ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

20 феврал 2024, Сешанбе
33
0

 
16-уми феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор шуда, дар он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар моҳи январи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре дар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ суръати рушди иқтисоди кишвар моҳи январ дар сатҳи 8,1 дарсад таъмин гардид, вале камбудиҳои ҷиддӣ низ вуҷуд доранд.
Роҳбари давлат зикр карданд, ки фаъолияти Ҳукумати мамлакат дар ин раванд ҳанӯз нокифоя аст. Аз ҷумла, дар ин муддат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳишёбии суръати рушди соҳаҳои кишоварзӣ 1,2, саноати коркард 1,8, таъмини неруи барқ 14,9 ва соҳаи сохтмон 1,6 банди фоизӣ ба қайд гирифта шуд, ки андешидани тадбирҳои иловагиро дар ин соҳаҳо тақозо менамояд. Бинобар ин, бо назардошти торафт мураккабшавии вазъи ҷаҳони имрӯза, зарур дониста шуд, ки пешравиҳои соли гузашта бадастомадаро таҳким бахшида, барои дастовардҳои назаррас замина гузошта шавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пайомадҳои ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъкид доштанд, ки тирамоҳи гузашта ва зимистони имсола бебориш омад, ки ба соҳаҳои энергетикаву кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати пешгирии пайомадҳои хушксолӣ ва дигар омилҳои манфии таъсиррасон ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои амалӣ андешида, барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушд дар соли 2024 тамоми имконияту захираҳои мавҷударо самаранок истифода барад.
Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур гирифтанд, ки дар таҳияи дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои солҳои 2025 – 2027 нишондиҳандаҳои шиддатнокро ба асос гирифта, ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд. Хотирнишон гардид, ки, бо вуҷуди дар сатҳи 109,9 фоиз иҷро шудани нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ дар моҳи январи соли 2024, даромадҳои андоз аз ҳисоби чор сарчашма дар ҳаҷми 51 миллион сомонӣ таъмин нашуд. Аз ин рӯ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш гирифтанд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2024 пурраву басифат иҷро намуда, ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои андоз ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромад чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар баробари ин, зарур дониста шуд, ки Вазорати молия ҷиҳати иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар соли ҷорӣ тамоми тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намояд.
Инчунин, таъкид гардид, ки вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар вазорату идораҳо иҷрои супоришҳои додашударо доир ба пурра ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамаи соҳаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин созад.
Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат супориш гирифт, ки дар муддати як сол гузариши пурраи баҳисобгирии муҳосибавиро тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, таъмин намояд.
Тавре зикр рафт, моҳи январ нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ҳам барзиёд иҷро шуд, вале дар ин соҳа низ камбудиҳои ҳалталаб вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, ба Хадамоти гумрук дастур дода шуд, ки фаъолиятро дар самти рақамикунонии низом, пешгирии қонунвайронкуниҳои гумрукӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳисоби пардохтҳо ва арзиши гумрукӣ ҷоннок карда, нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукиро дар соли 2024 тибқи супоришҳои қаблӣ иҷро кунад.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати рақамикунонии самтҳои дахлдори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ки дар Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021 – 2025 пешбинӣ шудаанд ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин раванд тадбирҳои судманд андешида, бо мақсади ривоҷ ва истифодаи самараноки иқтидори инноватсионӣ, ҳамгироии фаъолияти инноватсионӣ бо сармоягузорӣ ва густариши робитаи илм бо истеҳсолот фаъолияти натиҷабахш роҳандозӣ намояд.
Ба Хадамоти алоқа дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини суръати баланди интернет бо нархи нисбатан арзон ва дастрас дар тамоми қаламрави мамлакат, бахусус минтақаҳои дурдаст, чораҳои иловагӣ андешад.
Тавре зикр гашт, моҳи январи соли 2024 суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6 фоизро ташкил дод. Дар баробари ин, таъкид шуд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат аз ҷониби масъулини Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ҳарчи зудтар бояд бартараф шаванд. Аз ҷумла, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф гаштанд, ки супоришҳои дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат додашуда, инчунин, пешгирии аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷударо иҷро намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари ёдоварӣ аз пешравиҳои назаррас дар соҳаи энергетика, ҳаҷми талафоти неруи барқ ва вазъи ҷамъоварии маблағи истифодаи онро ташвишовар номиданд.
Вобаста ба ислоҳи камбудиҳо, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҷамъиятҳои саҳомии «Барқи тоҷик», «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат, хусусан дар давраи зимистону баҳор, сарфакорона истифода бурдани маводи захирашуда, таъмин намудани реҷаи тақсимоти барқ ва об тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи энергия, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ, супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз як қатор омилҳо, хусусан шиддат гирифтани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, камбориш омадани фасли зимистон, хавфи норасоии оби полизӣ дар натиҷаи кам гардидани оби дарёҳо ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳушдор доданд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ бештар диққат дода шавад. Аз ҷумла, ба масъулони дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори баҳорӣ, иҷрои саривақтии дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, васеъ намудани майдони кишти такрорӣ, истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани 3-4 ҳосил чораҳои таъхирнопазир андешанд. Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва сохторҳои дигар вазифадор шуданд, ки доир ба таъмини реҷаи махсуси таъминоти пойгоҳҳои обкашӣ бо неруи барқ дар мавсими киштукори баҳорӣ ва фаъолияти мунтазами онҳо аз ҳозир чора ҷӯянд.
Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ муваззаф гаштанд, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати барқарор намудани соҳаи тухмипарварӣ, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки хоҷагиҳои тухмипарварӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳо тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои тақвияти корҳо дар самти афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти барвақтӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ, марказҳои логистикӣ ва дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти соҳа, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, корҳои хориҷӣ, Хадамоти гумрук, агентиҳои содирот, захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» супориш гирифтанд, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба иқтидори содироти маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба ташкили бемамонияти содироти он тавассути «долонҳои сабз» тадбирҳои мусоидаткунанда роҳандозӣ кунанд.
Масъулони Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, агентиҳои содирот ва «Тоҷикстандарт» муваззаф гардиданд, ки барои кам кардани монеаҳо дар интиқол ва транзити молу маҳсулот оид ба ташкили ташхисгоҳҳои замонавии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ, эътирофи сертификати мол дар хориҷи кишвар ва дар доираи талаботи муосир бастубанду тамғагузорӣ намудани маҳсулот чораҳои қатъӣ андешанд.
Ба Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, ки якҷо бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ намудани лоиҳаҳои таҷдиду навсозии роҳҳо, рақамикунонии соҳа ва ба роҳ мондани назорати доимии риояи меъёрҳои дар самти боркашонӣ муқарраргардида, инчунин, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳани ҳудуди вилояти Хатлон чораҳои таъхирнопазир биҷӯянд.
Масъулони Ҳукумат, вазорати нақлиёт, Агентии авиатсияи гражданӣ ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор гаштанд, ки дар хусуси ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни Тоҷикистон ва кишварҳои шарик, кушодани хатсайрҳои нав ва васеъ намудани парки авиатсионии ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ кунанд.
Аз роҳбарони вазорату идораҳои бахши иҷтимоии кишвар тақозо гардид, ки камбудиҳои дар маҷлиси васеъ зикршударо бартараф сохта, аз иҷрои қатъии супоришҳои мушаххаси додашуда, ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд.
Вобаста ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бори дигар таъкид гардид, ки намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти банақшагирифташуда, сифати корҳои сохтмонӣ ва ҳолати нигоҳдорию истифодабарии минбаъдаи онҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Зикр рафт, ки иҷрои супоришҳои дар Паёми Роҳбари давлат 28-уми декабри соли 2023 ва маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат 24-уми январи соли 2024 додашуда ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзгардонӣ таъмин гардида, оид ба натиҷаҳои кор ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод шавад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал вазифадор шуданд, ки барои васеъ намудани майдони ҷангалзор ва сабзгардонии саросари кишвар ва, ба ин васила, то соли 2037 ба кишвари воқеан сабз табдил додани Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ба масъулони Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал дастур дода шуд, ки доир ба амалисозии барномаи сабзгардонӣ, зиёд намудани хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва дар тамоми кишвар шинондани то ду миллиард бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Дар робита ба таҷлили шоиста аз Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки яке аз бузургтарин идҳои миллӣ ба шумор меравад, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор шуданд, ки ба тозагиву озодагӣ, ободу сабзкории шаҳру ноҳияҳои мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин, барои захираи кофии маводи озуқа дар ҳар як оилаи мамлакат, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз тамоюлҳои имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид сохтанд, ки мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худро самаранок истифода бурда, амнияти озуқавории кишварро таъмин намоем, зеро тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо соли 2024 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта мураккабу вазнин мегардад. Бо назардошти чунин шароит барои ҷиддан беҳтар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи қонунгузории танзими расму ойинҳо ва маросиму маъракаҳо, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар назди тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва зиёиёну фаъолон вазифаҳои қатъӣ гузошта шуданд.
Дар фароварди баррасии ин мавзуъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон омода бошем”.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, таъсиси Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026, ташкили Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Санаи нашр: 19.02.2024 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив