ДАР ҚАЛБҲО, ДАР ҚАЛБҲО. ЁДЕ АЗ ҲУНАРМАНДИ ЗИНДАЁД МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов агар зинда мебуд, имсол баҳори 85-уми умрашро пешвоз мегирифт. Ӯ аз ин дунё ҷавон рафт, вале бо вуҷуди ин, тавонист номи ҷовидона биёбад. Садои нотакрор, симои хотирмон, нақшҳои офаридааш, то ҳанӯз дар ёди мост. Рустам Воҳидӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, бародари зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов хотираҳояшро дар суҳбат бо хабарнигори мо варақгардон кард:
– Аз дили мардум ёди шахсоне, ки накуном зистаанд, зудуда намегардад. Маҳмудҷон Воҳидов низ аз зумраи он ашхосе буд, ки дер омаду зуд рафт, вале дар ин фурсати кӯтоҳ ҳамеша дар ҷустуҷӯ буд ва сари ҳар вақт некӣ карданро бар дигарон дареғ намедошт. Ҳар вақте дасти ёрӣ дароз кардан ба нафаре насибаш мегардид, шукр мегуфт ва он рӯз бо табъи болидаю чеҳраи шукуфон аз худ розӣ буд.
Бори нахуст соли 1957 дар рӯзҳои даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар толори консертии ба номи Чайковскийи шаҳри Москва ҳунарнамоӣ кард. Тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб дар бар саҳна баромад ва аввалин бор бо ҳазорон нафар рӯ ба рӯ шуд. Баъд аз ин, роҳи Маҳмудҷон боз шуду муаррифгари санъати мардуми тоҷик дар кишварҳои гуногуни олам гардид. Метавон гуфт, ки нисфи умраш дар сафар бигзашт. Ин сафарҳо на танҳо дунёро барояш боз кард, балки дунёи ботинии ӯро вусъат бахшид. Маҳмудҷон дар ЭКСПО-67, ки ба муносибати 100-солагии давлати Канада барпо шуд, иштирок карда буд. Дар байни ду забони маъруфи олам: англисӣ ва фаронсавӣ, забони модарии мо пешоҳанг буд ва баланд садо медод. Оҳангу садои ин забони бостонӣ он рӯз дар саҳнаҳои бузург, дар баробари забонҳои байналмилалӣ гӯшрас мешуду ба шунавандагон писанд меомад. Маҳмудҷон Воҳидов дар он ҷо монологи машҳури “Ҳамлет” ва рубоиёти Умари Хайёмро ба забони тоҷикӣ хонда буд.
Соли 1976 дар саҳнаи театри Қирғизистон баъди намоиши моноспектакли “Гуфтугӯ бо худ” адиби барҷаста Чингиз Айтматов дар ҳаққи Маҳмудҷон чунин гуфта буд: “Тоҷикон бояд фахр кунанд, ки чунин ровӣ доранд, чунин ровӣ дар саросари Осиёи Миёна нест!”.
– Табиат ба овози Маҳмудҷон қудрате дода буд, ки хурдтарин падидаи эҳсосро равшан ифода мекард. Дар ин кор назми ҳазорсолаи тоҷик мададгораш буд. Бинобар ин, Маҳмудҷон ба ин баҳр ғӯтавар мешуду дурдонаҳои гаронбаҳое ба каф берун меомад. Ба худ ва ҳунараш бисёр сахтгир буд. Гаштаю баргашта нақшҳои офаридаашро машқ мекард, – ёд меорад Рустам Воҳидӣ.
Маҳмудҷон Воҳидов, дар баробари ровигӣ, ҳунарманди театру синамо буд. Донишкадаи санъати театри ба номи Луначарскийи шаҳри Москваро хатм намуда, муддате дар театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд кор кард. Аз соли 1961 то поёни умр ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавӣ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд. Дар драмаҳои тоҷикӣ ва асарҳои классики русу Ғарб симо меофарид. Бо истеъдоди нотакрор ва фононамоишномаҳои "Гуфтугӯ бо худ", аз рубоиёти Хайём ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, “Ватан ва фарзандон” аз ашъори шоирони муосири тоҷик, “Ишқи зиндагӣ” аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ шуҳрат ёфт. Дар филмҳои тоҷикии “Зумрад”, “Ҳасани аробакаш”, “Достони Рустам”, “Ситорае дар тирашаб”, ”Асрори гузаргоҳ” нақшҳои ҷолибу мондагор офарида, собит сохт, ки дар ҳама ҳолат барои дарёфти гуҳар дар ҳунар қодир аст. Хусусан, дар қироати шеър, ки санъати саҳнавӣ ва аз ҳунарҳои қадимиву писандидаи мардуми мост, маҳорати беҳамто дошт.
Саҳми намоёни ӯ дар театри тоҷик дар нақши Рӯдакӣ аз намоишномаи “Рӯдакӣ”-и С. Улуғзода, Ромео аз “Ромео ва Ҷулетта”-и Шекспир, Эзоп аз “Рӯбоҳ ва ангур”-и Фигейредо, Бежан аз “Бежан ва Манижа”-и Ф. Хушкинобӣ, Хизрхон аз “Фарёди ишқ”-и Ғ. Абдулло, Азиз аз “Дуэл”-и М. Бойҷиев, Воҳид аз “Бунафша”-и М. Иброҳимов, Бейлӣ аз “Ҳуррият”-и Ғ. Абдулло, Мотсарт аз “Фоҷиаи хурд”-и А. Пушкин, Мития аз “Камбағалӣ айб нест”-и Н. Островский аз офаридаҳои барҷастаи Маҳмудҷон мебошанд.
– Бародарам зиёд китобдӯсту китобхон буд, маро ҳамеша ба китобхонӣ ташвиқ мекард. Ба самти ҳунар рафтани ман низ аз таъсири ҳунари бародарам аст. Зодгоҳамон деҳаи Надокро, ки яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Ашт аст, бисёр дӯст медошт ва ҳар боре ба зодгоҳ меомад, ҳатман ба тамошои он мерафтем. Дар дафтари қайдҳое, ки аз ӯ боқӣ мондааст, чунин омадааст: “Барои ман беҳтарин давр – ин замони бачагии ман дар Надок – кӯҳистони қишлоқам мебошад. Ҳоло ёздаҳ-дувоздаҳ сол аст, ки он ҷойҳоро надидаам, аммо дар пеши назарам чун дирӯз ҷилвагар аст. Асрори кӯҳҳо, чашмаҳо, сабзаҳои лаби рӯд, насими қуллаи кӯҳҳо ҳангоми субҳу шом, ин аст баҳори умри ман”, – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дар ҷилди сеюми китоби “Рисолати касб”-и Рустам Воҳидӣ дар бораи “Охирин акси Маҳмуд дар Ватан” чунин омада: “Охирин акси Маҳмудҷон Воҳидовро замоне дарёфтам, ки соли 1989 омодагӣ ба нашри китоби “Маҳмуди сухангӯй” мерафт. Ман як қисми аксҳои Маҳмудҷонро гирифта, ба назди марҳум Муҳиддин Олимпур рафтам. Аз миёни аксҳо дутоашро интихоб намуд. Ваъда дод, ки як ҳафта пас аз захираҳои худаш бароям аксҳо медиҳад. Баъди як ҳафта наздаш рафтам. Аксҳо хеле зиёд буданд, онҳоро ба ман нишон дода, таърихи ҳар як аксро мегуфт. Дар рафти суҳбат аз миёни аксҳо якеро нишон дода, ба ёд овард: “Ин акс барои ман бештар арзиш дорад ва охирин ёдгорӣ аз Маҳмудҷон аст. Соли 1977 иттифоқ афтод, ки ман ҳамроҳи Маҳмудҷон ва ҳамсафони ӯ, ки ба рӯзҳои фарҳанг ва санъати Иттиҳоди Шуравӣ ба Ироқ мерафтанд, аз Душанбе ба Москва парвоз кардем. Дар он ҷо як рӯз вақт шуд, ки бо ҳам гузаронем. Ҳангоми сайругашт дар Майдони Сурх ман аз ӯ аксҳои зиёд гирифтам. Ӯ ба як тарафи бурҷи Кремл назар карда гуфт: “Муҳиддинҷон, акси маро тарзе бардор, ки аз пасам соати Кремл намоён бошад”. Баъди хайрухуш мо аз паси сафарҳои худ шудем. Ман ба Душанбе 17-уми ноябр баргаштам. Сад дареғ, ки ӯро як рӯз пеш аз бозгашти ман ба хок супурда буданд. Аз миёни архивам дарҳол он аксеро баровардам, ки, аллакай, таърихӣ шуда буд, бароям то ҳол муаммост, ки чаро он рӯз Маҳмудҷон мехост дар сураташ маҳз соати бурҷи Кремл бошад.
Ҳафтуми ноябри соли 1977 риштаи умри Маҳмудҷон канда шуд. Охирин сафараш ба Бағдод буд. Ӯ аз ин сафар бо тани беҷон баргашт. Дигар дар байни мо несту шеър намехонад. Орзуҳои зиёд дошт. Мехост нақши Ҳамлетро офарад, аз ашъори дӯсти худ Лоиқ моноспектакл таҳия кунад, ба ашъори Лермонтов рӯ орад, ҳунарашро дар коргардонӣ бисанҷаду дар кино нақши Фирдавсиро офарад. Барои расидан ба ин ҳама орзуҳо фурсат даст надод. Ҳамин мемонад, ки ёди ҳунари волои ӯ намоем ва дар саҳнаи дилҳою хотираҳо зиндааш бидорем.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.01.2024 №: 14