ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДРИДДИН АЙНӢ: “ФРЕЙМАН ТОҶИКШИНОСИ ҲАҚИҚАТГӮ АСТ!”

САДРИДДИН АЙНӢ: “ФРЕЙМАН ТОҶИКШИНОСИ ҲАҚИҚАТГӮ АСТ!”

11 июл 2024, Панҷшанбе
7
0
Ному насаби Александр Фрейманро аз номаҳои устод Садриддин Айнӣ дида, пайи ҷустуҷӯи осор ва рӯзгори ӯ гардидем. Мувофиқи номае, ки Камол Айнӣ ҳангоми аспирант буданаш дар Донишгоҳи Санкт-Петербург ба падараш Садриддин Айнӣ менависад (соли 1949), Фрейман дар як ҷаласаи бошукӯҳи илмӣ дар Академияи фанҳои ИҶШС бархоста, аз ҳуқуқи тоҷикон дифоъ мекунад. Тақсими осори адабиву фарҳангӣ ва бузургони тоҷику порсро байни кишварҳои порсизабон, бавижа дар Варорӯд, ноодилона арзёбӣ карда, аз муқоисаи пораҳое аз Авесто, достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо шеърҳои мардумии тоҷик “исбот намудааст, ки ҳамаи онҳо аз они халқи тоҷик аст” (Аз китоби “Мактубҳо”-и Садриддин Айнӣ, 2024).
Бино ба навиштаи устод Садриддин Айнӣ, Фрейман дар он конфронси илмӣ қариб яку ним соат дар бораи забону адабиёти тоҷикон сухан ронда, ба бисёр масъалаҳои нозуки тоҷикшиносӣ равшанӣ андохтааст. 
Устод Садриддин Айнӣ ба Мирсаид Миршакар дарҳол нома навишта, хоҳиш мекунад, ки бо пешниҳоди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фрейман дар асоси маърузаи хеш мақолае нависад ва он ба ду забон – русиву тоҷикӣ, дар Тоҷикистон чоп шавад. Ҳамин тавр, бо миёнаравии Мирзо Турсунзода ин пажӯҳишгари ҳақиқатгӯ дар бораи тоҷикон мақолаи калонҳаҷм менависад.
Баррасии масъалаи муносибат бо шарқшиносон аз тарафи тоҷикон низ бисёр омӯзанда мебошад, ки дар ин мактуб ишораҳо рафтааст. Аз ҷумла, устод Айнӣ менависад: “Дар сурате ки ҳамсоягони мо ба Бровков ва ба Толстов муносибати сахт нигоҳ медоранд, то ки онҳо ба таърихи инҳо ёрӣ диҳад. Мо чаро олимони холисро, ки ихтиёрӣ дар таърихи мо кор карда истодаанд, ба худ накашем? Дар ҳақиқат, Фрейман ягона олими тоҷикшинос аст, ки танҳо ба илм – ба ҳақиқат дода шудааст”.
Паёми ба навиштани мақола розӣ шудани Фрейманро устод аз писараш Камол фаҳмида, боз ба Мирзо Турсунзода нома мефиристад, ки моҳи августи соли 1949 Фрейман 70-сола мешавад ва ба ин муносибат, Ҳукумати Тоҷикистон ба ӯ унвони фахрии Ходими шоистаи илми Тоҷикистонро диҳад. Устод дар ин бора Бобоҷон Ғафуровро низ тавассути корманди ҳукумати давр Пӯлодов огоҳ мекунад.
Ҳамин тавр, бо пешниҳоди устод Садриддин Айнӣ ба ин профессор ва эроншиноси рус соли 1949 унвони Ходими шоистаи илми Тоҷикистон дода шуд. 
 
ФРЕЙМАН ДАР КӮҲИ МУҒ
Ин марди бузург барои илми суғдшиносӣ ва хондани хатти суғдӣ соли 1933 хидматҳои бедареғ кард. Китобҳои “Согдийский сборник”(“Маҷмуаи суғдӣ”, Ленинград, 1934) ва “Описание, публикации и исследование документов с горы Муг” (Москва,  1962) маҳз аз таърихи пеш аз исломии тоҷикон баҳс мекунанд. Аз ҷумла, чопи “Маҷмуаи суғдӣ” дар олами суғдшиносӣ дастоварди бузург буд. Он ҷо бори аввал хатти суғдиро тавассути номаҳои Деваштич рамзкушоӣ кард. Асари мазкур, бино ба навиштаи шарқшинос С. И. Баевский, дар шинохти забони суғдӣ давраи навро оғоз кард (These works opened a new era in Sogdian studies). 
Мо, албатта, чӣ гуна ба даст омадани ҳуҷҷат ва номаҳои Деваштич – шоҳи Суғдро дар соли 1932 аз тарафи чӯпоне бо номи Ҷӯраалӣ Маҳмадалӣ хуб медонем, аммо мазмуни ҳуҷҷату номаҳо чи буд, камтар кас огаҳ аст. Ҳуҷҷатҳо дар сабад нигаҳдорӣ шуда, бештарашон фарсуда буданд.
Соли 1933 акс-нусхаи ин ҳуҷҷатҳоро аз Душанбе ба хатшиноси номвари шуравӣ Фрейман ба шаҳри Санкт-Петербург мефиристанд. Дар натиҷа, ӯ муайян мекунад, ки хат бо ҳуруфот ва забони суғдӣ навишта шудааст. 
Ҳамон сол бо роҳбарии Фрейман экспедитсияи бостоншиносӣ ташкил шуда, пажӯҳиш, кашфи рамз ва маънӣ кардани матнҳои суғдӣ оғоз мешавад. Сипас, эроншиносони Санкт-Петербург И. Э. Смирнова, М. Н. Боголюбов, В. А. Лившитс ба ин кор ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷаи фаъолиятҳои мӯшикофонаи ин донишмандон, парда аз асрори кӯҳи Муғ бардошта шуд. Мазмуни асноди пайдошуда имкон дод, ки манзараи низоми иҷтимоӣ ва ҳаёти иқтисодии Суғд дар оғози асри ҳаштумро бо факту далел зинда бибинем. 
Ин ҷустуҷӯ ва таҳқиқот имкон дод, ки соли 1946  бо  ташаббуси  котиби  якуми Кумитаи марказии Ҳизби  коммунисти Тоҷикистон  Бобоҷон Ғафуров зери роҳбарии  шарқшинос,  узви вобастаи Академияи илмҳои ИҶШС А. Якубовский  экспедитсияи бостоншиносии “Тоҷику Суғд” оғоз ёбад ва он 68 сол боз идома дорад.
Фрейман, ҳамзамон, дар шинохти забони хоразмӣ хидмат карда, рисолаи арзишманди “Хорезмийский язык. Материалы и исследования” (“Забони хоразмӣ. Мавод ва ҷустуҷӯҳо”. Москва, 1951)-ро чоп мекунад. Дар ин асар исбот мекунад, ки забони хоразмӣ як шохаи забони тоҷикӣ-порсӣ аст.
 
ЗИНДАГИНОМАИ ПАЖӮҲИШГАР
Фрейман Александр Арнолдович  22-юми августи соли 1879 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ба дунё меояд. Пас аз хатми гимназияи  Варшава, соли 1903 факултети шарқшиносии Университети Петербургро ба итмом расонда, омӯзиши забонҳои эронии қадимро дар Институти дастхатҳои Шарқи Олмон оғоз намуд. Солҳои 1919-1950 профессор ва мудири кафедраи филологияи эрони Университети давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) буд. Аз соли 1950 то поёни умр дар шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АИ СССР фаъолият дошт. Аз поягузорони мактаби муосири забоншиносии таърихию муқоисавии забоншиносии эронӣ эътироф мегардад. Ба паҳлуҳои гуногуни забони «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ низ таваҷҷуҳ намудааст. 
Осораш, ки қариб сад таълифотро фаро мегирад, ба чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудааст. 
19-уми январи соли 1968 дар шаҳри Санкт-Петербург чашм аз ҷаҳон пӯшид. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив