ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ РУШДИ УСТУВОР ВА ШУКУФОӢ
Қосим-Жомарт ТОКАЕВ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон
Минтақаи Осиёи Марказӣ дар тули асрҳо ҳамчун фазои ягонаи геополитикӣ ва маънавӣ амал карда, дорои захираҳои бузурги табиӣ, сармояи тавонои инсонӣ, мероси ғании фарҳангиву таърихӣ мебошад. Дар паҳнои ин минтақа империяҳо ба вуҷуд омаданд ва фурӯ пошиданд, аммо ҳувияти хоси онҳо ҳамеша нигоҳ дошта мешуд. Аз замонҳои қадим мардуми мо бо тамаддунҳои гуногун робитаи созгор доштаанд. Маҳз ба шарофати ҳамин, Осиёи Марказӣ бо ҳифзи фарҳанги қавмӣ ва маънавии худ дар таърихи Роҳи бузурги Абрешим ва дар маҷмуъ, Авруосиёи бузург нақши калидӣ бозид.
ҲАДАФҲОИ РУШДИ МУШТАРАК
Дар марҳалаи таърихи навтарини рушд давлатҳои мо озмоишу душвориҳои зиёдеро паси сар карданд. Пешгӯиҳои бадбинона дар бобати пайваст шудани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи ба ном “давлатҳои ноком” тасдиқ нашуданд, балки давлатҳои минтақа тавоноии худро собит карданд ва дар ҷомеаи байналмилалӣ мақоми сазоворро соҳиб шуданд.
Ба шарофати ваҳдату хиради мардумонамон мо ягонагии арзӣ, озодӣ ва истиқлоли худро тақвият бахшидем. Муболиға намешавад, агар бигӯем, ки имрӯз ҳар як кишвари минтақа таҷрибаи беназири худро дар сохтмони давлатӣ, рушди иқтисоди бозорӣ, барқарорсозии мероси фарҳангӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ касб кардааст. Ниҳодҳои ҷамъиятию давлатӣ навсозӣ гардиданд. Зерсохтҳо ва саноати рушдёфта ба вуҷуд омада, ҳазорон километр роҳҳои нави оҳану мошингард ва объектҳои муҳими иҷтимоӣ сохта шуданд. Роҳи мо ба сӯи ошкорбаёнӣ ва бозсозӣ афзоиши пайдарпайи иқтисоди миллӣ ва ҳамгироӣ ба муносибатҳои иқтисодии ҷаҳониро таъмин кардааст.
Рушди муназзами низоми маориф, нигоҳдории тандурустӣ ва таъмини нафақа боиси беҳбуди қобили таваҷҷуҳи вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ гардид.
Муносибатҳои байнидавлатии дохили минтақа низ ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд. Миёни кишварҳо дар ҳама сатҳҳо муколамаҳои созандаи дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳои судманд инкишоф меёбанд. Пешравӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои мушкилсоз, ки қаблан аксар вақт боиси ихтилофҳо мегардид ва ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои минтақавӣ монеъ мешуд, аҳамияти асосӣ дорад.
Муваффақият дар ҷустуҷӯи роҳҳои ба ҳамдигар судбахш дар соҳаи обу энергетика сазовори баҳои баланд аст. Барои пешбурди тадриҷии масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатӣ, беҳбуди кори гузаргоҳҳои сарҳадӣ, тавсеаи робитаҳои нақлиётӣ, ба кор андохтани хатсайрҳои нав ва осон кардани рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Равандҳои наздикшавӣ ба муттаҳидсозии талошҳо ба хотири таъмини амният ва шукуфоии дарозмуддати минтақа пайваста ва бебозгашт гардиданд.
Имрӯз муносибатҳои панҷ давлати минтақа ба сатҳи шарикии амиқи стратегӣ ва иттифоқӣ расида, дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ бо муҳтавои хос пурра шудаанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд стратегияи амалгароёнаи худро барои муносибатҳои сиёсати хориҷӣ таҳия кунанд, ки тавозуни устувори манфиатҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавиро ба вуҷуд оварда, ба мо имкон дод, ки дар равандҳои ҷаҳонӣ ширкаткунандаи комилҳуқуқ бошем.
НАҚШИ МИНТАҚА ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД
Ба шарофати мавқеи ҷуғрофӣ давлатҳо ва мардумони Осиёи Марказӣ дар тули садсолаҳо ҷиҳати ғанисозии фарҳанги ҳамдигар ва ба роҳ мондани муколамаи байни тамаддунҳо дар қитъа мусоидат карданд. Дар ҳифзи сулҳ ва ҳамфикрӣ саҳми босазое гузоштанд. Имрӯз Осиёи Марказӣ ин рисолати наҷиб ва масъулиятнокро бомуваффақият идома медиҳад. Кишварҳои мо дар бобати масъалаҳои рушди устувор, таъмини амният ва суботи ҷаҳонӣ ҳамдигарро дар доираи сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ намуда, қатъномаҳои муҳими Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро ҷонибдорӣ мекунанд.
Самти рушди Осиёи Марказӣ – садоқат ба арзишҳои анъанавӣ дар якҷоягӣ нишон додани ирода ба навсозӣ ва донишҳои пешрафта мебошад. Ин омил минтақаи моро ба ширкаткунандаи худкифо ва таъсиргузор дар низоми навшудаи байналмилалӣ табдил медиҳад. Имрӯз ҳадафи мо таҳкими нақши худ ҳамчун маркази авруосиёии дигаргуниҳои байналмилалии геополитикӣ ва геоиқтисодӣ аст.
Иқтидори афзояндаи иқтисодӣ, боз будан ба навовариҳо ва иқтидори зеҳнӣ барои табдили минтақа ба яке аз омилҳои низоми ҷаҳонии муосир замина фароҳам меорад, ки давлатҳои мо барои ин ҳама захираю имкониятҳоро доранд. Муттаҳид намудани кӯшишҳо дар чаҳорчӯби иштироки муштарак дар лоиҳаҳои минтақавӣ бо шарикони беруна барои пешбурди ҳамаҷонибаи мавқеъҳои муштарак дар майдонҳои муколама қобили таваҷҷуҳи махсус аст.
Мутмаинам, вақти он расидааст, ки Осиёи Марказӣ на танҳо ҳамчун пайвандгари байни Осиё ва Аврупо, балки ҳамчун як бозигари алоҳидаи минтақавӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеъ гирад, ки қодир аст, ба як маркази нави ҷозибаи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
ҚОЛАБИ НАВИ ҲАМКОРӢ
Равшан аст, ки даҳсолаи оянда барои минтақаи мо ҳалкунанда хоҳад буд ва ин танҳо ба худи мо вобаста аст, ки аз ин шонси таърихӣ то чи андоза самаранок истифода мебарем. Дар шароити нооромиҳои ҷаҳони муосир мо дар минтақа фазои эътимод ва амнияти муштараки тақсимнашаванда фароҳам оварда, монеаҳоро дар роҳи ҳамкориҳои минтақавӣ аз байн бурдем ва барои ба сатҳи сифатан баланд бардоштани ҳамкориҳои гуногунҷанба замина фароҳам овардем.
Қазоқистон бо Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равобити ҳампаймонӣ барқарор карда, ҳамкориҳои стратегии худро бо Туркманистон ба таври муназзам густариш медиҳанд. Кишварҳои минтақа як формати беназири ҳамкориҳои Осиёи Марказиро ташкил додаанд, ки бар пояи чунин принсипҳои бунёдӣ, аз қабили эҳтироми байниҳамдигарӣ ба истиқлол, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва ҳалли мусолиматомези ихтилофоти эҳтимолӣ асос ёфтааст.
Панҷ Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона, Тошканд, Туркманистон, Чолпон-Ота ва Душанбе баргузор шуданд. Натиҷаҳои онҳо, бидуни муболиға, ҳамкориҳои минтақавиро амиқтару густариш дода, ба равандҳои ҳамгироӣ хусусияти пешқадам, системавӣ ва муҳимтар аз ҳама доимӣ бахшиданд.
Дар нахустин вохӯрӣ дар Остона соли 2018 самтҳои асосии ҳамкориҳои панҷ кишвари минтақа муайян шуданд. Дар натиҷа, робитаҳо дар соҳаи таъмини амнияти минтақавӣ фаъол гардиданд. Зимни вохӯрии дуюми худ дар Тошканд соли 2019 раҳбарони Осиёи Марказӣ бо як қатор ташаббусҳои густарда ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ баромад карданд. Аз ҷумла, Қазоқистон дар мавриди зарурати имзои Шартномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI ва баргузории вохӯриҳои муназзами котибони шуроҳои амниятии кишварҳои минтақа ташаббус нишон дод. Натиҷаи муҳим, бешубҳа, қабули Низомномаи баргузории нишастҳо буд.
Рӯзномаи нишасти сеюм дар Туркманистон соли 2021 хеле гуногунранг буд. Сарони давлатҳо ташаббуси даъвати анҷуманҳои байнипарлумонӣ ва ҷавонон, инчунин, таъсиси Шурои соҳибкоронро пешниҳод карданд. Тасвиби рамзҳои вохӯриҳои машваратӣ қобили таваҷҷуҳ буд.
Натиҷаҳои асосии сиёсии вохӯрии чорумин дар Чолпон-Ота соли 2022 оғози расмиёти имзои Шартномаи панҷҷонибаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI, инчунин, тасвиби Барномаи “Рӯзномаи сабз” барои Осиёи Марказӣ ва Консепсияи ҳамкорӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба буданд.
Дар вохӯрии ҷашнии солгарди панҷумин соли 2023 дар Душанбе қадами аввал дар самти институтсионализатсияи формати вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гузошта шуд. Сарони кишварҳо тасмим гирифтанд, ки Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ (барои вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ) таъсис дода шавад.
Дар ҳошияи Вохӯрии шашуми машваратӣ дар Остона, вохӯриҳои роҳбарони вазоратҳои нақлиёт боз ҳам афзун шуда, нахустин ҷаласаи вазирони энергетика, инчунин, мулоқоти вазирон ва мансабдорон оид ба масъалаҳои васоити ахбори омма ва иттилооти кишварҳои минтақа баргузор гардиданд.
Дар маҷмуъ, вохӯриҳои мунтазами сатҳи олӣ ба кори муштарак дар тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд. Ба ин, пеш аз ҳама, қабули «харитаҳои роҳ» оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ хизмат мекунад, ки дар онҳо тадбирҳои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ муайян карда шудаанд. Дар натиҷа, дар минтақа муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва соҳибкорӣ ба таври назаррас фаъол шуданд ва дар муддати кӯтоҳ аз рӯи меъёрҳои таърихӣ Осиёи Марказӣ ба як минтақаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо иқтидори босуръат рушдёбандаи савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт ва мухобирот табдил ёфт.
ЧАШМАНДОЗИ МУШТАРАКИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ
Мулоқоти қаблӣ дар Душанбе бори дигар тасдиқ кард, ки равандҳои муттаҳид кардани саъю талошҳои ҳамаи панҷ давлат ба хотири шакливазкунии “хонаи умумии мо” барои табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба минтақаи аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта ва шукуфон такон мебахшанд. Нишасти ахир дар Остона бошад, бо натиҷаҳое, ки дар пай дошт ба рушди давлатҳои минтақа барои панҷ соли оянда (2024-2028) марҳалаи навро боз хоҳад кард.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамкориҳои дохилиминтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам барои ҳифзи худ ҳамчун минтақаи махсуси тамаддунӣ ва ҳам барои ба эътидол овардани минтақа ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда аҳамияти калон пайдо мекунанд. Асли муттаҳидкунанда бояд мукаммал будани панҷ давлат бо шарти умумияти таърихӣ ва фарҳангии кишварҳо ва мардумони мо бошад. Ҳамон гуна, ки Форобии бузург мефармояд: “Агар мардум барои расидан ба саодат ба якдигар ёрӣ расонанд, тамоми замин бофазилат мешавад”.
Дар марҳалаи нави рушд дар назди мо як қатор ҳадафу вазифаҳои муҳим меистанд, ки ҳалли онҳо тақдири минтақа ва мардуми дар ин ҷо истиқоматкунандаро муайян мекунад:
Якум. Нигоҳ доштани сулҳу субот на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар минтақаҳои ҳамсоя ҳамчун шарти асосии рушду пешрафти дарозмуддат.
Яке аз ҷанбаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Қазоқистон ин тамоюл ба тавозун аст. Мо ҳамеша ба асли «Сулҳ болотар аз ҳама чиз» риоя мекунем. Қазоқистон ҷонибдори риояи қатъии принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳо мебошад. Бо итминон метавонам бигӯям, ки дар робита бисёр кишварҳое ҳастанд, ки дидгоҳи Қазоқистонро ҷонибдорӣ мекунанд. Мавқеъҳои бисёр кишварҳо якдилона буда, ба эҷоди тартиботи одилона ва пешбинишавандаи ҷаҳон нигаронда шудаанд.
Дар пасманзари идомаи вазъи мураккаби низомию сиёсӣ дар периметри Осиёи Марказӣ зарурати ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати дифоъ ва амният ба миён омадааст. Таъсиси сохтори амнияти минтақавӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи Феҳрасти хатарҳои амниятӣ барои Осиёи Марказӣ ва чораҳои пешгирии онҳо, аҳамияти хоса дорад.
Афзалиятҳои асосии давлатҳои минтақа ташаккули фазои ҷудонашавандаи амният дар Осиёи Марказӣ, ҷустуҷӯи равишҳои ҳамаҷониба барои ҳалли масъалаҳои асосӣ дар мубориза бо таҳдидҳои анъанавӣ ва нав, таҳияи чораҳои вокуниш ва пешгирӣ, инчунин, ҳамкории фаъол бо СММ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар ин самт мебошанд.
Дуюм. Рушди минбаъдаи иқтидори иқтисодӣ, вусъат додани робитаҳои ҳамкорӣ.
Вазифаи муҳими кишварҳои мо, бешубҳа, ташаккул додани заминаи мустаҳками иқтисодии ҳамкории бисёрҷониба мебошад. Имрӯз ба шарофати саъю талоши муштараки кишварҳои минтақа ва иқтидори тавонои иқтисодӣ Осиёи Марказӣ ба як минтақаи имкониятҳои бузург дар тиҷорат, сармоягузорӣ, илм ва навоварӣ табдил ёфта истодааст.
Майдони умумии давлатҳои мо 3 миллиону 882 ҳазор километри мураббаъ, аҳолӣ бештар аз 80 миллион нафар, маҳсулоти умумии дохилӣ ба 450 миллиард доллари ИМА мерасад. Дар ин минтақа тақрибан 20 дарсади захираҳои урани ҷаҳонӣ, 17,2 дарсад нафт ва 7 дарсад гази табиӣ мавҷуд аст. Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати истеҳсоли ангишт ва неруи барқ дар ҷаҳон мутаносибан мавқеи 10 ва 19-умро ишғол мекунад.
Тавсеаи фанноварии иқтисодиёти мо вазифаи муҳим буда, аз вобастагии захираҳо тадриҷан дур шудан лозим аст. Дар ин замина, рақамисозӣ ва саноати эҷодӣ, ки васоити ахбори омма, синамо, мусиқӣ, тарроҳӣ, маориф ва технологияҳои иттилоотиро фаро мегиранд, метавонанд нуқтаҳои рушди иқтисодӣ шаванд. Кишварҳои минтақа барои эҷоди лоиҳаҳои муштарак дар ин самт имконоти хуб доранд. Равнақи соҳаҳои рақамӣ ва эҷодӣ ба гузариши пайваста аз иқтисодиёти ба захираҳо асосёфта ба истеҳсоли оқилона мусоидат хоҳад кард.
Сеюм. Минтақа ҳамаи имконотро дорад, ки яке аз марказҳои муҳимтарини нақлиётиву логистикӣ ва транзитӣ дар сайёра гардад. Осиёи Марказӣ босуръат ба як ҳалқаи калидии иртиботҳои ҳамлу нақли ҷаҳонӣ табдил меёбад. Пеш аз ҳама, ин лоиҳаи умедбахши Чин «Як камарбанд – як роҳ» ва долони байналмилалии нақлиётии «Шимол-Ҷануб» мебошад, ки дар он тамоми кишварҳои минтақа то ин ё он дараҷа ҷалб шудаанд.
Имрӯз давлатҳои мо дигар ғояҳои ояндадорро оид ба ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ пеш мебаранд. Қазоқистон дар якҷоягӣ бо шариконаш масири байналмилалии нақлиётии Транс-Хазарро (Долони миёна) фаъолона рушд дода истодааст, ки ҳаҷми ҳамлу нақли он дар дурнамои миёнамуҳлат метавонад панҷ маротиба афзоиш ёбад.
Дар робита ба рушди инфрасохтори баҳрии Қазоқистон – бандарҳои Ақтау ва Қурик имкониятҳои нав ба бор меоранд, ки тавассути онҳо ҳаҷми афзояндаи бор аз Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қафқози Ҷанубӣ, Туркия ва минбаъд ба Аврупо мегузарад. Долонҳои нақлиётие, ки тавассути қаламрави Афғонистон таҳия мешаванд, баромад ба бозорҳои ояндадори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва бандарҳои уқёнуси Ҳиндро фароҳам меорад, ки ин ба манфиати тамоми минтақа хоҳад буд.
Бо муттаҳид кардан ва вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар дохили Осиёи Марказӣ ва бо кишварҳои берун аз он, мо метавонем ба бисёре аз ҳадафҳои худ ноил гардем.
Чорум. Таҳияи равишҳои муштарак барои таъмини амнияти об, энергетика ва хӯрокворӣ.
Мушкилоти нарасидани об, ки солҳои охир қариб тамоми кишварҳои минтақаро фаро гирифтааст, ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишоварзон таъсири манфӣ расонда, боиси хисороти ҷиддии иқтисодӣ ба аҳолӣ мегардад. Дар ин замина, мехостам нақши истисноии Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро ҳамчун платформаи нодири минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли муҳимтарин мушкилоти обу энергетика, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ таъкид намоям.
Ҳамчун раиси феълии ББНА, Қазоқистон пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар доираи Бунёдро фаъол созанд ва ба таъсиси Консорсиуми байналмилалии об ва энергетикӣ якҷоя шуруъ кунанд, ки ба он ҷойгир кардани ҷузъи ғизо низ муҳим аст, зеро масъалаи об ба амнияти озуқавории минтақа ҳамбастагии ногусастанӣ дорад. Кишвари мо чун анъана тарафдори муколамаи созандаву ошкоро барои ҳалли ин масъалаҳо мебошад.
Лоиҳаҳои энергетикии аср барои тамоми минтақа метавонанд сохтмони НБО “Роғун” дар Тоҷикистон ва Неругоҳи “Қамбар-Ота-1” дар Қирғизистон бошанд. Сохтмони ин иншоотҳо барои ҳамаи тарафҳо самараи чандбаробарӣ меорад.
Ба амнияти озуқавории ҷаҳонӣ буҳрони ҷории геополитикӣ таъсир мерасонад. Барои кам кардани вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз омилҳои беруна дар ин самт тадбирҳои ҳамоҳангшуда зарур аст. Ба ин манзур Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки Нақшаи стратегии таъмини амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ то соли 2030 бо ташаккули як платформаи ягонаи иттилоотӣ барои таҳлил ва табодули маълумот байни панҷ кишвар таҳия шавад.
Воситаи муҳими коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ гузариш ба “иқтисоди сабз” мебошад. Дар минтақа хоҳиши амалӣ намудани иқтидори бузурги табиии энергияи барқароршаванда, ки мо дар ихтиёр дорем, мавҷуд аст. Истифодаи густурдаи энергияи барқароршаванда на танҳо ба муҳити зист тавассути коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ фоида меорад, балки ба беҳтар шудани амнияти энергетикӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Панҷум. Муҳимтарин ва арзишмандтарин манбаи Осиёи Марказӣ насли ҷавони равшанфикр аст. Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои «ҷавонтарин»-и ҷаҳон аст. Синни миёнаи аҳолӣ дар ин ҷо ҳамагӣ 28,7 солро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобҳои СММ, то соли 2040 синни миёнаи сокинони минтақа боз ҳам коҳиш ёфта, 28,3 солро ташкил хоҳад дод, ки хеле камтар аз пешгӯиҳои дигар минтақаҳо (Амрикои Шимолӣ – 41,5, Аврупо – 46,8, Чин – 48) аст.
Ин бартарии беҳамтои рақобатӣ мебошад, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамаи панҷ кишвар имкониятҳои васеъро боз мекунад. Ҷавонон метавонанд неруи пешбарандаи равандҳои навсозӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, технологӣ ва фарҳангӣ гарданд. Калиди муваффақият дар муҳити рақобати ҷаҳонӣ маҳз дар дасти насли наврас аст. Дар ин замина, амиқтар кардани ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф, таҳкими робитаҳои ҷавонон ва ташкили минбарҳои муштарак, ки баҳри тавсеаи имкониятҳо ва иқтидори насли наврас нигаронда шудаанд, вазифаҳои таъхирнопазир мебошанд.
Дар навбати худ, Қазоқистон ба рушди ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, кушодани филиалҳои байни донишгоҳҳо ва факултетҳои муштарак фаъолона мусоидат мекунад. Мо хоҳиши ҷавонони кишварҳои ҳамсояро барои гирифтани маълумоти олӣ дар Қазоқистон хеле қадр мекунем ва аз ҷониби худ квотаҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳоямон ба таври қобили мулоҳиза зиёд мекунем. Имрӯз дар донишгоҳҳои Қазоқистон ҳудуди 9 ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил мекунанд.
Айни замон бо саъю талошҳои муштарак мо дилпурона ба сӯи бунёди фазои ягонаи таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ пеш рафта истодаем.
Шашум. Ташаккули ҳувияти тамаддунии кишварҳои мо дар асоси ҳамоҳангсозии робитаҳои фарҳангиву башардӯстии мардумони бародар рисолати муҳим аст.
Бо бунёди симои муосири Осиёи Марказӣ, мо ба ҳувияти миллӣ ва минтақавии шаҳрвандони худ нигоҳи нав эҷод мекунем. Моро тафаккури хоси Осиёи Марказӣ мепайвандад, ки дар заминаи он фарҳангу анъанаҳои хос ташаккул ёфтааст. Рукнҳои ҳувиятии минтақа эҳтиром ба решаҳои муштараки таърихӣ, муколамаи байнифарҳангӣ ва ҳамоҳангии байни мазҳабҳо мебошад.
Ҳофизаи таърихӣ асоси шахсияти миллии мардумони моро ташкил медиҳад. Ифтихори асоснок аз корнамоии аҷдодонамон ва фарҳанги ғанӣ такони ҷиддӣ барои рушди бомуваффақияти миллатҳо дар замони ҳозира ва, инчунин, ба фардои дилпурона пеш рафтани онҳо хизмат мекунад. Бинобар ин, мо бояд ба саҳифаҳои дурахшони гузаштаи умумии худ бештар таваҷҷуҳ кунем. Ман навиштани таърихи умумии Осиёи Марказиро дар асоси сарчашмаҳои туркӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, русӣ ва Аврупои Ғарбӣ кори хеле муфид медонам, ки ҷонибдорони зиёд хоҳад дошт.
Дар хотима мехоҳам таъкид намоям: ҳамкориҳои минтақавӣ на танҳо воқеияти айнӣ, балки зарурати ҳаётан муҳим низ мебошад. Дар шароити номуайянии геополитикӣ ва таназзули модели мавҷудаи тартиботи ҷаҳонӣ, ин, воқеан, ягона равиши амалгароёна аст. Ояндаи мо ба мустаҳкам намудани муттаҳидӣ, боварии ҳамдигарӣ ва ошкорбаёнӣ ба тамоми ҷаҳон вобаста аст. Танҳо дар асоси ин усулҳо мо метавонем эҳёи Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи пӯё, навовар ва ғанӣ аз фарҳанг таъмин кунем.
Тақвияти ваҳдати минтақавӣ ҳамчун посухи беҳтарин ба чолишҳои имрӯза ва оянда хизмат карда, имкон медиҳад, ки равишҳои муттаҳидшудаи ҷилавгирӣ аз тамоюлҳои манфӣ таҳия шавад ва заминаи чораҳои муассир барои муқовимат ба ҳар гуна қувваҳои беруна гардад.
Бо ин ҳадафҳо бо пешниҳоди Қазоқистон Консепсияи рушди ҳамкориҳои минтақавии «Осиёи Марказӣ-2040» таҳия шудааст, ки дар он роҳнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи панҷҷониба инъикос ёфтааст.
Дар навбати худ, мо ба принсипи «Осиёи Марказии муваффақ – Қазоқистони муваффақ» пайваста пайравӣ мекунем ва омода ҳастем, ки равандҳои ҳамгироиро то дараҷае, ки шарикон ва ҳампаймонҳои стратегии мо дар минтақа омода бошанд, минбаъд инкишоф диҳем.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)