ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «РОҒУН» – РАМЗИ САРБАЛАНДИЮ ШУКӮҲМАНДӢ

«РОҒУН» – РАМЗИ САРБАЛАНДИЮ ШУКӮҲМАНДӢ

21 ноябр 2024, Панҷшанбе
10
0


Хуршед мебарояд аз шонаҳои Роғун,

Дилро кунад мунаввар нуру сафои 
Роғун.

8 сол қабл, 29-уми октябри соли 2016, аз саросари кишвар намояндагони аҳли илму адабу фарҳанги мамлакат, роҳбарони ҳизбию давлатӣ, вакилони парлумони кишвар, консулгарӣ ва корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта ба шаҳри нурбахши Роғун сафар карда, шоҳиди бастани маҷрои дарёи Вахш бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  гардиданд. Дар он рӯзи таърихию барои миллат хотирмон, аз ноҳияи Шаҳритус муаллифи ин сатрҳо ширкат дошт.

Дар он рӯзи таърихӣ ва барои миллату давлат сарнавиштсоз, яъне  29-уми октябри соли 2016, Пешвои миллат дар назди иштирокдорони ҳамоиш баромад карда, ба намояндагони 15-ҳазорнафараи коргарону сохтмончиён ва роҳбарону ҳайати муҳандисию техникии «Роғун» рӯ оварда гуфта буданд: «Шумо дар хотир дошта бошед, ки саҳматон дар сохтмони ин иншооти барои имрӯзу фардои Ватан ҳаётан муҳим аз ҷониби наслҳои оянда чун тимсоли фидокорӣ ба хотири рушди Ватану миллат эътироф ва қадрдонӣ хоҳад шуд».
Инак, баъди расо 8 сол, 29-уми октябри соли ҷорӣ бо иқдоми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳайати Корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон  иборат аз 35 намояндаи ВАО-и кишвар, ба НБО «Роғун» сафар намуд.  
Баъди қабули самимонаву боэҳтиром аз ҷониби роҳбарияту масъулони  НБО «Роғун», журналистон бо фаъолияти коргарон ва ҳайати муҳандисию техникӣ шинос шуда, аз минтақаҳои зериобшавандаи он дидан карданд.
Зимни суҳбат бо директор оид ба масъалаҳои  истеҳсолии ҶСК «НБО Роғун» Анвар Раҳмонов, маълум гардид, ки айни замон  дар Неругоҳ 16700 нафар сохтмончиёну масъулони муҳандисию техникӣ  дар ду баст фаъолият дошта, ба корҳои сохтмонию техникии НБО «Роғун» 37 ширкати маҳалливу пудратӣ сафарбар шудаанд. 98 фоизи  коргарону сохтмончиёнро сокинони гуногункасби маҳаллӣ ташкил медиҳанд, ки бештаринашон ҷавононанд. 
Акбар Мирзоевич  иброз дошт, ки давоми 8 сол пешдарғот, сарбанди асосиро  ба баландиҳои муайян расонда, имрӯз дар марҳалаи омодагии сарбанд дар сатҳи 1210 метр баландӣ қарор доранд. Соли 2018 чархаи якум ва соли 2019 чархаи дуюми Неругоҳ фаъол гардида, то имрӯз 7,5 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.
Давоми солҳои 2008-2024 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳои сохтмону васлсозии дастгоҳҳои Неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст. Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон мавриди истифода қарор доранд, 3843 ададро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, давоми солҳои 2023-2024 ба  майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид шудаанд.
Сарбанди НБО «Роғун» бо баландии  335 метр, баландтарин  дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) фаъолият хоҳад кард, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» хеле зиёд мебошад.
Мо шоҳиди он будем, ки дар дохили Неругоҳи азими аср, дар корҳои зеризаминии 180 метр масофадошта сохтмончиёни диловар бо ҳисси баланди ватандӯстона кору пайкор карда, барои ба истифода додани манбаи басо бузурги нуру рӯшноии кишвару минтақа неруи худро дареғ намедоштанд. Ғафурҷон Холов ном коргарҷавон, зимни суҳбат иброз дошт, ки 8 моҳ инҷониб дар ҶСК «НБО Роғун» фаъолият дорад. Сохтмончиён дар 180 метр зери замин бо корҳои пармакунӣ машғуланд.  Ӯ аз шароити кор ва таъмини саривақтии музди маош изҳори қаноат намуд.
Озмоишгоҳи марказии сохтмонии НБО «Роғун», ки Корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон аз он дидан намуд, яке аз озмоишгоҳҳои санҷиши масолеҳи сохтмонии сатҳи баланд дар Осиёи Марказӣ дониста шуда,  ба гуфтаи сардори шуъбаи кимиёвии он Аҳмад Аҳроров,  ҳама гуна  масолеҳи зарурии сохтмонӣ дар ин ҷо пас аз санҷиши дақиқ иҷозат ва  мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар фарҷоми сафар,   мушовири директори генералии ҶСК «НБО Роғун» оид ба иттилоот  Саидқул Қурбонов,  ба ҳар журналист  китоб-мусаввараи «Роғун – воқеа ва одамон»-ро, ки соли 2022 ба ифтихори сиюмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба нашр расидааст, тақдим кард.
Азиз БАҲРОМЗОДА,  узви ИЖТ, Шаҳритус – Душанбе – Роғун – Шаҳритус

Санаи нашр: 21.11.2024 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив