ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 

Тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 

17 сентябр 2024, Сешанбе
12
0
Дар ҳошияи Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Хеваи Ӯзбекистон баргузор гардид, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбоева мулоқот намуд.
Тавре ба мо аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, зимни мулоқот таъкид гардид, ки натиҷаҳои дар минтақа бадастомада, бешубҳа, саъю кӯшиши сарварони давлатҳо барои таҳкими ҳамкорӣ мебошанд. Инчунин, дар мулоқот масъалаи истифодаи самараноки назорати парлумонӣ дар татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда  ва зарурати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
 
 
Роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об 
Дар ҳошияи Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), дар шаҳри Прага чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об барои рушди устувор дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор шуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои иштирокдори  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок карданд.
 
 
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг 
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши олимону донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода бо директори департаменти муколама ва гуногунии фарҳангӣ, роҳбари дафтари сафирони Созмони ҷаҳонии исломӣ Халид Фаталраҳмон Омер мулоқот дошт. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба имконияти таҳким бахшидан ба равобити дуҷониба ибрози назар карданд.
 
 
Нишасти илмиву адабӣ бахшида ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи фарҳангии «Хирадсарои Фирдавсӣ» дар шаҳри Машҳад бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти илмиву адабӣ баргузор гардид.
Сафорати Тоҷикистон дар  Эрон хабар додааст, ки дар нишаст намояндагони илм, адаб ва фарҳанги Машҳад ва вилояти Хуросони Разавӣ иштирок намуданд. Донишмандони маъруфи эронӣ Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Амир Илҳомӣ, Алиашрафи Шабистарӣ, Ризо Ашрафзода ва дигарон бо таъкид ба дастовардҳои азими Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият рушди ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Эронро  заминасози равобити дӯстиву шарикии ду давлати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг номиданд.
 
 
Ҳамоиш дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик 
Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе таҳти унвони «Нақши зан – корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. 
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки занони мақомоти корҳои дохилӣ, дар баробари мардон, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихор зоҳир менамоянд.
Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив