ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ. АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛ

ВАРЗИШ. АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛ

11 сентябр 2024, Чоршанбе
12
0
 
Дар баробари ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, дастовардҳои варзишии кишвар дар як соли охир беназир буд, ки муҳимтаринҳояш аз сентябри соли 2023 то сентябри соли 2024 пешкаш мегардад.
 
ПАРИЖ - 2024
XXXIII Бозиҳои Олимпиада аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд. Ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки аз 14 варзишгар иборат буд, сазовори се медали биринҷӣ гашт, ки таърихӣ аст. Қаблан дар ягон бозиҳои тобистонаи олимпӣ варзишгарони мо 3 медал нагирифта буданд. Медалҳоро Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) дар ҷудо ва Давлат Болтаев (-92 кг) дар бокс сазовор гаштанд. 
Онҳоро 14-уми август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд. Ҳар як ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж соҳиби мукофоти давлатӣ - ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ - Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардиданд.
 
БОЗИҲОИ ОСИЁ
XIX Бозиҳои Осиё аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир гашт. Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 108 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш ба бозиҳо сафарбар гардида, 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст овард. Медалҳои тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо (-81 кг) ва Давлат Болтаев дар бокс (-92 кг) ба даст оварданд. Ягона медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар ҷудо (+100 кг) сазовор гашт. Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷудо (-73 кг), Миҷгона Самадова дар бокс (-57 кг), Хайрандеш Муродзода (-66 кг) ва Ҳақназар Назаров (-90 кг) дар кураш медали биринҷӣ гирифтанд.
Барандагони медали тилло бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, барандагони медали нуқра ва биринҷӣ мутаносибан бо 100 ҳазор ва 50 ҳазор сомонӣ қадр шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолибону ҷоизадорон хонаҳои сеҳуҷрагӣ, дуҳуҷрагӣ ва якҳуҷрагӣ тақдим гардид.
 
ФУТБОЛ
Тими миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат карда, то даври чорякфинал баромад. Мусобиқа аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар доир гашт. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки 22-юми январ дар шаҳри Доҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз бозии даври сеюми марҳалаи гурӯҳӣ бо футболбозони дастаи мунтахаби кишвар мулоқот карда, онҳоро ба ватандӯстию ифтихори ватандорӣ ҳидоят намуданд.
Дар бозии даври ҳаштякфинал бошад, президенти Федератсияи футболи кишвар Рустами Эмомалӣ ширкат карда, дар вохӯрӣ бо бозигарон ба онҳо барои ҳунарнамоии шоёнашон изҳори сипос намуд.
Аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарин тимҳои Осиё шомил гардид. Барои чунин дастоварди таърихӣ президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба тими миллии футболи кишвар 450 000 доллари ИМА, корхонаи муштараки заршӯйии «Зарафшон» 2 миллион сомонӣ тақдим карданд. Инчунин, аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё ба ФФТ 200 ҳазор доллар ҷудо шуд.
Навиди дигари руҳиябахш ин буд, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалиро дар бораи эълон кардани 7-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол пуштибонӣ кард. Ба ин муносибат дар кишвар чорабиниҳои гуногун доир гаштанд.
 
ФУТЗАЛ
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, бори аввал дар таърихи варзиши кишвар ба Чемпионати ҷаҳон-2024 роҳхат гирифт.
Мусобиқаи интихобӣ Ҷоми Осиё маҳсуб меёфт, ки 17-24-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гашт. Футболбозони толории мо дар ин мусобиқа то даври нимфинал расиданд. 
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастоварди тими миллии футзал дар Ҷоми Осиё-2024 баҳои баланд дода, ба даста 100 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ ҷудо кард.
 
ҶУДО
3-5-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи Гранд слам оид ба ҷудо дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар он 390 варзишгар (204 мард, 186 зан) аз 65 давлат ширкат доштанд. Дар мусобиқа паҳлавонони кишвар 7 медал – 1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ гирифтанд. Дар вазни -60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҷойи аввал, Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ҷойи дуюм, Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ҷойи сеюмро гирифтанд.
Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо, ки 19-24-уми майи соли 2024 дар Абу-Забии АМА доир гашт, сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар таърихи ҷудои кишвар ин дуюм медал аз чемпионати ҷаҳон маҳсуб меёбад. Медали якумро устураи ҷудои тоҷик Расул Боқиев соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст оварда буд.
 
ГӮШТИНГИРӢ
30-31-уми август шаҳри Душанбе мизбони аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуд, ки дар он 200 варзишгар аз 63 давлат ширкат дошт. Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавӣ ба Чемпионат шукӯҳи дигар бахшид.
Дар Конгресси байналмилалӣ, ки дар доираи Чемпионат бо иштироки намояндагони 62 давлат доир гашт, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб шуданд.
Паҳлавонони кишвар дар аввалин Чемпионати ҷаҳонии гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ 11 медал (5 тилло, 1 нуқра, 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Миёни мардон аз 6 вазн дар панҷтоаш паҳлавонони тоҷик пирӯз гаштанд: дар вазни -65 кг Муллораҷаб Халифаев, дар вазни -71 кг Масъуди Аҳмадзод, дар вазни -86 кг Ҳақназар Назаров, дар вазни -75 кг Кароматулло Ҳакимов ва дар вазни +95 кг Шакармамад Мирмамадов. Медали нуқраро Шоҳида Қаландарова дар вазни -70 кг миёни бонувон сазовор шуд. Шаҳбоз Саидаброров (-65 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-71 кг), Қоим Шукронов (-78 кг), Улуғбек Раҳимов (-95 кг) миёни мардҳо, Мадина Қурбонзода (-52 кг) миёни бонувон ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив