ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » БА ДУ ҚОНУН ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД ШУД

БА ДУ ҚОНУН ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД ШУД

02 январ 2024, Сешанбе
146
0


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи навбатӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  тағйиру иловаҳо ворид намуданд. 
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” иброз дошт, ки лоиҳаи пешниҳодшуда бо мақсади дастгирии вазъи молиявии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳӣ ба шаҳрвандон, махсусан ба сайёҳон таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа, дар қонунгузории буҷети давлатӣ муқаррароти дахлдор вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ нисбат ба воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ, ки барои навсозии аэровакзали ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” истифода мешаванд, пешбинӣ гардидааст.
- Қабули Қонуни мазкур ба беҳтар гардондани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳӣ ва ба ин васила ба стандартҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ мутобиқ намудани фурудгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад, - таъкид кард Файзиддин Қаҳҳорзода.
Дар ҳамин ҳол, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» зикр гардид, ки он бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин, дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст. Дар асоси он, минбаъд барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пардохтҳои нав ҷорӣ мегардад. Тибқи моддаи 1 қисми 1 лоиҳаи Қонун пардохти мазкур аз ҷониби мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ситонда мешавад. Он аз ҳар воситаи нақлиёт як маротиба ситонда шуда, аз натиҷаи он ба соҳибаш ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода мешавад, ки он то давраи нобудсозӣ эътибор дорад.
Ғиёсиддин Ашӯрзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, дар шарҳи Қонун иброз дошт, ки иқдоми мазкур барои ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ замина гузошта, барои татбиқи чорабиниҳои дахлдор ҷиҳати таъмини вазъи мусоиди экологӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Ҳамзамон, нисбат ба як гурӯҳ истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаашон, имтиёз муқаррар мешавад.

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив