ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАДРДОНӢ.  НАҶОТДИҲАНДАГОН АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУКОФОТ ГИРИФТАНД

ҚАДРДОНӢ.  НАҶОТДИҲАНДАГОН АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУКОФОТ ГИРИФТАНД

01 март 2023, Чоршанбе
34
0
 Дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ – методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани мукофотҳо аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наҷотдиҳандагони Кумита баъди бозгашт аз Туркия баргузор шуд.
Дар маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд. 
Қоҳир Расулзода ба наҷотдиҳандагон барои кори софдилона ва пурсамар изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки имдодгарон вазифаи наҷоти ҷони одамон ва расондани ёрии саривақтӣ ба аҳолии осебдидаро пурра иҷро намуданд ва аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромаданд.
Раиси Кумита иброз дошт, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии кумита ҳамеша омода аст, ки вазифаҳои хизматии худро дар дохил ва хориҷи кишвар иҷро намояд. 
Ҳамчунин, дар ҷамъомад ширкаткунандагони амалиётҳои ҷустуҷӯву наҷот дар Ҷумҳурии Туркия суханронӣ карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба наҷотдиҳандагон изҳори сипос намуданд.
Сарвазири мамлакат ба наҷотбахшон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим намуда, онҳоро бо рутбаҳои ҳарбӣ, сипосномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва медалҳои соҳавӣ сарфароз гардонд. 
Маврид ба ёдоварист, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 22 феврали соли 2023 дар Туркия буданд ва дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагони зилзилаи мудҳиш дар ин кишвар иштирок намуданд.
Дар ин муддат ба онҳо муяссар гашт, ки баъди 5 рӯзи заминларза аз зери вайронаҳо як мардро бо тифли шашмоҳааш зинда берун оранд. Инчунин, баъди 144 соати заминларза онҳо кӯдаки 3-соларо аз зери харобаҳо зинда наҷот доданд. Дар ин муддат аз зери харобаҳои зилзила ҷасади 217 нафарро берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив