ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУШДОР! ДАР МУОМИЛА БО ПУЛИ НАҚД ЭҲТИЁТ НАМОЕД

ҲУШДОР! ДАР МУОМИЛА БО ПУЛИ НАҚД ЭҲТИЁТ НАМОЕД

21 ноябр 2024, Панҷшанбе
27
0

 
Таъмини устувории низоми бонкии давлат ва тақвияти эътимоди мардум ба пули миллӣ яке аз вазифаҳои бонкҳои марказӣ маҳсуб меёбад. Аммо бо вуҷуди талошу кӯшишҳои пайваста, ки баҳри таъмини суботи молиявӣ анҷом дода мешаванд, яке аз масъалаҳои доғи низоми молиявӣ барориш ва гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот мебошанд.

Имрӯзҳо баъзе ашхос ё гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд. 
Аз ҷумла, вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет наворҳои гуногун оид ба дар муомилоти пулӣ истифода шудани коғазҳои дорои навиштаҷоти “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ” ва монанд ба банкнотаҳои миллии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳудуди кишвар ба назар расида, мавриди таваҷҷуҳ ва вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтаанд. 
Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки ин гуна чиптаҳо аз рӯи хусусиятҳои визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд.
Барои пешгирии ҳолати мазкур муҳим аст, то шаҳрвандон бидонанд, ки зимни доду гирифт бо пули нақд бояд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ - сомонӣ диққат дода шавад. Бонки миллии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки сатҳу сифати пули миллии кишварро аз ҳама гуна хатарҳои қалбакӣ муҳофизат намояд. Ба ин мақсад, пулҳои коғазӣ бо истифода аз равандҳои муосир ва маводи химиявии полимерӣ омода карда мешаванд. Ба ин пулҳо унсурҳои махсуси лазерӣ, рангҳои тағйирёбанда ва ҳифзкунанда дохил мешаванд, ки шинохти онҳо хеле осон аст.
Хотиррасон мекунем, ки тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ё асъори хориҷӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад. 
Мубориза бо пулҳои қалбакӣ ва пешгирӣ аз истифодаи онҳо на танҳо вазифаи Бонки миллии Тоҷикистон, балки масъулияти ҳамаи шаҳрвандон низ мебошад. Бинобар ин, аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми муомилот бо пули нақд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба нишонаҳои муҳофизатии пулҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. 
Дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок ба наздиктарин сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кормандони мақомоти мазкур фавран хабар диҳед.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.11.2024 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив