҳҳо низ ҳаққи ширкат дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро пайдо мекунад. Ниҳоят, дар марҳалаи панҷуми интихобӣ ду дастае, ки дар гурӯҳи худ дар даври чорум ҷойи дуюмро соҳиб мешавад, бо ҳам рақобат мекунад. Ғолиб ба бозии байниқитъавии интихобӣ роҳ меёбад.
Умуман, барои қораи Осиё 8,5 ҷой ҷудо шудааст.
 
 
 
“Панҷшер” – ғолиби дастаҳои лигаи якум
Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум гардид.
Дар лигаи якум 12 даста иштирок ва ҳар даста 22 бозӣ анҷом дод. Дастаи “Панҷшер” дар 17 бозӣ пирӯз гардида, 5 бозиро мусовӣ кард ва бо 56 хол ҷои аввалро сазовор гашт. “Истаравшан” бо 49 хол ҷои дуюм, “Барқчӣ”-и Ҳисор бо 47 хол ҷои сеюмро гирифтанд.
Ҳамин тариқ, дастаҳои “Панҷшер” ва “Истаравшан” дар мавсими 2024 дар лигаи олӣ бозӣ мекунанд. Тими “Гулистон”, ки дар ҳамаи 22 бозӣ шикаст хӯрда, дар ҷои охири ҷадвал мавқеъ гирифт, ба лигаи дуюм гузашт.
 
 
 
БОКС
Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд анҷом ёфт
Аз 7-уми то 10-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд, ба муносибати Рӯзи Конститутсия, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд доир гашт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар он беш аз 80 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Беларус ширкат варзиданд. 
Варзишгарони Тоҷикистон маҳорати баланд нишон дода, соҳиби 10 медали тилло, 9 нуқра ва 16 биринҷӣ гардиданд. Ғолибон бо медал, ҷом ва ҷоизапулӣ – ҷои аввал – 8000 сомонӣ, ҷои дуюм – 5000 ва ҷои сеюм – 3 ҳазор сомонӣ – қадр шуданд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив