ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАДРДОНӢ

ҚАДРДОНӢ

19 август 2024, Душанбе
9
0
Ҳавасмандгардонии ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор қадршиносӣ намудани ҷоизадорону иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва собиқадорони соҳаи варзиш чорабинии тантанавии фарҳангӣ баргузор намуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода варзишгарони кишварро, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба натиҷаи баланд сазовор шуданд, бори дигар табрик намуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳар сол заҳмату талош ва кӯшишҳои масъулони соҳаи варзиш ва варзишгарон қадр мешаванд.
Ҳамин тариқ, ба барандагони медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024: Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев маблағ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари ИМА, унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ба мураббиёни онҳо бошад, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон тақдим гашт. Ҳамзамон, ҳамаи 14 варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 муаррифӣ намуданд, бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳо ҳавасманд гардиданд.
Аз ҷониби маркази савдои “Пайкар” ба варзишгарон корти харид бо имтиёзи 50 ҳазор балл ва аз тарафи ширкати мобилии “Tcell” симкорт бо рақами тиллоӣ туҳфа шуд.
Дар идомаи қадршиносиҳо Темур Раҳимов дар зодгоҳаш – ноҳияи Рӯдакӣ сазовор пешвоз гирифта шуда, ба ӯ маблағ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва хонаи истиқоматӣ тақдим гашт. 
 
 
ФУТБОЛ
Ҳарифони клубҳои Тоҷикистон дар Лигаи чемпионҳои КФО маълум шуданд
17-уми август дар Куала-Лумпур (Малайзия) маросими қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2 барои мавсими 2024-2025 баргузор гашт.
Дар натиҷа, чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол» шомили гурӯҳи «С» шуд. Ҳарифони бошгоҳи шаҳри Душанбе дастаҳои «Сипоҳон» (Эрон), «Шарҷа» (АМА) ва «Ал-Ваҳдат» (Урдун) гардиданд. Барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2023 – “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи «А» бо бошгоҳҳои “Ал-Вақра” (Қатар), “Трактор” (Эрон) ва “Моҳун Баган” (Ҳиндустон) бозӣ мекунад.
Дар натиҷаи бозиҳои марҳалаи гурӯҳӣ ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбад.
 
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ: 
“Истиқлол” ба сатҳи чемпионӣ наздик аст
Бозиҳои даври 14-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дар бозии марказии давр “Равшан”-и Кӯлоб бар тими артиш – КМВА бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Пешсафи чемпионат – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб кард (2:0). Миёнаи ҳафта тими Душанбе бозии мавқуфмондаи даври 12-умро бо дастаи “Истаравшан” доир кард, ки он бозӣ ҳам бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. 
Дар бозиҳои дигар “Хуҷанд” аз “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:2, “Вахш” аз “Барқчӣ” (0:1) шикаст хӯрда, “Эсхата” бар “Ҳосилот” (3:1) ғолиб омад. Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” – “Панҷшер” мусовӣ (0:0) шуд.
Дар даври навбатӣ, ки 6-8-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст, “Равшан” бо “Эсхата”, “Барқчӣ” бо “Куктош”, КМВА бо “Истаравшан”, “Регар-ТадАЗ” бо “Ҳосилот”, “Панҷшер” бо “Вахш” ва “Истиқлол” бо “Хуҷанд” бозӣ мекунанд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив