ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

21 август 2024, Чоршанбе
4
0
ГӮШТИИ МИЛЛӢ
Душанбе – мизбони Чемпионати ҷаҳон
Рӯзҳои 30-31-уми август дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ – гӯштигирӣ доир мегардад.
Дар он зиёда аз 200 варзишгари 60 давлати ҷаҳон дар 9 вазн - 3 вазн миёни бонувон ва 6 вазн миёни мардон, иштирок хоҳад кард. Фонди ҷоизавии зӯрозмоӣ 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра – 10 ҳазор ва медали биринҷӣ 5 ҳазор доллари ИМА тақдим мешавад. Инчунин, дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷойи аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5000, 3000 ва 2000 доллари ИМА сарфароз мегарданд.
Бино ба иттилои сармураббии тими мунтахаби гӯштигирии Тоҷикистон Хуршед Ибайдуллоев, ҷумҳурии моро 18 нафар – дар ҳар вазн дунафарӣ, намояндагӣ мекунад, аз ҷумла Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев (65 кг), Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов (71 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов (78 кг), Умар Расулов, Ҳақназар Назаров (86 кг), Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов (95 кг), Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов (+95 кг) миёни мардҳо; Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан (52 кг), Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова (70 кг), Мавлуда Одинаева, Сабрина Холова (+70 кг) миёни бонувон.
 
 
 
БОКС
Давлат Болтаев ба бокси касбӣ мегузарад
Муштзан Давлат Болтаев ҳам дар бокси касбӣ ва ҳам бокси ҳаваскорӣ баромад мекард ва дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Ӯ дар бокси касбӣ чор муҳориба гузаронда, дар ҳар чор пирӯз гаштааст.
Мураббии варзишгар Андрей Ивичук, мутахассиси рус, аз нақшаи ояндаашон гуфт: “Давлат дар Олимпиадаи Париж се муҳориба гузаронд ва ҷойи сеюмро гирифт. Феълан, Давлат як муддат истироҳат мекунад ва баъди ин мо пурра ба бокси касбӣ хоҳем гузашт”.
 
 
 
ТАСМИМ
6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ доир намешавад 
6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ – Бангкок-Чонбури-2021-ро Шурои олимпии Осиё лағв кард, зеро Кумитаи тадорукоти Бозиҳо то муҳлати охирин меъёрҳои дар шартномаи шаҳри мизбон пешбинишударо иҷро карда натавонист. 
Кумитаи тадорукот моҳи майи соли гузашта дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё ваъда дода буд, ки тамоми талабот то моҳи июли соли 2024 қонеъ мегардад.
Дар ҷаласаи фаврӣ, ки 15-уми август баргузор шуд, Кумитаи иҷроияи Шурои олимпии Осиё якдилона розӣ шуд, ки, агар Кумитаи тадорукоти 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ нуҳ шартро барои кафолати баргузории бозиҳо то рӯзи 19-уми август иҷро накунад, бозиҳоро лағв менамоянд. Шартҳо то муҳлати муқарраршуда иҷро нашуданд.
Оғози 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2021 дар нақша буд, сипас, бо сабаби пандемияи COVID-19 ва иваз гаштани роҳбарияти Тайланд, ба солҳои 2022, 2023 гузаронданд ва ниҳоят рӯзҳои 21-30-юми ноябри соли 2024 ба нақша гирифта шуд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 21.08.2024 №: 160
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив