Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони офати табиӣ
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 75 оилаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод ва 60 оилаи ноҳияи Рашт кумакҳои якдафъаина расонда шуданд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кумакҳо аз орд, шакар, равғани рустанӣ, нахуд, биринҷ, ҷав, картошка, сабзӣ, пиёз, рахти хоб – кӯрпа, рӯйпӯш, матрас, болишт, мӯзаи резинӣ, ароба ва бел иборатанд.
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэнду
27-уми май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Чин Ван Фенчао вохӯрд.
Тавре ба мо дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр тавзеҳ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориро дар сатҳи шаҳрҳои Душанбе ва Чэнду аз рӯйи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хуб арзёбӣ намуда, оид ба тавсеаи ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш табодули афкор карданд.
Ҷаласаи Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шурои федератсияи Россия
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сездаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия бо тариқи онлайн баргузор гашт.
Аз Маҷлиси намояндагон ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа аъзои Комиссия оид ба ҳамкорӣ аз ҳар ду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду давлат иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаи омодагӣ ба Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ
«Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ, ки дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод, баргузор гашт, иштирок намуд»,– хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба рӯзномаи ҷаласа дувоздаҳ масъалаи марбут ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод дар бахшҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика дохил шуда, ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, телекоммуникатсия, ҳифзи муҳити зист, рушди долонҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)