ГӮШТӢ
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё 7 медал гирифтанд
16-уми июл дар шаҳри Срирачаи Тайланд Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ миёни наврасон (U-15) ва ҷавонон (U-20) оғоз шуд, ки то 24-уми июл идома меёбад.
Паҳлавонони мо миёни наврасон сазовори 7 медал – 2 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ гаштанд. Дар гӯштии юнонӣ-римӣ Маҳдӣ Баротов (52 кг) ва Амирҷон Обидов (57 кг) медали тилло ба даст оварданд. Ғаниҷони Шероз (75 кг) медали нуқра, Шоҳиҷаҳон Бобоев (62 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар гӯштии тарзи озод Идрис Баҳромов (62 кг) ба дарёфти медали нуқра, Умар Раҳимов (52 кг) ва Худойдод Ҳакимов (85кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.
ШОҲМОТ
Дар Душанбе мусобиқаи “Ҷоми Коиноти нав” доир гашт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот (20-уми июл) дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷоми Коиноти нав” мусобиқа дар панҷ категория миёни кӯдакону наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд.
Миёни кӯдакони то 8-сола Карима Олимшоева ва Аҳмад Шамсов, миёни кӯдакони то 11-сола Ёсамин Холова ва Имрон Муминов, миёни наврасони то 14-сола Закиябону Муъминова ва Назар Ғафуров, миёни наврасони то 17-сола Шукрона Зафарӣ ва Ҷалолиддин Илҳомӣ ва миёни калонсолон Рухшона Саидова Алишер Каримов ғалаба ба даст оварданд.
Ғолибон бо диплом ва ҷоизаҳои пулӣ (ҷойи аввал 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2500 ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ) қадр гардиданд.
БОКС
8 медали муштзанҳои ҷавон дар Қазоқистон
16 - 20-уми июл дар шаҳри Костанайи Қазоқистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон бахшида ба хотираи бародарон Айтановҳо барпо гашт.
Дар зӯрозмоӣ 121 варзишгар аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Урдун, Ироқ, Покистон ва Қирғизистон ширкат кард. Муҳорибаҳо дар 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.
Варзишгарони мо маҳорати баланд нишон дода, сазовори 8 медал (3 тилло, 5 биринҷӣ) гардиданд. Медалҳои тиллоро Дамир Муйбалихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Идрис Элназаров (+92 кг) ба даст оварданд. Ҳасанҷон Ҳалимов (48 кг), Абубакр Қобилов, Анушервон Фозилов (54 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг) ва Рустам Мамадпаноев (80 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ гаштанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)