Ҳамдам Давлатмамадов: “БО ЧУНИН РОҲБАРИ ХИРАДМАНД ИФТИХОР ДОРЕМ”

09 декабр 2024, Душанбе
100

“Тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем”.

 Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Вилоя­ти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи вилоят таъкид намуданд. Сарвари мамлакат дар ин сафар, дар баробари дигар иншооти навбунёд, аз гармхонаи ҶДММ «Саб­завоти кӯҳистон»-и Ҳамдам Давлатмамадов дидан ба амал оварданд. Лозим ба таъкид аст, ки корхонаи мазкур бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъ­сиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ ба истифода дода шудааст.

Ба гуфтаи Ҳамдам Давлатмамадов, сардо­ри ҶДММ «Сабзавоти кӯҳистон», гармхона дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 10 на­фар бо кори доимӣ ва 24 нафар бо кори мавсимӣ таъмин аст. Он бо харҷи 2 миллион сомонӣ сох­та шуда, дар як сол 150-200 тонна маҳсулотро ба савдо мебарорад. Дар гармхона помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон, гулка­рам ва тарбуз парвариш мешавад.  

Бояд гуфт, соли ҳаштум аст, ки Ҳамдам Дав­латмамадов ба ташкили гармхонаҳо машғул буда, дар ин самт натиҷаҳои хуб дорад. Ӯ, аллакай, 6 гармхонаи муосирро бо беҳтарин шароитҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, маҳсулоташ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хари­дори зиёд дорад.

– Ҳадафи асосии лоиҳаи гармхонасозии ман таъмин намудани аҳолии минтақаи кӯҳистон бо сабзавоти тару тоза мебошад. Азбаски дар шароити кӯҳистон иқлим хунук аст, ҳангоми нашъунамо сабзавот аз сардии ҳаво талаф меёбад, бинобар ин, ба шаҳру деҳоти вилоят сабзавот аз дигар минтақаҳо оварда мешавад, ки он то расидан ба бозорҳои вилоят сифати худро гум мекунад. Аз ин рӯ, ба хулосае омадам, ки роҳҳои беҳтару самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигиро пайдо намоям, коре кунам, ки сабзавоти рӯёндаамро беталаф ба мавсими ҷамъоварии ҳосил расонам. Бинобар ин, қарор додам, ки ба ташкили гармхона даст занам. Фикр кардам, ки агар ҳадди ақал аз оғози фаъолият оилаамонро таъмин намоям, аллакай, дар амнияти озуқавории минтақаи худ саҳм гузоштаам, – арз дошт Ҳамдам Давлатмамадов.

Соли 2016 Ҳамдам Давлатмамадов бо даст­гирии Созмони байналмилалии муҳоҷират ав­валин гармхонаро дар масоҳати 500 метри му­раббаъ бунёд намуд. Баъди як соли фаъолият бо дастгирии сармоягузори ҳиндӣ гармхонаи дуюмро ташкил карда, соли 2019 бо дастгирии Иттиҳодияи ҷамъиятии «Рундара» созишнома барои бунёди гармхонаи сеюм дар масоҳати 650 метри мураббаъро ба имзо расонд.

– Шавқу завқам ба ин кор ҳамон вақт беш­тар гардид, ки нахустин бор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташриф ба Бадахшон аз гармхонаи ман дидан ба амал оварданд, – гуфт Ҳамдам Давлатмамадов.

Ин мулоқоти таърихӣ буд. Ҷаноби Олӣ ба­робари боздид аз гармхона бо аҳли оилаамон сари як миз нишаста, суҳбати самимӣ оро­станд. Пешвои муаззами миллат ба фаъолия­ти мо баҳои баланд дода, ҳидоят намуданд, ки таҷрибаамро дар дигар ноҳияҳои вилоят низ паҳн созам, ба замин муносибати дилсӯзона карда, аз ҳар порчаи он оқилона истифода на­моям ва масоҳати гармхонаро ба ду гектар расо­нам. Насиҳатҳои ғамхоронаи Пешвои миллат ба ман руҳу илҳоми тоза бахшиданд. Бо мақсади бунёди гармхона дар масоҳати яку ним гектар ва муҷаҳҳазгардонии он бо таҷҳизоти зарурӣ, аз Фонди «Иҷтимоии соҳибкорӣ ва рушд»-и киш­вар зиёда аз 2 миллион сомонӣ қарз гирифтам. Таҷҳизотро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас намуда, обдиҳию ғизодиҳии маҳсулоти поли­зиро дар 6 гармхона ба тариқи қатрагӣ ба роҳ мондам. Дар баробари ин, гармхонаи дигареро дар масоҳати 0,5 га бунёд кардам. Акнун мо на танҳо бозори ноҳияву вилоятро бо сабзавоти тару тоза таъмин месозем, балки берун аз он низ содирот менамоем.

Соли гузашта бори дигарСарвари давлат ба тариқи видеоӣ бо фаъолияти гармхонаамон шинос гардиданд ва дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони вилоят дар шаҳри Хоруғ ғайричашмдошт маро назди худ даъват карда, аз фаъолияти гармхонаамон сухан ронданд ва онро барои дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намунаи ибрат хонданд.

Ҳангоми сафари имсолаашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз фаъолия­ти гармхонаамон дидан намуда, ба заҳмату меҳнатам дар таъмини амнияти озуқаворӣ аҳсану офарин хонданд. Барои ман ин дафъа низ имкон шуд, ки Роҳбари хирадмандро аз наздик бубинам, аз насиҳатҳои судмандашон баҳравар гардида, дар оянда боз дар фаъоли­яти кориам аз онҳо кор гирам.

Ҳамаи заҳмату талошҳоямро ба инобат гирифта, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маро бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонданд. 

Мо бо чунин Роҳбари хирадманд, ки дар ҳар як қадамашон моро насиҳат мекунанду дастгирӣ менамоянд, ифтихор дорем. Чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, ки сарфи назар аз тангии вақташон, се маротиба аз иншоотҳоям боздид ба амал оварданду дастурҳои суд­манд доданд, моро водор месозанд, ки боз ҳам беҳтар кор кунем. Дар ин росто, ният дорам, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корхо­наи коркарди меваю сабзавотро бунёд созам ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми бештари худро гузорам, – гуфт Ҳамдам Давлат­мамадов.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241