ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНДРЕЙ ВОЛОС:  “ИШҚИ МАН БА ТОҶИКОН ВА ТОҶИКИСТОН БЕҲУДУД АСТ!”

АНДРЕЙ ВОЛОС:  “ИШҚИ МАН БА ТОҶИКОН ВА ТОҶИКИСТОН БЕҲУДУД АСТ!”

18 сентябр 2024, Чоршанбе
12
0
Андрей Волос, шоир ва нависандаи номвари рус, ки дар Душанбе ба дунё омадааст, баъди рафтан ба Москва ҳам, ишқу муҳаббат ва робитааш идома дорад ва садоқати адибро китобу асарҳои арзишманди вай – “Бозгашт ба Панҷрӯд”, “Хуррамобод”, “Бозиҳои тоҷикӣ” (“Таджикские игры”) муҳри тасдиқ мезананд. Дар як мақолааш дар матбуоти русӣ чунин ибрози назар кард: “Беҳуда тарки Тоҷикистон кардам, зеро Тоҷикистон аз паси ман ба Россия омад. Ишқи ман ба тоҷикон ва Тоҷикистон беҳудуд аст”.
 
РАВЗАНАИ ШИНОСОӢ
Падару модари Волос Андрей Германович дар Душанбе чун геологҳо кору зиндагӣ доштанд. Падараш Волос Герман Степанович дар Душанбе зиста, ҳамин ҷо низ хок мешавад. Модараш Воропаева Иветта Ивановна Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм карда, солҳо дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт. Маҳз дар ин хонавода 4-уми августи соли 1955 Андрей таваллуд шуд. Мактабро дар Душанбе хатм кард ва аз кӯдакӣ дар равонаш ҳолу ҳавои расму оини тоҷикӣ нишеман гирифт. Ӯ, нахуст, пайи пешаи волидонаш рафта, Донишкадаи саноати нафту кимиёи Москва ба номи Губкин (ҳоло Донишгоҳи давлатии нафт ва гази Россия)-ро соли 1977 бо ихтисоси геофизик ба поён расонд. Таҳсилро дар Институти адабиёти ҷаҳон ба номи А. М. Горкий идома дода, гомҳои нахустинашро ба остонаи адабиёт чун шоир мегузорад.
Соли 1979 аввалин шеърҳои Андрей Волос дар моҳномаи русии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – “Помир” интишор ёфтанд. Дар ин моҳнома муддате фаъолият ҳам доштааст ва аз дӯстони наздики шоир Зиё Абдуллост. 
Аввалин китобаш «Старое шоссе» (1989) маҷмуаи шеър буд. Аммо миёнаи соҳои 80-уми асри ХХ ба наср майлу рағбат пайдо карда, нахустин чакидаҳои хомааш дар маҷаллаҳои “Дружба народов”, “Знамя” ва “Новый мир» чоп шуданд. Қадами ҷиддиву устувори ӯ дар наср иншои романи “Хуррамобод” мебошад, ки номи рамзии Душанбе аст. Номбурда узви Иттифоқи нависандагони Россия аст.
 
ЧЕҲРАИ УСТОД РӮДАКӢ ДАР 
НАСРИ МУОСИРИ РУС
Романи нахустини адиб “Хуррамобод”, ки соли 2000-ум ба чоп расид, ба муаллифаш Ҷоизаи давлатии Россия, инчунин, ҷоизаҳои муштараки русию итолиёии “Москва-Пене”, “Анти Букер” ва эътирофномаҳои ҷаридаҳои “Знамя” ва “Новый мир»-ро армуғон овард.
Баъди нашри ин роман, ному осори Андрей Волос ба забони аҳли адаб ва нақд афтод. Мунаққидони осори ӯ ба ин назаранд, ки мавсуф дар моварои насри классикӣ ва муосири рус васати тиллоиро ёфтааст ва сужетҳои тезутунди замонҳои гузаштаро бо имрӯз бо маҳорат пайванди руҳӣ бахшидааст.
То ба имрӯз чунин китобҳои адиб: “Команда 22/19” (1989), «Хуррамобод», 2000), «Недвижимость» («Амволи ғайриманқул», 2001), «Московская мекка» («Маккаи маскавӣ», 2003), “Таджикские игры” (“Бозиҳои тоҷикӣ”, 2005), «Аниматор» (2005), “Алфавит. Книга соответствий” (“Алифбо. Китоби таносуб”, 2007), «Победитель» («Ғолиб», 2008) ва «Возвращение в Панджруд» («Бозгашт ба Панҷрӯд», 2013, 2014) манзури хонандагон гаштааст.
Бавижа, романи бадеии «Бозгашт ба Панҷрӯд», ки ҷоизаи “Букери русӣ”-ро гирифта, зиндагиномаи Одамушшуаро устод Рӯдакист, дар муаррифии фарҳанги ниёгони мо дар ҷаҳони Аврупо нақш дорад, зеро он пештар бо забонҳои арманӣ, булғорӣ, юнонӣ тарҷума ва чоп шуд.
Ба хонандаи тоҷик ҷойи хушнудист, ки симои падари шеъри порсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакиро адиби рус Андрей Волос содиқ ба рисолати аслии хеш ба тасвири бадеӣ мекашад. Ӯ холигоҳи зиндагинома ва дунёи ботиниву зоҳирии Рӯдакиро бо тахайюл пур мекунад. Дар осори бадеӣ ҳамин таносуби миёни воқеият ва тахайюл аз унсурҳои хеле муҳим аст.
Офаридаи ӯ на танҳо симои устод Рӯдакӣ, балки шукӯҳи миллии давлатдориву фарҳансолории моро дар замони сулолаи Сомониён, асосан, дуруст инъикос менамояд.
Муаллиф дар бораи чи гуна ба эҷоди чунин роман даст задани худ навиштааст: “Ман ҳамеша ба таърихи адабиёти тоҷик шавқу рағбат доштам ва аввалин шоире, ки бо ӯ бархӯрдам, Рӯдакист. Маро сарнавишт ва таърихи рӯзгори ӯ ба ҳайрат меовард. Сарнавишти ӯ дар руҳи ман ба муддати зиёд зист, то ки ин роман бад-ин мазмуну мундариҷа рӯи кор омад”.
Романи «Бозгашт ба Панҷрӯд» аз назари сужет бештар вижагии адабиёти ривоятии шарқиро дорад ва шеваи нигоришаш низ ҳикоят андар ҳикоят аст. 
Р. Қодир, тарҷумон ва рӯзноманигор, баъди он ки ба романи мазкур дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” тақриз навишт, Андрей Волос асарро бори дигар бознигарӣ кард ва камбуду хатоҳои рафтаро ислоҳ намуда, соли 2014 аз нав ба чоп дод.
Ёдовар бояд шавем, ки Р. Қодир, “Бозгашт ба Панҷрӯд”-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, соли 2020-ум дар шаҳри Душанбе нашр намуд. 
 
МУҲАББАТ БА ТОҶИКОН
Солҳои 80-уми асри ХХ Волос ба ҳайси тарҷумон ба маҷаллаи “Помир ” даъват мешавад. Баъди номуваффақ шудан дар кори тарҷума ба омӯзиши забони тоҷикӣ пардохта, дар кӯтоҳтарин фурсат рӯзнома ва китобҳоро ба тоҷикӣ мехонд. Аз адибони муосир ба осори Баҳманёр арҷ гузошта, ӯро чун нависандаи навовар сутудааст.
Эҳтирому ихлоси Андрей Волос ба миллати мо, чи тавре ки дар боло ёд кардем, бисёр амиқ ва решадор аст. Асолати муҳаббати ӯро на танҳо аз он бояд ҷуст, ки ӯ зодаи ин сарзамин аст, балки шукӯҳи адабиёти бемисли мо ҳам сабаби дилбастагии пайвастаи ӯст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив