АЛЕКСАНДР СЕМЁНОВ. ДӮСТИ ТОҶИКОН ДАР СЕ ДАВРАИ САРНАВИШТСОЗИ ТАЪРИХӢ
Яке аз донишмандони ҳақҷӯ, ки барои миллати тоҷик хидмати шоён кардааст, таърихнигор Александр Семёнов мебошад. Мавсуф соли 1873 дар вилояти Тамбови Русия ба дунё меояд. Солҳои 1895-1900 дар Донишгоҳи забонҳои шарқи Маскав таҳсил менамояд ва пас аз хатми он барои кор ба Осиёи Марказӣ омад. Ӯ дар се давраи сарнавиштсоз бо тоҷикон буд: замони ҳукмронии манғитиҳо, даврони ҷумҳурии мухтор гаштани Тоҷикистон (1924) ва чун кишвари алоҳидаи шуравӣ арзи ҳастӣ намудани он (1929). Дар ин се давра ҳамаи донишашро бедареғ сарф кард, то ки тоҷикон чун миллати бостонӣ шинохта шуда, соҳиби қаламрави муайян бошанд.
СЕМЁНОВ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Сабаби ба омӯзиши таърихи тоҷикон камар бастани Семёнов на танҳо майлу рағбати ӯ ба кори илмию пажӯҳишӣ, балки ҳангоми донишҷӯӣ шинос шудан бо мардумшинос А. Бобринский буд. Гурӯҳи мардумшиносии рус, ки соли 1897 азми сафари диёри тоҷикон дошт, Семёновро ҳамчун тарҷумон ба ҳайати хеш шомил кард.
Аз нахустин сафар ба Осиёи Марказӣ Александри ҷавон таассуроти зиёде бардошт. Гурӯҳ водиҳои Зарафшон, Рашт ва Бадахшонро тай намуда, маводи фаровони илмӣ гирд овард, ки дар чандин мақола ва китобҳои А. Семёнов «Тавсифи мардумшиносии кӯҳсори Зарафшон, Қаротегин (Рашт) ва Дарвоз» (1903) ва А. Бобринский «Кӯҳистониёни сароби Панҷ» (1908) инъикос ёфтанд.
Солҳои 1901-1917 А. Семёнов дар вазифаҳои гуногуни маъмурӣ, аз ҷумла коргузори дастгоҳи генерал-губернатори Осиёи Марказӣ, мушовири намояндаи Русия дар Аморати Бухоро фаъолият намуда, бо омӯзиши таърих ва фарҳанги тоҷикон машғул мешавад.
“ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН АЗ ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН ФАРОТАР МЕРАВАД”
Баъди инқилоб ва ташкили Иттиҳоди Шуравӣ Семёнов ба фаъолияти пажӯҳишӣ ва омӯзгорӣ гузашта, дар таъсиси Академияи илмҳо ва осорхонаҳои кишварамон саҳм гирифт.
Соли 1924, баъди ноадолатона ва бидуни ягон принсипи илмиву ҷуғрофӣ марзбандӣ шудани Осиёи Марказӣ, А. Семёнов, М. Андреев, В. Бартолд ва дигарон Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардуми ориёинасли берун аз онро дар Тошканд созмон доданд.
– Дар нахустмаҷмуаи созмон – «Тоҷикистон» (1925), А. Семёнов мақолаи арзишмандеро бо унвони «Ёдгориҳои моддии тамаддуни ориёӣ» интишор сохт. Ин матлаб эътирози ӯ ба он ашхосу неруҳои бадхоҳе буд, ки ҳуқуқи халқи куҳанбунёд ва поягузору соҳиби тамаддуни минтақа – тоҷиконро поймол карданд ва ҳангоми марзбандӣ, водиҳои зархез, шаҳру деҳаҳои бостониашонро ба кӯчиён доданд, – менависад номзади илмҳои таърих Усмон Эшонзода.
Ба ин суханони таърихии Семёнов таваҷҷуҳ кунед (тарҷимаи Усмон Эшонзода): «Тоҷикон ворисони қадимтарин сокинони минтақа – Ориёни Осиё, буда, ба гурӯҳи эронии ин қавми бузург мансубанд. Агар имрӯз дар бархе аз нуқоти ин минтақа мардуми ориёӣ (тоҷикон) набошанд ҳам, мероси боқимондаашон аз гузаштаи онҳо шаҳодати қотеона медиҳад. Ин далел аст, ки тамаддуни ориёӣ бо қаламрави Тоҷикистон маҳдуд нест, балки ба дуриҳои беохире паҳн шудааст. Ва осори дурахшони онро ҳанӯз дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон) ва фаротар аз он мебинем».
СЕМЁНОВ – АВВАЛИН ДИРЕКТОРИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТАЪРИХИ АМИТ
Соли 1929 Тоҷикистон кишвари ҳафтумини Иттиҳоди Шуравӣ гардид ва Семёнов ҳамкориро дар соҳаи илм оғоз намуд.
Моҳи апрели соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт ва А. Семёнов ба сафи аввалин академикҳои он баргузида шуд. Моҳи июни ҳамон сол Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба фаъолият пардохт ва Семёнов аввалин сарвари он таъин гашт.
Семёнов пас аз академик интихоб шуданаш, ба пажӯҳиши таърих пардохт. Мактаби омӯзиши таърихро муназзам сохт. 300 асари илмии вай имрӯз ҳам мавриди баҳрабардорист.
Александр Семёнов ҳанӯз дар Тошканд фароҳамсозии феҳристи таъриху фарҳанги тоҷикии порсиро оғоз бахшид. Баъдтар, бо гурӯҳи калони олимон ин корро дар Душанбе давом дод ва ҳангоми тадвини ҷилди шашуми феҳрист, ки 85 сол дошт, аз ҷаҳон чашм пӯшид (1958).
Асоси кори бунёдии Семёнов феҳристнигории осори хаттии Шарқ мебошад. Ба ҳамин хотир, дастхатшинос, профессор Франсис Ришар (Фаронса) ӯро“падар”-и феҳристнигории тоҷик меномад, ки барҳақ аст. Маҳз ӯ нагузошт, ки сарчашмаҳои муҳими таърихи тоҷикон ва мардумони Шарқ ба нобудӣ равад.
Баъди он ки Семёнов ба Душанбе кӯчид (1951), китобхонаи шахсии худро таъсис дод ва феҳристи бузургу камёфти осори хаттии моро ба вуҷуд овард. Пеш аз марг васият кард, ки китобхонаи ӯ ба ихтиёри АМИТ гузарад. Ҳоло он дар ихтиёри олимони мо Лола ва Лариса Додхудоеваҳо мебошад.
Ғафур Шерматов, таърихнигори тоҷик, баъди ҷустуҷӯҳои тулонӣ, соли 2013 дар шаҳри Душанбе хокҷои Семёновро ёфт ва он тавассути гурӯҳи ихтиёриёни “Памят-201” таъмиру таҷдид гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 27.02.2024 №: 40