ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

10 июн 2024, Душанбе
113
0
 
7-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, минтақа ва ноҳияи Рашт, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардорони шуъбаҳои якум ва дуюм дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳо дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Кӯҳистони Мастчоҳ,  Деваштич ва Истиқлоли вилояти Суғд, Хуросон, Норак, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Роғун, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар ҳидоят намуда, доир ба мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона, ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун, вазифаҳои мушаххас гузоштанд. 
Бо ёдоварӣ аз вазъи зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон таъкид гардид, ки иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз ҳар як корманди соҳа ва бахусус ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳушёрию зиракии доимӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд.
– Донистани  забонҳои хориҷӣ, бо назардошти таҳдидҳои замони муосир истифода аз технологияҳои рақамӣ, такмили донишу маҳорати касбӣ, омодагии ҷисмонӣ, интихоб ва таъини кадрҳои  дорои савияи донишу малакаи баланди касбӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбари воҳидҳои сохтории Вазорат ба ҳисоб мераванд,– таъкид намуданд Сарвари давлат.
Таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар доираи низомнома ва санадҳои  меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва муборизаи беамон бо коррупсия дар тамоми сохторҳои Вазорат аз дастурҳои Пешвои миллат буданд, ки зимни суҳбат ироа гардид.
 
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив