ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКОН»-И ГРЕБЁНКИН. РИСОЛА ВА ШАХСИЯТИ КАМШИНОХТА

«ТОҶИКОН»-И ГРЕБЁНКИН. РИСОЛА ВА ШАХСИЯТИ КАМШИНОХТА

22 июн 2024, Шанбе
51
0
Афанасий Давидович Гребёнкин аввалин олиме мебошад, ки бо номи «Таджики» («Тоҷикон») соли 1872 асари алоҳида навишт. Мешавад гуфт, ки ӯ аз аввалин шахсиятҳои илми ибтидоии тоҷикшиносӣ аст. Вижагии фаъолият ва навиштаҳояш дар он аст, ки онҳо на ба замони шуравӣ, балки ба даврони шоҳигарии Россия рост омаданд. Ӯ ба Варорӯд омада, бо тоҷикон ҳамсуҳбат шуда, забони моро то ҷое омӯхт ва пажӯҳиши махсус ҳам бурд. Дар Истаравшан муддате мудирияти милитсияро пеш бурд. Дар навиштаҳои Гребёнкин, дар баробари андешаҳои хубу расо, устувору санҷидашуда, ҳамзамон, фикру мулоҳизаҳояш, ки аз ҷавҳари илм камтар бархӯрдоранд, низ ҳастанд. Мутаассифона, натавонистем касеро ёбем, ки ба шинохти моҳияти «Таджики»-и ӯ амиқ пардохта, ба он нақди муфассалу дақиқ навишта бошад.
 
ДАРИЧАИ МУАРРИФӢ
Мавсуф 5-уми июли соли 1840 дар Русия ба дунё омад. Марди низомӣ буд ва дар замони императории Россия то рутбаи полковникӣ расид. Бо ордени Георгийи муқаддаси дараҷаи 4 сарфароз гардидааст. Академияи артиллерии Михайловскиро соли 1861 хатм карда, муддате дар Минск адои хидмат кард. Роҳбари баталёни Туркистон ҳам буд. Як замони дигар роҳбарии молу колои низомии генерал Иван Романовскиро бар дӯш дошт.
Ба Тоҷикистон, бавижа ба ноҳияи Ӯротеппа (имрӯза шаҳри Истаравшан) фиристода шуд ва барои фаъолияти назаррас ҳамчун сардори милитсияи Истаравшан соли 1866 унвони капитанӣ гирифт.
Соли 1869 сардори молу колои низомии марзи Зарафшон таъин гардид. Соли 1870 масъули молу колои низомии Генерал-губернатори Туркистон шуд. Соли 1888 вафот кард.
Ёдовар бояд шуд, ки дар бораи рӯзгор ва осори Гребёнкин на дар Энсиклопедияи советӣ ва на Энсиклопедияи миллии тоҷик иттилое нест. Зиндагиномаи ӯро аз китоби  “Русские военные востоковеды до 1917 года” (Москва, 2005) ба тоҷикӣ тарҷума кардем, вале аксашро наёфтем.
 
ЭКСПЕДИТСИЯИ ИСКАНДАРКӮЛ
5-уми майи соли 1867 Самарқанд ба шоҳигарии Россия ҳамроҳ гардид ва зарурати омӯхтани водии Зарафшон ба вуҷуд омад. Дар ҳамин давра аввалин гоми Гребёнкин ҳамчун шарқшинос аз иштироки ӯ дар экспедитсияи низомиву илмии Искандаркӯл оғоз шуд. Маҳз баъди ин экспедитсия дар дилаш нияти навиштани матлабҳое доир ба бошандагони водии Зарафшон ва гирду атрофи он пайдо шуд. Баъди сафари бобарори Искандаркӯл, бо медали хурди нуқрагии Созмони ҷуғрофии Россия қадр гардид. Нахустин матлабҳои илмиву оммавии ӯ дар бораи тоҷикон дар маҷмуаи “Русский Туркестан” (1872) чоп шудааст.
Ба экспедитсияи низомиву илмии Искандаркӯл, ки баҳори соли 1870 бо сарпарастии генерал Абрамов ва роҳбарии Александр Людвигович оғоз шуд, чанд олими ҷавон шомил буданд, ки инҳоянд: набототшинос А. П. Федченко, кӯҳгард Д. К. Мишенков, топограф А. М. Скасси  ва капитан А. Д. Гребёнкин, донандаи шеваҳои забонҳои бумӣ.
Онҳо якҷо табиат ва мардуми Фондарё, Яғноб, Искандаркӯл, Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Моғиёнро омӯхтанд.
Экспедитсияи мазкур аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки он дар замони шоҳигарии Россия гузаронда шуд ва барои дар оянда мавқеъ пайдо кардани Россия дар Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошт.
 
АЗ ПАЙИ ТОҶИКОН
Дар байни иштирокдорони экспедитсия Гребёнкин як силсила мақолаҳо навиштааст, ки ҳама бо номи “Таджики” машҳур аст. Ӯ дар ин силсилаи фарогир ба ҷустуҷӯи вожаҳои “тоҷик”, “тад” ва “сарт” пардохта, ба бозкушоии хӯю хислати ин қавми куҳанбунёд мекӯшад. Ӯ низ мисли Хаников вожаи тоҷикро баромада аз “тоҷ” медонад. Мардуми таҳҷоӣ низ ба ӯ мефаҳмонанд, ки ниёгони мо тоҷдорон буданд ва мо ин номвожаро нигаҳ доштаем.
Албатта, “тад” ва “сарт” ҳамчун ном барои тоҷикон дар байни қабилаҳои туркӣ ошнотар аст. Инҳо танҳо нисбат ба тоҷикони кӯҳистон истифода мешуд ва ҳар гуна шарҳ доранд.
Ба шаҳр ва шаҳрсозӣ майли шадид доштани тоҷиконро таҳқиқ карда, менависад: “Манзили аслии зисти тоҷик шаҳр аст ва ӯ фақат дар шаҳр хешро дар муҳити муътадили зист эҳсос мекунад. Тоҷикон ҳунармандони асиланд ва дар бисёр соҳаҳои ҳунар қариб рақибе надоранд. Тоҷикон мардуми боистеъдоданд”.
Дар маҷмуъ, тарҷума шудани матни рисолаи Гребёнкин ба забони тоҷикӣ, омода кардани матни илмӣ-интиқодии он дар кӯтоҳтарин фурсат зарур аст. Бо вуҷуди каму костиҳо доштан, рисола дар шинохти асолати тоҷик, ҷойгоҳи ояндаи он дар Варорӯд хеле омӯзанда хоҳад буд.
Дар суҳбат бо кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш низ маълум гардид, ки дар бораи рӯзгор ва осори ӯ хеле кам кори пажӯҳишӣ бурда шудааст. Моро на бояд фаромӯш кард, ки омӯхтани асарҳои чунин шахсиятҳо барои худшиносиву худогоҳӣ бисёр муҳим мебошад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.06.2024 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив