ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » HAMSTER KOMBAT. ТО МУВОҶЕҲИ ХАТАР НАГАРДЕМ!

HAMSTER KOMBAT. ТО МУВОҶЕҲИ ХАТАР НАГАРДЕМ!

22 июл 2024, Душанбе
68
0

Вақтҳои охир як навъи бозии онлайнӣ маъмул шудааст, ки натанҳо ҷавонону калонсолон, балки ноболиғон ҳам ба он таваҷҷуҳ пайдо кардаанд. Тарғибгарони бозӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум соҳиби пули бедарди миён шуданро ваъда дода, ба ин васила мехоҳанд корбарони худро бештар намоянд. Номи бозӣ Hamster Kombat, як навъи эътирофнашудаи криптовалюта (асъори рақамӣ) дар биржаи тиҷорати электронист, ки ба эҳтимоли зиёд бисёре аз корбарон чӣ будани онро ба пуррагӣ сарфаҳм намераванд. Пас, чӣ бояд кард, то мувоҷеҳи хатар нагардем? 

ЧАРО ТАВАҶҶУҲ БА HAMSTER KOMBATБЕШТАР ГАШТ?

Hamster Kombat барномаест, ки корбаронро даъват мекунад, то нақши директори биржаи криптовалютиро иҷро кунанд ва токенҳоро тавассути пахши экран  ҷамъоварӣ намоянд. Корбарон ҳангоми бозӣ тангаҳои маҷозӣ ба даст меоранд. Ба ғайр аз пахши экран, инчунин, тавассути ҷалби бозигарони нав ва афзудани теъдоди обуначиён ба телеграм-канали расмии бозӣ метавон шумораи тангаҳоро бештар кард. Айни замон, гирифтани пул аз барнома имконнопазир аст, зеро токен ба кор андохта нашудааст. Ин пас аз баровардани криптовалют ва листинг дар биржаҳои крипто имконпазир мегардад. Дар ин ҳолат, бозигарон метавонанд тангаҳои дохилии худро нақд кунанд. Ин бозӣ ҳоло аз рӯи шумораи корбарон рекорди барномаҳои шабеҳ, аз қабили Notcoin-ро  шикаста, истифодабарандагонаш аз 100 миллион нафар гузаштааст, ки  тақрибан се маротиба аз барномаи болозикр бештар мебошад.

Таҳлилгарон яке аз сабабҳои зиёд шудани алоқамандони бозиро дар он мебинанд, ки вақте аввалин маротиба соли 2009 криптовалюта (биткоин) пайдо шуд, иттилоъ оид ба онро мардум бовар надошт. Аммо солҳои охир дар ҷаҳон афзоиши босуръати бозори асъори криптовалютӣ ба мушоҳида расида, ҳаҷми умумии сармояи онҳо танҳо дар соли 2021 ба 2,3 триллион доллари ИМА баробар гашт. Маблағи бештари сармоягузорӣ бошад, ба биткоин рост омада, ҳаҷми он 0,9 триллион доллар ё 38 дарсадро ташкил дод. Шояд ин яке аз сабабҳое бошад, ки таваҷҷуҳи мардумро ба тиҷорати криптовалютӣ афзуд. 

КРИПТОВАЛЮТА

Тиҷорати онро Тоҷикистон манъ кардааст, дигар давлатҳо чӣ?

Аммо фаъолияти чунин биржаҳо паҳлуи манфӣ ҳам дорад, ки бо ин сабаб чанде аз кишварҳо тиҷорати онро иҷозат намедиҳанд. Яке аз онҳо Тоҷикистон аст.

Ба иттилои Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз, дар қонунгузории Тоҷикистон ин намуди фаъолият – тиҷорати криптовалюта иҷозат дода нашудааст ва шахсони ба он алоқаманд метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Масалан, соли 2022 чандин нафар барои пайваст кардани майнинг зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима шуда буданд. 

Ба мисли Тоҷикистон кишварҳои дигар, аз қабили Миср, Непал, Боливия, Алҷазоир, Бангладеш, истифодаи криптовалютаҳоро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ ё маҳдуд кардаанд. 

ЭҲТИЁТКОР БОШЕМ!

Ҷойи таъкид аст, ки асъори рақамӣ ҳамчун дороии хавфи баланддошта эътироф мегардад. Ба андешаи коршиносон, азбаски махфият ва амнияти муомилоти криптовалютӣ хело баланд аст, бинобар ин, барои Ҳукумат пайгирии ҳар як истифодабарандаи он, аз ҷумла аз рӯи суроғаи ҳамён ва маълумоти онҳо, душвор аст.

Истифодабаранда дар сурати гум кардани рамзи ҳамёни худ, имкон надорад маблағашро бозпас гирад. Аз ҷониби дигар, ҳарчанд асъори криптовалютаҳо бехатар арёбӣ мешаванд, аммо биржаҳо дар ин ҷода чандон боэътимод нестанд ва дуздии маълумот низ ба назар мерасад. 

Аз паҳлуи равоншиносӣ назар кунем, чунин бозиҳо метавонанд мушкилоти ҷиддии равониро, алахусус дар кӯдакон ва наврасон, ба вуҷуд оранд. Равоншиносон мегӯянд, ки кӯдакон ва, ҳатто, калонсолон метавонанд ба чунин бозиҳо одат кунанд ва аз хондан дур шаванд. Гузашта аз ин, рафтори онҳо тағйир меёбад ва онҳо хашмгин мешаванд.

Хулоса, криптовалюта ҳам паҳлуҳои мусбат дораду ҳам манфӣ. Ҳоло, ки ҷомеа бо ин навъи асъор пурра ошно нест, кор гирифтан бо он метавонад барояшон хатарнок бошад. Аз ин рӯ, зарур аст бе донистани функсияи корӣ, ҳадаф, бехатарии барнома вориди он нашавем. Кӯдакони худро низ нагузорем вобастаи чунин бозиҳо шаванд. 

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,

"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив