ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » БА ИМЗО РАСИДАНИ  ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

БА ИМЗО РАСИДАНИ  ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

14 ноябр 2024, Панҷшанбе
330
0


13-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиву як қонун имзо гузоштанд. 
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба қонунҳо «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи табиат, қонунияту тартибот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

Санаи нашр: 14.11.2024 №: 227
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив